ДАР ТОҶИКИСТОН САЙЁҲИИ ЭКОЛОГӢ РУШД МЕЁБАД

Мусоҳиба бо устоди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Фазлиддин Қодиров
— Устод, ҳоло сайёҳӣ як бахши муҳимми сердаромад аст. Кишварҳои ҷаҳон барои рушду ҷалби ҷаҳонгардон талоши бештар мекунанд. Шумо мутахассиси ҳамин соҳа ҳастед ва солҳост, ки ба донишҷӯён дарс мегӯед. Аз нигоҳи шумо, то куҷо сайёҳӣ дар Тоҷикистон пеш рафтааст?
— Ҳамасола зиёда аз 2 млрд нафар сайёҳ ба сайру саёҳати кишварҳои гуногун мебароянд. Нишондиҳандаҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки нисфи аҳолии кураи замин ба сайру саёҳат шуғл меварзанд. Дар ин миён сайёҳии фарҳангӣ ва экологӣ ҷойгоҳи устувор касб кардаанд. Зиёда аз 40%-и саёҳатҳо характери фарҳангӣ дошта, одамон бо мақсадҳои омӯзиши таърихи инсоният, эҳсоси воқеияти таърихӣ, ошноӣ бо арзишҳои фарҳангӣ, урфу одат ва анъанаҳо, махсусиятҳои этнографӣ, иншооти меъморӣ, иштирок дар маросимҳои ибодатӣ ва амсоли инҳо ҷаҳонгардӣ мекунанд. Дар баробари афзоиши шумораи бесобиқаи сайёҳон ва таваҷҷуҳи онҳо нисбат ба шароити воқеии табиат бисёре аз объектҳо ва зуҳуроти фарҳангию муҳити табиӣ ба гардиши сайёҳӣ ворид карда мешаванд.
– Ҳоло дар Тоҷикистон чӣ қадар ёдгориҳо мавҷуданд, ки барои ҷалби сайёҳон муҳиманд?
– Айни ҳол дар мамлакат зиёда аз 2 ҳазор ёдгории фарҳангии марбут ба давраҳои гуногуни таърихӣ ба қайд гирифта шудаанд. 220 шаҳр ва шаҳрак, 70 қалъа, 81 объекти бостонӣ, 654 объекти омӯхтанашуда, 69 оромгоҳ, 58 масҷиди таърихӣ, 5 корвонсарой, 13 мадраса, 160 пайкара, 179 муҷассама ва амсоли инҳо аз ҷумлаи ёдгориҳои фарҳангӣ мебошанд.
Рушди рағбати сайёҳон нисбат ба объектҳои фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои ҷадиди созмонҳои ҷамъиятӣ дар мавриди ошкорсозии объектҳои нисбатан ҷолиб замина гузошт. Масалан, аз ҷониби Созмони ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Маркази рушди сайёҳӣ» соли 2009 лоиҳаи «Ҳафт ганҷинаи Тоҷикистон» роҳандозӣ ва ҷамъбаст карда шуд.
– Оё ҳисоб кардаед, ки як сайёҳ ба ҳисоби миёна чӣ қадар маблағ харҷ мекунад?
– Барои саёҳати аз 6 то 12-рӯза ҳар як сайёҳ дар Тоҷикистон аз 800 то 1200 доллар сарф мекунад. Даромади асъори хориҷӣ аз ҳисоби сайёҳон 15,3%-и даромади умумии маҳсулоти содиротиро ташкил медиҳад.
– Аз нигоҳи шумо, марказҳои ҷолиби диққат дар Тоҷикистон ба кадом дараҷа муаррифӣ мешаванд?
– Дар Тоҷикистон вобаста ба мавҷуд будани шумораи зиёди оромгоҳҳо ва ҷойҳои муқаддаси зиёратӣ, сайёҳии динӣ-зиёратӣ ва маърифатӣ миёни саёҳаткунандагон маъмул гардидааст. Айни ҳол шумораи ин гуна объектҳо қариб ба 140 адад баробар буда, аксари онҳо мавриди таваҷҷуҳи сайёҳони ватанию хориҷӣ қарор доранд. Оромгоҳи Хоҷа Муҳамад Башоро дар шаҳри Панҷакент, Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ дар шаҳри Кӯлоб, Оромгоҳи Султон Увайси Қаранӣ дар ноҳияи Ховалинг, Оромгоҳи Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ дар ноҳияи Темурмалик, Оромгоҳи Хоҷа Нақшрон дар шаҳри Турсунзода, Оромгоҳи Мавлоно Яъқуби Чархӣ дар шаҳри Душанбе, Оромгоҳи Махдуми Аъзам дар шаҳри Ҳисор ва амсоли инҳо ба макони зиёрату саёҳат табдил ёфтаанд. Ҷамъи сайёҳон ва зиёраткунандагон, ки аз ин объектҳо дидан менамоянд, ҳамсола аз 30 то 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд. Аз шумули ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва табиии Тоҷикистон танҳо 2 объект — шаҳраки бостонии Саразм ва Боғи миллии Тоҷикистон «Кӯҳҳои Помир» ба рӯйхати мероси умумиҷаҳонии фарҳангӣ ва табиии ЮНЕСКО ворид карда шудаанд.
Боғи миллии Тоҷикистон «Кӯҳҳои Помир» дар шарқи Тоҷикистон ҷойгир буда, баландтарин қуллаҳои Авруосиё ин ҷо ҷойгир мебошанд. Дар ҳудуди боғ парандаҳо ва ҷонварони нодир, хусусан, зоти маъмули гӯсфанди кӯҳӣ — Марко Поло (архар), бузи кӯҳии сибирӣ, шоҳпаланг ва амсоли инҳо зиндагӣ мекунанд.
– Дурнамои сайёҳии экологиро дар Тоҷикистон чӣ гуна мебинед?
– Ташкили бонизом ва мақсадноки сайёҳии экологӣ дар Тоҷикистон метавонад натиҷаҳои муассир ба бор орад. Тибқи назарсанҷиҳои UNWTO сайёҳии экологӣ яке аз самтҳои ояндадор дар асри XXI буда метавонад. Тоҷикистон вобаста ба дороӣ ва мавҷудияти майдони зиёди ҳудуди махсус муҳофизатшаванда (3,1 млн гектар ё 22%- ҳудуди ҷумҳурӣ) яке аз пешоҳангон дар ин самт ба ҳисоб рафта, метавонад «Макка»-и сайёҳии экологӣ бошад. Дар ҳудуди мамлакат 5 мамнуъгоҳ, 13 парваришгоҳ, 1 боғи миллӣ, 1 боғи таърихӣ-табиӣ ва 1 боғи табиӣ амал мекунад.
— Оё дар Тоҷикистон объектҳои таърихӣ-фарҳангие ҷой доранд, ки бо сабабҳои муносибати нодуруст ва ғайриоқилона нисбат ба онҳо ба харобшавӣ ва ё нестшавӣ рӯй овардаанд?
– Бале. Мисоли равшани ин ҳолат дар Панҷакент аст. Дар ин ҷо сохтмони хонаҳои нав намои бузурги мунаққашро, ки бузургии Панҷакенти қадим, шаҳри суғдии асрҳои VII-VIII-ро ба ёд меоранд, ё умуман, аз чашм пинҳон мекунанд ва ё тамоман нобуд мекунанд. Харобаҳои Панҷакенти қадим дар масофаи якчанд километр аз ин биноҳои нав ҷойгир шудаанд.
Ёдгориҳои таърихии одамони ҷомеаи ибтидоӣ бо саҳнаҳои ҳаёти онҳо, ки то замони мо омада расидаанд, дар Тоҷикистон бешуморанд. Имрӯз, мутаассифона, бархе аз ин ёдгориҳо дар ҳоли харобшавӣ ва ё нестшавӣ қарор доранд. Дар ҳудуди ёдгориҳои тасвири рӯи санг (петроглифҳо), ки таърихи 2-3-ҳазорсола доранд, навиштаҷоте аз ташрифоварии сайёҳон ва ё сокинони бумӣ вонамехӯрад, ки ҷаззобияти онҳоро аз байн мебарад. Намунаи ин гуна ҳолат дар тасвирҳои рӯисангии деҳаи Лангари Бадахшон, ки шуморашон зиёда аз 6 ҳазор мебошад, вомехӯрад.
Ҳамин гуна ёдгории арзишманд Қалъаи Қаҳ-Қаҳа (асрҳои III – IV то замони мо) воқеъ дар деҳаи Намадгути ноҳияи Ишкошим мебошад. Ин қалъа солиёни зиёд аз назарҳо дур монда ва ҳатто бо мақсадҳои ғайр истифода гардида, деворҳои манори он батадриҷ хароб шуда истодаанд.
Мусоҳиб
Усмон РАҲИМЗОДА