МУАРРИФИ ЧЕҲРАИ МИЛЛАТ

Омӯзгор ба маънии том афрӯзандаи машъали илму дониш ва хираду тавоноӣ аст. Омӯзгорӣ пешаи пурзаҳмат аст. Хонондану дурусту бехато навиштан, ба роҳи рост ҳидоят намудан, неку бадро дар заминаи ақлу хирад хулоса ва арзёбӣ кардан, илмҳои замонаро аз худ кардану аз таъриху тамаддун ва навҷӯиву навовариҳои замони муосир ҳар як таълимгирандаро ошно намудан вазифаи асосӣ ва пешаи пурифтихори омӯзгор аст.
Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз соли 2013 боби алоҳида (Боби 5. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия. Мақоми омӯзгор) тағйирот ворид шуда, низоми ягонаи талабот ва меъёрҳои одоби касбии омӯзгорон ба танзим дароварда шуд.
Мақсади асосии татбиқи меъёрҳои мақоми омӯзгор, баланд бардоштани фарҳангу маърифати кормандони соҳаи маориф, обрӯю эътибори омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таълимӣ мебошад. Ин иқдом омӯзгорро уҳдадор менамояд, ки вазифаи худро бо меҳру муҳаббат ва масъулияти баланд иҷро карда, дар фаъолияти касбии худ принсипҳои ахлоқу одоби умумиинсонӣ ва касбиро риоя намояд ва нисбат ба иҷрои уҳдадориҳои хеш содиқ бошад.
Дар ин давра борҳо ба андозаи муайян зиёд шудани маоши вазифавии омӯзгорон, махсусан, дар давоми ду соли охир пайи ҳам ба андозаи 20% зиёд шудани маоши омӯзгорон, таваҷҷуҳи хоса ба ҳавасмандӣ ва муҳайё сохтани шароити мусоиди корӣ далели боэътимоди ғамхории рӯзафзуни Ҳукумати ҷумҳурӣ ба омӯзгорон аст. Бо мақсади ҷалби бештари ҷавонон ба раванди таълиму тарбия ва дастгириву ҳавасмандии онҳо бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2006, №197 «Дар бораи муқаррар намудани имтиёзҳо ба омӯзгорони ҷавон» ва аз 2 июли соли 2015, №433 «Дар бораи андоза ва тартиби пардохти иловапулӣ ба омӯзгорони ҷавон, ки дар деҳот фаъолият менамоянд» як қатор имтиёзҳо амалӣ карда шуд.
Омӯзгорони ҷавон мувофиқи қарори мазкури Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 1 июли соли 2007 метавонанд барои бунёди хонаи истиқоматӣ бенавбат бо қитъаи замин таъмин мегарданд. Дар ноҳияҳои кӯҳистон вобаста ба имконияти ноҳияҳо барои боғдорӣ ва полезӣ соҳиби қитъаи замин мешаванд. Илова ба ин, аз 1 сентябри соли 2015 ба маоши вазифавии омӯзгорони ҷавон, ки дар деҳот фаъолият менамоянд, ба 1 воҳиди сарборӣ дар давоми 3 соли аввали корӣ ба андозаи 10% иловапулӣ муқаррар шудааст.
Имтиёзҳои омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф, ки дар моддаи 53-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» пешбинӣ шудааст, зина ба зина амалӣ шуда истодаанд. Ин имтиёзҳо муҳлати даъвати омӯзгорон ба хизмати ҳарбиро ба таъхир гузошта, ба рухсатии эҷодӣ бо нигоҳ доштани музди меҳнат баромаданро кафолат медиҳанд. Барои дастовардҳо дар фаъолияти омӯзгорӣ ва тарбияи насли наврас омӯзгорон бо мукофотҳои соҳавӣ, давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ, ҳамчунин, барои меҳнати шоиста ва дастовардҳои педагогию илмӣ ба ҳавасмандии моддӣ ва маънавӣ сарфароз гардонда шуда, бо роҳхатҳои ройгону имтиёзноки муассисаҳои табобатию истироҳатӣ таъмин карда мешаванд.
Имтиёзҳои дигари пешбинишудаи ҳамин модда – аз қабили ҳангоми беморӣ бо доруворӣ ва бо табобати ройгон таъмин намудан, аз хизматрасониҳои коммуналӣ ройгон ва ё имтиёзнок истифода бурдан низ мавриди тадбирандешӣ қарор доранд. Омӯзгорон бо нақшаву барномаҳои таълимии ҷавобгӯи стандартҳои давлатӣ, китобҳои дарсӣ, муосиртарин воситаҳои таълимӣ ва шабакаҳои замонавии иҷтимоӣ дастрасӣ дошта, дар раванди таълим аз он самаранок истифода мебаранд. Ин омил мусоидат ва далолат бар он менамояд, ки сатҳу сифати таҳсилот баланд бардошта шуда, таълимгирандагон ба маҳфилҳову марказҳои таълимӣ ба навовариву ихтироъкорӣ ва технологияҳои муосир, омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, забономӯзӣ, таъриху фарҳанг ва ҳуқуқ бештар ҳидоят карда шаванд. Ҳамзамон, насли имрӯзи ояндаи миллатро дар руҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия ва ба камол расонанд.
Ҳавасмандии моддиву маънавӣ омили дарку эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ, интихоб ва татбиқи шаклу усулҳои самарабахш ва беҳдошти сифати таълим ба шумор меравад. Беҳтар гардондани имкониятҳои моддии аҳли маориф, ғамхорӣ дар ҳаққи устодону омӯзгорон, баланд бардоштани мақому мартаба ва қадршиносии омӯзгорон, пеш аз ҳама, ба таваҷҷуҳу ғамхории ҷомеа ва дастгирии ҳар фарди соҳибмаърифат вобастагӣ дорад.
Дарвоқеъ, омӯзгор муаррифгари чеҳраи миллат аст, миллате, ки таъриху тамаддуни куҳан, адабиёту фарҳанги ғанӣ, осори бою гаронбаҳо ва чеҳраҳои мондагори таърихӣ дошта, насли наврасу ҷавонаш дар руҳияи арзишҳои миллӣ ва ифтихори ватандорӣ ба камол мерасанд.
Муаззама ФАЙЗУЛЛОЕВА,
омӯзгори МТМУ №29,
шаҳри Душанбе