Дар замони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба соҳаи маориф бештар гардида, баҳри рушду пешрафти он пайваста тадбирҳои судманд андешида мешавад. Зеро маориф пояи давлат ва устувории ҷомеа ба ҳисоб рафта, сатҳу сифати таълим ва баланд бардоштани маърифати ҷомеа аз вазифаҳои аввалиндараҷаи Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Мусаллам аст, ки сол то сол ҷомеаи ҷаҳонӣ ба пешрафтҳои чашмгир ноил мегардад ва технологияи иттилоотӣ дар ҳаёти тамоми қишрҳои ҷомеа мавқеи муҳимро касб кардааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҳамқадами замон намудани маорифи миллӣ аз тамоми имконот истифода намуда, ҷиҳати рушди соҳа корҳои зиёди судманд анҷом медиҳад. Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба масъалаи сармояи инсонӣ ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа диққати махсус дода шудааст. Аз ҷумла, дар стратегияи мазкур зикр шудааст: “Сармояи инсонӣ омили муҳими рушди истеҳсолот ва иқтисодиёт маҳсуб меёбад, ки аз сифати он пешрафти тамоми соҳаҳо вобастагии зич дорад. Он байни омилҳои дарозмуддати рушди минбаъдаи иқтисодиёт ҷойи аввалро (дар муқоиса бо захираҳои табиӣ, сармояи воқеӣ ва молиявӣ) ишғол мекунад. Аз ин рӯ, рушди сармояи инсонӣ дар кишвар ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст”.
Дарвоқеъ, сармояи инсонӣ, ки бевосита ба таълиму тарбияи дуруст вобаста мебошад. Татбиқи нуктаҳои стратегия метавонад рушди чашмгири соҳаи маорифро ба вуҷуд орад ва неруи зеҳнии кишварро ба марҳалаи нави ташаккул ворид намояд. Чунки дар он тамоми паҳлуҳо ва фаъолияти зинаҳои таҳсилот бо нишон додани мушкилот ва роҳҳои муассири бурунрафт аз онҳо муайян гардидааст. Дар ин миён метавон аз такмил бахшидани стандартҳои сифати таҳсилот ва ҷавобгӯ ба талаботи замон ёдовар шуд. Дар баробари ин, дар хусуси инкишофи барвақтии кӯдакон дар зинаи таҳсилоти томактабӣ, дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар баробари дониш азхуд кардани хонандагон, салоҳияту малакаро тақвият бахшидан, тафаккури техникиву ҳисси ватандӯстиро мустаҳкам намудан ба ҳисоб меравад. Дар зинаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ тайёр намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба бозори меҳнат дар авлавият қарор гирифта, корҳои инноватсионию лабораторӣ ва тадқиқотӣ ва таҷрибавию лоиҳакашӣ ба таври махсус зикр шудааст. Дар баробари ин, дигар паҳлуҳои маориф ва илми кишвар ҳамаҷониба нишон дода шудааст, ки татбиқи амалии онҳо ба пешрафти соҳа такони ҷиддӣ мебахшад. Дар ин замина, Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 қабул гардидааст, ки бевосита ба рушди маориф нигаронида шудааст ва амалӣ гардидани он, аз як тараф, сатҳу сифати таълим ва раванди тадрисро ба низоми байналмилалии маориф мутобиқ созад, аз ҷониби дигар, ба омодаву тайёр намудани мутахассисони ҳирфаӣ ва мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат мусоидат мекунад. Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ талош менамояд, ки аз як тараф, муассисаҳои таълимиро бо таҷҳизоти замонавӣ, технологияи иттилоотӣ, озмоишгоҳҳо таъмин кунад, аз ҷониби дигар, ба рушди фанҳои дақиқ ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълим такони ҷиддӣ бахшад. Ҳамин аст, ки имрӯз дар муассисаҳои таълимӣ низоми таҳсили босалоҳият ҷорӣ карда шудааст, ки хонандагон дар баробари дониш гирифтан, онҳоро дар ҳаёт татбиқ менамоянд. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ЮНЕСКО лоиҳаи “Таҳкими муносибати босалоҳият ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар раванди таълими фанҳои дақиқ ва риёзӣ ва таҳсилоти касбӣ-техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад, амалӣ менамояд, ки бевосита ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ нигаронида шудаанд. Зимни суҳбат директори Маркази ҷумҳуриявии технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионии назди Вазорати маориф ва илм Абдураҳмон Гулзода иброз дошт, ки ҳадафи лоиҳаи мазкур барои дастгирии ислоҳоти муттасил оид ба ҷорӣ кардани таҳсилот дар асоси муносибати босалоҳият дар Тоҷикистон буда, таваҷҷуҳи махсус ба рушди омӯзиши фанҳои дақиқ (физика, химия ва биология) ва тақвияти низоми омӯзиши омӯзгорон равона карда шудааст. Дар лоиҳа афзалияти Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 дар самти вусъат бахшидани шуғли пурмаҳсул ва таҳкими рушди сармояи инсонӣ татбиқ карда мешавад. Илова бар ин, лоиҳаи мазкур барои татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030 ва уҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор равона мегардад. Алалхусус, ҳадафи ин лоиҳа таҳияи маводи таълимӣ ва омӯзишӣ барои фанҳои дақиқи зинаи таҳсилоти миёна (STEM) дар асоси стандартҳои байналмилалӣ ва барномаҳои таълимӣ дар асоси муносибати босалоҳият мебошад. Дар заминаи лоиҳа стандартҳои фанҳои дақиқ (STEM) физика, химия ва биология таҳия мегарданд, ки синфҳои 7-11-ро дар бар мегирад. Инчунин, лоиҳа таҳияи стандартҳои салоҳиятнокии омӯзгорон дар самти технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) ва низоми баҳодиҳии салоҳиятнокии омӯзгорон оид ба ТИК-ро дастгирӣ мекунад.
Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва “Солҳои рушди саноат” эълон гардидааст, ки онҳо бо ҳам иртиботи қавӣ дошта, дар меҳвар омӯзиши фарогир ва доманадори фанҳои дақиқ қарор дорад. Зеро яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръати кишвар маҳсуб меёбад, ки бе омӯзиши васеи фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ имконнопазир мебошад. Барои ба кишвари саноатию аграрӣ гузаштан, аз як тараф, маблағ ва бунёди корхонаҳои бузург нақши бузург дошта бошанд, аз тарафи дигар, ниёз ба мутахассисони ҳирфаии фанҳои бунёдӣ ва дорои донишу ҷаҳонбинии васеъ меафзояд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки ба омӯзиши фанҳои дақиқ дар муассисаҳои таълимӣ диққати бештар додаву насле ба камол расонида шавад, ки дорои донишу ҷаҳонбинии васеъ ва тафаккури техникӣ бошанд. Дар татбиқи лоиҳаи мазкур маҳз омӯзиши фанҳои дақиқ, шеваи муассири тадрис ва мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ ба эътибор гирифта шудааст. Ба таъкиди А. Гулзода, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодакунандагони асосӣ ва шарикони лоиҳаи мазкур мебошанд. Илова бар ин, омӯзгорону ҷавонон (хонандагон), бахусус, занон ва духтарон аз саросари кишвар аз тариқи дастрасӣ ба барномаҳои сатҳу сифати баланди таҳсилот ва рушди малакаҳои мувофиқ ба бозори меҳнат аз натиҷаҳои татбиқи лоиҳа баҳравар мешаванд.
Мусаллам аст, ки татбиқи лоиҳа дидгоҳи омӯзгорону хонандагонро ба омӯзиши фанҳои дақиқ бештар менамояд ва онҳоро вомедорад, ки он донишҳои назариявие, ки азхуд кардаанд, дар ҳаёт татбиқ намоянд. Барои ин зарур аст, ки омӯзгорон низ пайваста ба омӯзиш машғул гарданд, аз техникаву технологияи замонавӣ самаранок истифода кунанд ва бо методҳои муосир тадрис диҳанд. Яке аз ҳадафҳои лоиҳа дар ҳаёт татбиқ намудани донишҳои андӯхта ва истифодаи самараноки технологияи иттилоотӣ мебошад. Бе омӯзиши фарогири фанҳои дақиқ наметавон дар рушди иқтисоди миллӣ саҳми муносиб гузошт ва зарур аст, ки дар давраи мактабӣ шавқу рағбат ва тамоюли онҳоро ба омӯзиши фанҳои бунёдӣ бештар намоем. Тафаккури техникиву дақиқ хонандагонро бевосита ба ихтироъкориву навоварӣ водор мекунад, ки яке аз ҳадафҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тақвияти неруи зеҳнӣ ба ҳисоб меравад. А. Гулзода зикр кард, ки ҳадафи лоиҳа ба таври куллӣ такмил додани сифати таҳсили фанҳои дақиқ ва риёзӣ (STEM), технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва таҳсилоти касбӣ-техникӣ дар Тоҷикистон аз тариқи ҳавасманд кардани омӯзгорон ҷиҳати ба таври васеъ истифода кардани барномаҳои таълимӣ бар асоси муносибати босалоҳият, таҳияи маводи таълимӣ ва омӯзишӣ барои фанҳои дақиқ (STEM), технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ ва таъмини таҷҳизот барои озмоишгоҳҳои муассисаҳои зинаи миёнаи таҳсилоти умумӣ ва касбӣ-техникӣ дар Тоҷикистон мебошад.
Масъалаи дигар, гузаштан ба низоми рақамӣ ба ҳисоб меравад, ки талабот дар назди аҳли маорифро бештар кардааст ва зарурат пеш омадааст, ки шакли электронии китобу дастурҳои таълимӣ низ дастраси хонандагон гардонида шавад ва онҳо тавонанд, дар ҳама ҳолат аз он истифода кунанд. Ба таъбири А. Гулзода, имрӯз 100 фоиз китобҳои дарсии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар шаклҳои гуногуни электронӣ дастраси муассисаҳои таълимӣ гардидаанд ва дар сомонаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ҷойгир карда шудаанд, ки хонандагону омӯзгорон метавонанд аз онҳо самаранок истифода намоянд.
Маълум аст, ки омӯзиши фанҳои дақиқ бе истифодаи технологияи иттилоотӣ ва озмоишгоҳҳои замонавӣ самаранок наҳоҳад буд. Зеро фанҳои бунёдӣ танҳо бо татбиқи амалӣ пурманфиат хоҳанд буд. Бинобар ин, татбиқи амалии лоиҳа метавонад дар оянда ба рушди маорифи миллии мо мусоидат кунад. Абдураҳмон Гулзода бар он назар аст, ки бо татбиқи лоиҳа дар оянда сифати китобҳои дарсӣ, аз ҷумла, маводи таълимӣ ва омӯзиши фанҳои дақиқ барои синфҳои 7-11-и мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дастгирии муаллифони китобҳои дарсӣ ва таҳиякунандагони барномаҳои таълимӣ ҷиҳати таҳия кардани китобҳои дарсӣ ва маводи таълимию омӯзишӣ беҳтар гардонида мешавад. Баланд бардоштани иқтидори омӯзгорони такмили ихтисос, мураббиён (менторон) ва омӯзгорон аз мактабҳои озмоишӣ оид ба фанҳои STEM дар мактабҳои миёна яке аз ҳадафҳои муҳимми лоиҳа мебошад. Дар асоси Дастурамали глобалии ЮНЕСКО дар чорчӯби муносибати босалоҳият барои омӯзгорон дар самти ТИК тавассути ворид кардани он ба чорчӯби умумиҷумҳуриявии муносибати босалоҳият барои омӯзгорон ва таҳияи модулҳои таълимӣ барои онҳо бо мақсади ташаккули муносибати босалоҳият барои истифодаи ТИК, дар таҷрибаҳои педагогии худ мавриди истифода қарор медиҳад. Илова бар ин, лоиҳа омӯзгорон/тренеронро омода мекунад ва системаи идоракунии омӯзиши муаллимонро барои вусъат додани рушди салоҳияти омӯзгорон оид ба ТИК таҳия мекунад.
Инчунин, ҷиҳати беҳтар намудани инфрасохтори амалкунанда филиалҳои такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ-техникии соҳаи маориф, лоиҳа таҷҳизоти лаборатории фанҳои дақиқ (STEM) ва технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) ва пайвастшавӣ ба шабакаҳои интернетро дастгирӣ мекунад. Бахусус, лоиҳа таъмиру муҷаҳҳаз гардонидани шаш филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин мекунад.
Воқеан ҳам, татбиқи лоиҳаи мазкур, ки солҳои 2021-2025-ро дар бар мегирад, ба сатҳу сифати таълим таъсири мусбат мерасонад, мазмуну муҳтавои китобҳои дарсиро такмил мебахшад, омӯзгорону устодону муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ технологияи иттилоотиро ба таври фарогир меомӯзанд ва омӯзиши фанҳои дақиқ тақвият меёбад.
Н. ОХУНЗОДА,
“Омӯзгор”