АДАБ ДАР АНҶУМАН ШАМЪИ МУНИР АСТ

Дар олами адаб борҳо таъкиду собит шуда, ки тоҷикон табиатан мардуми фарҳангофару тамаддунпарваранд ва дар ташаккулу такомулу рушди аксар илмҳо нақше нозудуданию сутуданӣ доранд. Ин халқи куҳанбунёдро нармию самимият ва меҳр ба сухани хушу мавзун хос будааст ва аз ин рӯ, дар ҳар қаламрави тоҷикнишин дар силки илмҳо нуфузу эътибори бештаре улуми адабӣ доштаанд. Ва ин нуфуз то ба ҳадде расида, ки имрӯз таърихи халқи тоҷикро бидуни ҳамбастагӣ бо адабиёт наметавон ба таври комил биомӯхт.
Тоҷикон садсолаҳо боз меҳру ихлосу эътиқод ба китоб, ба сухани нағз, ба каломи мавзун доранду пайваста китобе рӯи дасташон аст ва хастагие дар хеш аз замзамаи шеъри ноб эҳсос намекунанд. Ва аммо дар дарозои даҳсолаҳои ахир коҳише аз ин лиҳоз дар ин гуна хислати ҳасанаю деринаи тоҷикон ба вуқуъ пайваст, ки боиси нигаронию дареғгӯиҳои аҳли хирад ва дилсӯзони миллат гардид. Эҳтиёҷмандиҳои муваққатии иқтисодӣ, ноҷӯриҳои зиндагӣ ва нуфузи компютеру телефонҳои мобилӣ таваҷҷуҳи ҳамагон, ба вежа, ҷавононро аз китобу китобхонӣ дур кард ва ҳолате ба миён омад хеле асафбор. Аз китоб, ки фурӯғбахши зиндагию хазинаи маърифат ва менуи хирад аст, дур мондан, нисбат ба он назаре лоуболона доштан вазъест хатарзо ва ташвишангез. Ин гуна вазъи нохушоянди маънавиро Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳеҳтар аз ҳама (чун худ фарҳангпарвар ва аҳли китобанд) дарк карданд ва тадбирҷӯӣ намуданд. Мулоқоти ҳамасола бо аҳли адаб (дар остонаи ҷашни Наврӯз), маблағгузорӣ ба чопи китобҳои адибон, фароҳамоварии шароити созгор барои рушди истеъдодҳо ва ниҳоят, таъсиси озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва чанд озмуни адабии ҷумҳуриявии дигар аз ҷумлаи ҳамин тадбирҷӯиҳои бамавриду оқилонаи Пешвои миллатанд. Дар ин миён озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар саросари ҷумҳурӣ бештар ҳаводорону довталабону тафсиргарон пайдо кард ва барои ҷалби таваҷҷуҳи коҳишёфтаи аҳли ҷомеа ба китоб дар муҳлати андаке хидмати барҷастае сомон бахшид. Ба ин васила аз нав рӯй ба китоб овардани ҷавонону наврасон ҳодисае гашт хушоянду гуворо ва умедафзо, зеро оне, ки китоб рӯи даст дорад, ба ҳама кор қодир хоҳад буд, ҷуз ба бадкорию бадгӯию бадандешӣ. Ҳамакнун соли сеюм аст, ки ин озмун дар се давр бо фарогирии довталабон аз тамоми манотиқи кишвар баргузор мешавад ва боиси марҳала ба марҳала афзудани таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ба китобу китобхонӣ мешавад.
Аҳли адаб, зиёиёну омӯзгорон, хайрхоҳону дилсӯзони миллат ва насли наврас дар заминаи мушоҳидаи воқеияти озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тавассути воситаҳои ахбори омма барои боз ҳам беҳтару судманд ва пурсамар гардидани озмун бо нигориши мақолаҳои таҳлилӣ мулоҳизоти арзишманд иброз доштанд ва ин амали мақбул боз ҳам идома дорад.
Устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои филологӣ, профессор Урватулло Тоиров дар радифи ҳаводорони амиқандеши озмуни мазкур бо ҳадафи дастгирии маънавии довталабони озмун ва мадад ба омодагию омӯзиши пурсамари онҳо китоберо бо номи «Фурӯғи одамият аз китоб аст» (Душанбе: Гулнақш, 2023. – 448 саҳ.) ба чоп расондаю пешкаши доираи васеи ҳаводорони каломи бадеъ карда, ҳадафи меҳварии онро чунин муқаррар бинмудааст: «Васоити таълим барои иштироккунандагони озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст».
Ин китоб асосан барои дов-талабони бахши «Эҷоди назму наср»-и озмун пешниҳод шудаасту дар он вобаста ба шаш фасл — «Навъҳои шеъри тоҷикӣ», «Анвоъи вазни шеъри форсӣ-тоҷикӣ», «Илми бадеъ», «Илми қофия», «Китобҳои таълимии адабӣ» ва «Анвоъи каломи мансур (наср)» ғолибан сухан аз шеър ва навою асрори он ба миён омада.
Устод У.Тоиров дар такя бар мушоҳидаҳои худ аз ҷараёни озмун дар сарсухани китоб таассуф аз он дорад, ки аксари иштирокдорони озмун аз вазни шеър, навъҳои адабӣ, илми қофия ва илми бадеъ дар сатҳи зарурӣ огаҳ нестанд ва аз ин рӯ, дар посух ба суолҳои ҳайати доварон душворӣ мекашанд ва ё ба ғалатҳо роҳ медиҳанд. Ба масал, иштирокдоре шеъре хонду онро аз нигоҳи навъи шеър мухаммас номид, вале касе ӯро ислоҳ накард. Мухаммас аслан навъи шеър нест, балки чун мураббаъу мусаддасу мусаббаъу мусамман ва мутассаъу муашшар як навъи мусаммат аст.
Албатта, тақозо намешавад, ки довталабони озмун дар бораи шеър ва анвои он дониши амиқу фарогир дошта бошанд, вале ҳатмист, ки махсусиёти умдаи навъҳои шеър-байт, рубоӣ, дубайтӣ, ғазал, қасида, достон, мусаммат, тарҷеъбанд…-ро донанд, аз вазни шеър дар сатҳи муайян огаҳӣ дошта бошанд (аз боиси надонистани вазни шеър дар қироати он бисёр иштирокдорони озмун ғалатҳо содир мекунанд), санъатҳои бадеии фаровонистеъмолро (ташбеҳ, истиора, тавсиф, муболиға, киноя, таҷнис…) шарҳ дода тавонанд, дар муайян кардану тавсиф бахшидани қофия музтар намонанд. Довталабони бахши «Назму наср»-и озмун таманнои дар оянда шоиру нависанда шуданро доранд. Аз ин рӯ, онҳоро мебояд, ки аз асрору қавоиди осори бадеӣ ҳар чи бештар огаҳӣ дошта бошанд, то роҳашон ба арсаи адаб ҳамвор гардад. Ба ин гурӯҳи довталабон устод У.Тоиров силсилаи қироати китобҳоеро, ки ба тавзеҳу баррасии махсусияту қавоиди каломи мавзун бахшида шудаанд (чун «Чаҳор мақола»-и Арӯзии Самарқандӣ , «Тарҷумон-ул-балоға»-и Умари Родуёнӣ, «Меъёр-ул-ашъор»-и Насруддини Тӯсӣ, «Ал-муъҷам»-и Қайси Розӣ, «Рисолаи арӯз»-и Ҷомӣ, «Санъати сухан»-и Тӯрақул Зеҳнӣ, «Каломи бадеъ»-и Худоӣ Шарифзода, «Такмилаи бадеъи форсии тоҷикӣ»-и Абдунабӣ Сатторзода…), барои мутолиа тавсия медиҳад. Дар боби панҷуми китоби устод рисолаҳои мазкур ва якчанд рисолаи дигари маъруф дар илми адаб ба таври мухтасар ва саҳеҳ аз лиҳози мазмуну муҳтаво шарҳ дода шудаанд.
Китоби «Фурӯғи одамият аз китоб аст» вобаста ба масоили мавриди шарҳу тафсир далелу иқтибосоти зиёдеро фаро гирифтааст, ки аз ин ҷиҳат низ барои хонандагон – довталабони озмун муфид ва мададгор хоҳад буд. Ин китоб падидаи тозаву шоистаест дар ҳошияи озмуни мазкур ва бо дастрасу мутолиа карданаш довталабони озмун ба он дар сатҳи шоиста омода хоҳанд гашт ва минбаъд низ дар ҷодаи баргузидаашон бардоштҳову донистаҳояшон мададгор хоҳанд буд.
Мувофиқи иттилои расонаҳо, соли равон дар нахустдаври озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» наздик ба 300 ҳазор нафар довталабон ширкат варзидаанд. Дар иртибот ба ин рақам метавон гуфт, ки теъдоди чопи китоби «Фурӯғи одамият аз китоб аст» (20 ҳазор нусха) хеле кам аст ва салоҳ он аст, ки ин китоби дастурӣ бо теъдоди бештаре пешкаши хонандагон шавад.

Абдурауф МУРОДӢ,
«Омӯзгор»