«ДАВРАИ ТИЛЛОӢ» ВА УСТОДОНИ ФОЗИЛ

Соли нахустини таҳсил 1981 дар факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (он вақт УДТ ба номи В.И.Ленин) шахсиятҳои маъруфу шинохтае, ки ному насабашонро аз китобҳо хондаву аз забонҳо шунида будем, ба дарсхона ворид гардида, моро дар ҳайрат гузоштанд. Бори аввал устоди чанд насли донишҷӯён, олиму донишманди номвар, адабиётшиноси пуркор Шарифҷон Ҳусейнзодаро аз наздик медидем. Устод Шарифҷон Ҳусейнзода аз курси «Назмшиносӣ» ба мо дарс медоданд. Овози нарму гуворои муаллим ба гӯши мо чун мусиқии форам мерасид. Бори нахуст буд, ки аз забони ин пири хирад, ки мӯйҳои сараш сап-сафед шуда буд, дар бораи хусусият, қавонину қавоид ва сохти шеър, аз қабили вазну қофия, радиф ва дигар ҷузъиёти фаровони он, рисолати шеъру моҳияти шоирӣ маълумоти тоза ва бароямон ғайримунтазираро мешунидем.
Он кас перомуни ашъори шоирони классикии адабиёти форсу тоҷик сухан ронда, ҷавҳару муҳтаво ва ҳунару маҳорати суханварии эшонро таҳлил ва бозгӯйӣ намуда, моро мутмаин месохтанд, ки шеъри он абармардони назми форсу тоҷик олию дар сатҳи эъҷоз буда, худи онон нобиғаанд. Ва дар зимн, аз рӯйи таъбири «мушт — намунаи хирвор» аз ашъори он фозилони давр мисолҳо меоварданд.
Басо ҷиддию сахтгир буданд. Оне, ки вақти пурсишашон шеърро аз ёд намедонист, ё ғазалу рубоиеро бо ғалату сакта мехонд, оташи ғазабашро афрӯхтаву табъашро хира месохт, мо инро аз абрувони дарҳамкашида ва зери лаб ғур-ғур карданашон бо возеҳияти тамом пай мебурдему ҳаросе фаро мегирифтамон, ки кош, ин ҳол ба сари мо наояд. Ин вазъ, ба вижа, ҳангоме мураккабтару сангинтар мешуд, ки ба муайян кардани вазну баҳрҳои шеърӣ ва ба ҳиҷо ҷудо ва тақтеъ намудани абёти шуарои пешин мепардохтем. Ба мушоҳидаи мо, вазну баҳрҳои шеърӣ ва ба ҳиҷоҳои дарозу кӯтоҳ ҷудо намудани ину он байт моно ба ҳалли муодилаҳои риёзӣ ё реаксияҳои химиявӣ буд, ки қобилияти зиёди зеҳнӣ ва таҳаммулу бардошт металабид аз донишҷӯ. Бахши аъзами донишҷӯён ба дарунмояи ин масъала сарфаҳм намерафтанд ва ба иштибоҳ роҳ медоданд. Ана дар ин гуна мавридҳо устод Шарифҷон Ҳусейнзода бо шеваю оҳанги нозуку нарм ва суханони мамлу аз дилсӯзию самимият ғалатҳои мо-донишҷӯёнро ислоҳ мекарданд ва дар пиндорамон билкулл ба шахси дигар – боҳилму некрое мубаддал мешуданд ва мо андак-андак ба фанни назмшиносӣ ва шахсияти он кас меҳру дилбохтагӣ пайдо кардем. Шогирдонеро, ки шеъри зиёд аз бар ва бо шӯру шавқ он ашъори шоиронро қироат мекарданд, фарзандвор дӯст медоштанд. Дар ин ҳол, устод масруру шукуфтарӯй гардида, табассуми хосае чеҳраашро фаро мегирифт ва бо нидои таҳсиномез аз қаноатманд буданаш мужда медод. Назокату нафосат ва балоғату фасоҳати шеъри классиконро ботааммуқ дар ниҳоди мо ҷой карданд устод, ки руҳашон шод бод! Устоди дигари хушсухану пурдон Воҳид Асрорӣ буд барои мо. Вай аз фолклор (эҷодиёти даҳонакии халқ) дарс мегуфт. Зоҳиран ором менамуд, аммо гоҳе ки дар хусуси жанрҳои адабӣ, ки дар заминаи онҳо суруду тарона, ғазалу рубоӣ, марсияву достонҳои мардумӣ эҷод шудаанд, ҳарф мезад, якбораву нохоста илҳоме саршор ва шӯру шаафе фаро мегирифт устодро ва вай даст афшондаю дар байни мизҳо қадам зада, байтеву рубоиеро дар тақвияти гуфтаҳояш қироат мекард, ки бо муҳтавои ҷаззобаш нишоту лаззат ва кайфияти лотасвир мебахшид ба дилҳо. Ин гуна ҳангоми тафсиру тавзеҳи афсонаю латифа низ оғозу инкишофи воқеаҳоро вобаста ба сужаи ин жанрҳои наср бо далелҳои муътамад — нақли ину он афсонаву латифа бо забони содаву шево, ба гунаи мушаххасу ҳадафрас баён мекарданд. Дар ёдам мондааст, ки дар тахта моҳияти жанрии латифаро тавзеҳ доданӣ шуда, ба нақли латифае пардохтанд ва воқеаҳои мухтасару муҷазро, ки инъикос ёфта буданд, оҳиставу ором ва ботамкин дар заминаи панҷ қисмати сужа тавассути хате, ки ба боло мекашиданд, оғоз, инкишофи воқеа, гиреҳбандӣ, авҷ ва анҷоми латифаро баён карда, дар охир нуқтаи равшане мегузоштанду мегуфтанд: ана анҷом, ки бо таркиши ханда ба поён мерасад. Ва мо механдидем, завқ мебурдем. Мехостем, устод аз мо низ нақли латифаеро пурсон шаванд. Худашон низ механдиданд ва мефаҳмонданд, ки хосияти жанрии латифа ҳамин аст – бояд хонанда ё шунавандаро бихандонад. Ба таври лаҳзавию муқаррарӣ не, аз қавле аз таҳти дил — «ҷигарӣ». Мо бо ҳидоятҳои муаллим Воҳид Асрорӣ адабиёту сарчашмаҳои илмиро, ки ба таҳқиқу пажуҳиши эҷодиёти шифоҳии мардум бахшида шудаанд, аз китобхонаи Фирдавсӣ ва дигар китобхонаҳои пойтахт дарёфту мутолиа менамудем. Дар дафтари ғафси алоҳида шеъру ғазал, рубоию дубайтӣ, қитъаю тарона ва сурудҳои халқиро аз забони сокинони зодгоҳи худ сабт мекардем. Аз забони донишҷӯёни курсҳои аз мо болотар шунида будем, ки устод Воҳид Асрорӣ ҳамешаву дар ҳама ҳолат аз донишҷӯён дифоъ мекунанд ва инро бевосита худ шоҳид ҳам гардидем…
Дигар аз устодони донишгоҳии мо олим ва донишманди овозадор Соҳиб Табаров ба шумор мерафт, ки дар курсҳои аввал аз фанни «Адабиёти сермиллати советӣ» ва дар курси чорум аз «Танқиди адабӣ» машғулият мегузаронданд. Муаллим Соҳиб Табаров пурхондаву доно ва аз осори тақрибан кулли шоиру нависандагони Шуравӣ ва равияю ҷараёнҳои адабии давр иттилои фаровон доштанд. Дар хусуси осори бадеии адибони миллатҳои гуногун бо шавқу шӯр ва майлу нишоти зиёд ҳарф зада, ғояву муҳтаво ва чӣ тавр шуҳрату маъруфият пайдо кардани асарҳои алоҳидаи шоирону нависандагони маъруфи ҷаҳон бо ҳарорат суҳбат мекарданд. Як идда исми адибонро шахсан ман маротибаи нахустин мешунидам.
Устод Соҳиб Табаров дӯст медоштанд, дар байни машғулиятҳои худ дар бораи ин ё он адиб баҳс ташкил кунанд.
Боре устод дар бораи омӯзишу бардошти эҷодии шоиру нависандагони Шуравӣ аз адибони ҷаҳон сухан ронда, таъкид карданд, ки дар навиштаҳои нависандаи маъруфи қирғиз Чингиз Айтматов таъсири адибони ИМА ва хусусан, Амрикои Лотинӣ хеле бузург аст ва аз адиби колумбиягӣ Габриэл Гарсиа Маркес ёдовар шуданд, ки ин ном он айём билкул барои хонандаи тоҷик ноошно буд.
Баъдҳо, дар курсҳои дуюму сеюму чорум ва панҷум бузургони хирадгустари дигаре, монанди С. Фузайлов, С. Мух-торов, М. Қосимова, М. Норматов, Ш. Бобомуродов, Б. Сиёев, А. Каримов, М. Эшниёзов, Ш. Рустамов, А. Сатторзода, Р. Мусулмониён, И. Усмонов, Х. Асозода, Х. Муҳибов, П. Гулмурод, С. Акрамов, С. Худойдодова, В. Попова ва ғайра ба мо аз фанҳои гуногун сабақ доданд, ки аз эшон як умр миннатпазир ҳастем. Таҳти раҳбарии ин устодон мо тадриҷан ба навиштани рисолаҳои илмӣ – пажуҳишӣ шуруъ кардем. Дар курси сеюм аз фанни «Забони тоҷикӣ» кори курсиро дар мавзуи «Калимаҳои арабӣ дар китоби «Варақи санг»-и Лоиқ Шералӣ» зери раҳбарии муаллими он айём ҷавону кӯшо С.Ҳошимов навиштам. Муаллим С.Ҳошимов низ хеле ҷиддӣ муносибат карда, баъд аз чандин маротиба коркарду таҳрир ва рӯнавис намудани рисолаи мазкур онро барои дифоъ ба кафедраи «Забони тоҷикӣ» пешниҳод карданд. Ёд дорам, ки дар ҳузури забоншиносони шинохта Д.Тоҷиев, М.Қосимова, Ҳ.Маҷидов, С.Ҳалимов, М.Норматов, М.Муҳаммадиев, А.Каримов дар хусуси вожаҳои арабӣ, мавқеи истифодаи ин калимаҳо, моҳияту маъно ва хусусиятҳои грамматикии он луғот дар китоби ашъори Лоиқ Шералӣ –«Варақи санг» муфассал маълумот дода, ба баҳои хуби ин устодон сазовор гардидам. Ҳангоме ки донишҷӯёни курси моро ба бахшҳо аз фанҳои таълимӣ ҷудо карданд, мо ки ба матбуоту рӯзноманигорӣ шавқу таваҷҷуҳ ва майли беандоза доштем, ба гурӯҳи рӯзноманигорӣ (иборат аз 25 нафар) шомил гардидем. Хотирае аз устодони риштаи рӯзноманигорӣ дорам, ки бароям азизу аз лавҳи ёдҳо нозудуданист. Муаллими варзида, профессор Иброҳим Усмонов боре супориш доданд, ки дар хона порча аз очерк нависем. Дар бораи зиндагинома ва фаъолияти дилсӯзонаи омӯзгоре аз мактаби деҳа навиштам ва андешаҳои ӯро перомуни беҳтару самараноктар гардидани сатҳи таълиму тарбия мавриди таҳлил қарор додам, ки хеле омӯзанда буданд ба назарам. Дарси дигар муаллим И.Усмонов як-як аз минбар навиштаҳои мо-рӯзноманигорони ояндаро истимоъ фармуда, эроду эътироз ва ҳамзамон, маслиҳатҳои худро баён намуданд. Ҳангоме ки навбат ба ман расиду муфассалу ботаҳаммул навиштаамро хонда додам, профессори саршинос, ки бо диққати том маро гӯш мекард, гуфтанд:
– Ин навишта порча аз очерк не, худ очерки мукаммал ва ҷавобгӯ ба хусусиятҳои жанрии очерк мебошад. Метавонӣ онро дар ин ё он газетае чоп кунӣ!
Ҳамин хел, кӯтоҳ, муҷаз ва мушаххас баҳо гузоштанд ба навиштаи ман, ки инро ҳеҷ тасаввур кардаву ба гӯшаи хаёл ҳам намеовардам. Бас руҳбаланд шудам ва дар иншои мақолаю лавҳа, хабару гузориш, ҳатто фелетону очерк азмам устувор ва иродаам росих гардид. Машғулиятҳои олим ва донишманди тавоно, доктори илмҳои филологӣ, устод Абдунабӣ Сатторзода аз «Адабиёти классикии форсу тоҷик» ниҳоят шавқангез ва муассир буданд, зеро муаллим дарсҳояшро ба таври якрангу қолабӣ бо истифода аз дафтари лексия не, балки озодона ва ба таври мубоҳисавӣ мегузаронданд. Одаташон ин буд, ки агар, таври мисол дар мавзуи эҷодиёти Саъдии Шерозӣ машғулият гузаронанд, илло асарҳои ин шоири ғазалсаро ва хусусан, «Гулистон», «Бӯстон» дигар чизе бо худ намеоварданд ба дарс ва бо каломи ҷозибаноку пурҳарорат атрофи эҷодиёти ин абармарди адабиёти тоҷику форс суҳбат мекарданд. Дӯст медоштанд, ки мо доир ба паҳлӯҳои норавшани осори шоирони гузашта савол диҳему маълумоти зиёдтар ба даст орем. Аз фанни «Адабиёти Шарқ» низ дарсамон дода, муҳаббати осори қаламкашони Ҳинду Эрон, Афғонистону Покистон ва ғайраро дар замири мо бедор карда буданд, ки сипосгузорем умре аз устод.
Ва ниҳоят, чанд ҳарфе дар боби хатми факулта ва таълифу ҳимояи рисолаи дипломӣ бигӯем, ки низ хотираи ширину нодирест бароям. Рисолаи дипломиямро дар мавзуи «Публитсистикаи Мирсаид Миршакар» таҳти раҳбарии устод Воҳид Асрорӣ иншо намудам. Бояд иқрор кунам, ки ҳангоми навиштани рисолаи мазкур басо ранҷ кашидаму шабҳоро бо мутолиа ва сиёҳ кардани авроқи сафед ба рӯз расондам. Ва аксар ҳангом дар банди шакку тардид ва шубаҳаю нобоварӣ монда, аз талабу сахтгириҳои устод В.Асрорӣ ба сутуҳ омада, пеши худ мегуфтам, ки аз уҳдаи навиштану ҳимояи рисолаи дипломӣ намебароям. Гоҳҳо, баъди чорум ё панҷум дафъа таҳриру бознигарӣ ва ворид намудани иловаҳо, устод боз ҳам ба шӯр омада, даст меафшонданд:
– Аз нав кор кун, то пухтаву мукаммал ва ҳадафрас барояд рисола. Дар ин аҳвол хом аст кор, хом! Аммо ин ҳама талабҳои сангини устод оқибат самари нек ба бор овард. Рисолаи дипломии худро бо сари баланд ҳимоя ва сазовори баҳои «аъло» гардидам. Ҳангоме ки аз дарсхона бо ваҷду шавқи беинтиҳо баромадам, ҳамкурсонам маро бо чеҳраҳои ғарқи табассум ва дастагулҳои рангоранг истиқбол ва табрик намуданд…

Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»