Устод Айнӣ дар бораи Мавлоно китобу рисолаи алоҳида нанавиштааст, аммо дар осораш ин ҷо ё он ҷо аз ӯ ном бурда ва ё ишорае кардаву аз ашъораш намуна овардааст. Метавон устодро аз нахустин касоне донист, ки дар осори илмиву адабиву оммавию публитсистиаш аз ӯ ёд кардаву ном бурдааст. Воқеан, Е.Э.Бертелс, шарқшиноси маъруф, ба лирикаи Мавлоно баҳои баланд дода, онро яке аз комёбиҳои бузург хондааст: «Лирикаи Ҷалолиддин яке аз комёбиҳои бузургтарин аст. Ва агар вай дар Fарб машҳур мебуд, бешубҳа, номи ӯ низ мисли номи шахсони бузург-Шекспир, Гуте, Пушкин ва ғайра вирди забон мешуд».
Зимнан, агарчи Мавлоно шоири машҳур буд, аммо дар ҷаҳон ва ватанаш чеҳрае камшинохта буд, барои шиносонидани ӯ, хусусан, ба ҳамватанонаш, кам саъй мешуд. Шояд устод Айнӣ аввалин касе буд, ки дар Мовароуннаҳр дар асарҳои худ аз ӯ ном бурд, ёд кард ва аз осораш мисол овард. Масалан, ӯ дар «Ёддоштҳо», дар бахши «Тайёрӣ ба сафари Бухоро барои таҳсил», ки ба нақли ба деҳа омадани Шарифҷон-махдум (Садри Зиё) ва байтбараки устод Айнӣ бо Мунзим ихтисос мегирад, як байти Мавлоноро аз забони Мунзим меорад ва менависад: «Дар охирҳои тобистони соли 1889 модаркалонам (модари модарам), ки як кампири 70-солаи барҷомонда буд, ба ман хабар фиристод, ки додарҳоямро гирифта ба пеши ӯ барам ва дар охири умраш моро бинад… Дар рӯзҳое, ки мо дар он ҷо будем, дар Маҳалла ном деҳа, ки ба он ҷо наздик буд, аз Бухоро меҳмон омада будааст. Меҳмон писари қозикалон-домулло Абдушукури марҳум, Шарифҷон-махдум буда, мизбон соҳиби хона Мулло Абдусалом ном домуллои кунҷакии акаам будааст. Мулло Абдусалом барои хизмат кардан ба меҳмонон акаамро аз ҷои имоматиаш ҷеғ зада овардааст ва чун аз ӯ шунидааст, ки ман дар хонаи модаркалонам дар деҳаи Маҳаллаи Боло ҳастам, маро ҳам барои хизмат ҷеғ зада бурд… Акаам дар даруни меҳмонхона ба дастархонпаҳнкунӣ ва чойкашӣ маъмур буда, ман дар рӯи суфа ба самоворҷӯшонӣ машғул шудам… Дар вақте ки ман дар сари самовор нишаста чойникҳоро бо латта тоза мекардам, як бача аз меҳмонхона баромада, пеши ман омад, ки ба ман ҳамқад, аммо аз ман қоқтар ва бориктар менамуд ва ӯ дилгирона ба лаби суфа нишаста, худ ба худ гуфт: -Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ гуфтаанд:
Деҳ марав, деҳ мардро аҳмақ кунад,
Ақлро бенуру беравнақ кунад!
Ман насиҳати Мавлоноро гӯш накарда ба саҳро омадам, саҳро ба дилам зад. Дар ин ҷо лоақал ягон кас ёфт намешавад, ки ҳеҷ набошад, одам бо вай байтбарак карда рӯзро гузаронад…».
Шафеъии Кадканӣ аз рӯи ҳамин байти Мавлоно, ки устод Айнӣ дар «Ёддоштҳо» овардааст, дар китоби «Шоири оинаҳо» аз ҳузури Мавлоно дар Мовароуннаҳр (албатта, «дар гӯшае») хабар дода, чунин менависад: «Аз Ҳофиз ва Бедил, ки бигзарем, шоирони дигаре, ки бешу кам дар муҳити адабии Мовароуннаҳр ҳузури ошкортаре доранд, яке Саъдӣ аст, ки шеъри ӯро дар муҳоварот бисёр мехонанд ва дигаре Соиб аст, ки дар канори Ҳофиз ба унвони Бобо Соиб аз ӯ ном мебаранд… Фирдавсӣ ва Мавлавӣ ва Ҷомӣ ва Камоли Хуҷандӣ ва Хусрави Деҳлавӣ ҳам дар гӯшаву канор ҳузур доранд, аммо на ба вусъати Бедилу Ҳофиз».
Дар ҳақиқат, Мавлоно дар «гӯшаву канор ҳузур» дорад, аммо бештар дар хонақоҳову масҷидҳо. Тавре ки мо инро дар ҳикояе, ки дар «Наводири Зиёия»-и Садри Зиё нақл шудааст, боздид менамоем: «Волиди моҷидам ҳикоят мекарданд, ки рӯзе ба нияти адои мактуба ба масҷиде даромадам. Дидам, шахсе ба хондани «Маснавӣ»-и Мавлонои Рум машғул, ҷамъе бар ӯ гирд омада. Баъзе ба тариқи муроқаба сар дар пеш афканда, бархе аз муҷозаба рӯю мӯи хеш канда. Фурсате таваққуф намудам, соате дар доираашон нишастам. Қорӣ баъд аз итмоми «Маснавӣ», чунон ки донӣ, ғазале сар кард ва тараннуме оғоз. Чун бар-ин байт расид, ки:
Деҳқони солхӯрда чӣ хуш гуфт бо писар,
К-эй нури дида, ба ҷуз аз кишта надравӣ,
яке аз он ҷамъ сар бардошт, пой ҳаме кӯфт, даст бар ҳаво мекард, фарёд бароварда мегуфт: -Хонаи ҳаннот сӯхт, гандум арзон хоҳад шуд. Ҳазрати Мавлавӣ ба ин байт бад-ин маънӣ ишорат кардаанд ва бад-ин атия башорат дода». Албатта, ҳамагон медонанд, ки ин байт аз Ҳофиз аст, на Мавлавӣ. Муаллифи китоб ба иштибоҳ роҳ додааст…
Аз ин ҳикояи «Садри Зиё маълум мешавад, ки Мавлоно танҳо дар қаламрави дину ирфону тасаввуф ва дар доираи маҳдуди хонақоҳу масҷидҳо ҳузур доштааст, на доираҳои илмиву адабию дунявӣ. Ба ин нақли Аҳмади Дониш, ки дар китоби ӯ- «Рисола ё мухтасаре аз таърихи салтанати хонадони манғития» мундариҷ аст, таваҷҷуҳ фармоед, ки доир ба замони амир Музаффар ва давлатдории турфаю аҷиби ӯ ба истеҳзо изҳори ақида менамояд:
«…Дар як тараф «Маснавӣ»-и Мавлавиро маърака гирифта мехонданд ва дар самте зикри ҷаҳр арра мекашиданд ва дар мавзеъе Қуръон мехонданду хатми салот (мекарданд) ва дар маҷмаъе масхарабозон фаҳшу луғв мегуфтанд…»
Устод Айнӣ ҳамон байти болои Мавлоно («Деҳ марав, деҳ мардро аҳмақ кунад, Ақлро бенуру беравнақ кунад»)-ро дар китоби «Марги судхӯр» низ меорад. Онро аз забони Қорӣ-ишкамба, ки ба орзую ҳавасҳои судхӯронаи ӯ иртибот мегирад, нақл менамояд.
Ӯ, ки ҳар бомдод ба масҷиди Мағоки Бухоро рафта, «Маснавӣ»-и Ҷалолиддини Румиро мешунид ва ҳар гоҳ ки ҳисси судхӯриаш боло гирифта, шавқи ба деҳот рафтан дар дилаш ҷӯш занад, байти зерини «Маснавӣ»-ро, ки:
Деҳ марав, деҳ мардро аҳмақ кунад,
Ақлро бенуру беравнақ кунад, —
мебошад, зери лаб такрор карда ба худ тасалло медод ва «Ман аҳмақ нестам, ки ба умеди фоидаи калон ба деҳот рафта, ҳам ҷони худро ва ҳам пули худро, ки аз ҷон ҳам ширинтар аст, дар зери хавфи талаф шудан гузорам»,- мегуфт худ ба худ…».
Устод Айнӣ дар ҳамин асараш як бори дигар низ аз Мавлоно ва маснавихонӣ дар масҷидҳо, аз ҷумла, масҷиди Мағок, ки ҳар пагоҳ дар он ҷо маснавихонӣ мешуд ва Қорӣ-ишкамба ба шунидани он хӯ гирифта буд, ба хонанда хабар медиҳад: «Вай баъд аз шунидани азони бомдод, ки як соат пештар аз баромадани офтоб гуфта мешуд, аз ҳавлиаш баромад, ба масҷиди Мағок рафта намози бомдодро бо ҷамоат адо кард, аммо дар ҳалқаи маснавихонӣ, ки ҳар пагоҳ дар он ҷо баъд аз бомдод ташкил меёфт ва пештар нишаста шунидани маснавии Мавлавии Румиро одат карда буд, он рӯз нанишаст ва зуд аз масҷид баромада ба пеши дари бинои банки подшоҳӣ, ки дар тими нав (дар пасажи Бухоро) воқеъ шуда буд, шитобкорона рафта, дар он ҷо ба рӯи санги мармар нишаста, аз Когон омадани мудири банкро нигарон шуд, то ки аз вай «хабарҳои хуши пухта»-ро шунида осуда гардад…»
Дар воқеъ, дар он замон маснавихонӣ роиҷ будааст. Бесабаб муаллифони қисми «Эзоҳот»-и китоби дувуми дуҷилдаи устод Айнӣ оид ба маснавихонӣ дар он рӯзгорон чунин нанавиштаанд: «Маснавии баъд аз намоз дар баъзе ҷойҳо баъд аз намози бомдод ва дар баъзе ҷой баъд аз намози пешин қисме аз «Маснавӣ»-и Ҷалолиддини Румиро мехонданд».
Бояд гуфт, ки Мавлавӣ ва осории ӯ танҳо баъд аз ғалабаи Инқилоби Октябр дар Тоҷикистон мавриди тадқиқ қарор гирифт ва Мавлоно ва осори ӯ, ки дар асорати дину ирфону тасаввуф буд, аз асорат озод шуд ва ба мардум дастрас гардид, аз хонақову масҷид ба мактабу донишгоҳу муассисаву хонаҳои мардум роҳ пайдо кард ва дар хидмати омма қарор гирифт.
Хулоса, устод Айнӣ аввалин касест, ки дар адабиётшиносии мо дар асри гузашта аз вуҷуди Мавлоно, китоби «Маснавии маънавӣ», маснавихонӣ дар масҷидҳои Осиёи Миёна, дар силки шоирони бузурги адабиётамон қарор гирифтан, «олими бузург» будан, Мавлавӣ Ҷалолиддини Балхӣ ном доштан, аммо бо унвони «Мавлавии Румӣ» шуҳрат ёфтани ӯ ва ғайра ба хонанда дарак медиҳад, ки ин, албатта, кори андаке нест. Бад-ин маънӣ, ӯ пешрави мавлавишиносон дар кишвари мо маҳсуб мешавад. Агар ӯ Мавлавиро намешинохт, ба осораш, ба вижа «Маснавии маънавӣ», ошно намебуд, ҳаргиз аз ӯ ба ин бузургию азамат ёд намекард, осорашро ба масобаи мисол намеовард. Ҳамин далелҳо нишон медиҳанд, ки устод як нобиғаи миллати мост, ки дар як даврони муҳимми ҳаёти халқи мо нақши мондагор бозидааст ва моро бо мо, бо гузаштаамон, адабиётамон, таърихамон, фарҳангамон, адибони бузургамон, аз ҷумла, Мавлавӣ ошно сохтааст. Назири ӯ дар тамаддуни мо, фарҳанги мо, адаби мо ягон-ягон, яъне ба нудрат пайдо хоҳанд шуд.
Ҷамолиддин САИДЗОДА,
номзади илми педагогӣ
