Аз Душанбешаҳр мужда расид
Мо, шарикдарсони ӯзбекистонӣ – Ҳосил Муродови нуратоӣ, Зулфия Холдороваи чустӣ, Маҳбуба Абдураҳмоноваи фарғонагӣ, Шавкат Ғаффоров ва Фирӯза Мавлоноваи самарқандӣ ва камина азми сафар кардем ва роҳи мо аз гузаргоҳи сарҳадии «Ҷартеппа» оғоз гардид. Сафар то шаҳри Душанбе чандон тӯл накашид. Фурсат зуд гузашту ба манзил расидем.
Моро дӯстони даврони донишҷӯиамон Шералӣ Сангинмуродов, Нуриддин Қаршибоев ва Ҳоҷӣ Роҳат хеле гарм истиқбол гирифтанд. Солҳои зиёд ҳамдигарро надида, муштоқи дидор будем. Ҷойи вохӯрӣ истироҳатгоҳи дараи Ромит буд, ки дар болооби дар-ёи Кофарниҳон воқест.
Рӯзи дигар ҳамкурсони дигари тоҷикистонӣ расида омаданд. Медидем, ки ҳама зоҳиран тағйир ёфтаанд. Яке ришу мӯйлаб дорад, дигаре агар ҷавони қоқина буд, ҳоло марди чорпаҳлӯст, боз нафаре қиёфа, тарҳи рӯю ранги мӯ дигар кардааст. Умуман, солҳо нақши худро дар қиёфаву чеҳраи ҳар яки мо гузоштаанд. Мо якдигарро ба оғӯш мекашидему ҳолу аҳвол мепурсидем. Дар чашмонамон ашки шодӣ ҳалқа мезад.
Ҳамкурсонам сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон, академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, Шоири халқии Тоҷикистон Рустами Ваҳҳоб, адиб Хайрандеш, раиси Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев садри маҳфил ва гули сари сабади ҷамъомад буданд. Дареғо, ки 17 тан аз ҳамкурсон ин дунёро падруд гуфтаанд. Қабл аз оғози нишаст бо дақиқаҳои хомӯшӣ аз онҳо ёд кардем.
Шарикдарсон аз кору рӯзгори хеш нақл намуда, хотираҳои пешинро тагурӯ кардем. Аз даврони донишҷӯӣ, мавсими пахтачинӣ дар Қӯрғонтеппа ёдовар шудем. Табиист, ки дар ёди ҳар як нафар аз он солҳо хотираҳои аҷиб боқӣ мондаанд. Бояд гуфт, ки ман бо худ чанд шумораи рӯзномаҳои «Овози тоҷик» ва «Ховар»-ро бурда будам. Онҳоро ба ҳамкурсон тақдим намудам, ки намунаҳое аз ашъору осори бархе аз эҷодкорони тоҷики Ҷумҳурии Ӯзбекистон чоп шуда буд.
Устодонеро, ки тӯли панҷ сол ба мо дарс дода буданд, ёд овардем. Аксарашон фавтида, ба дунёи ҳақ пайвастаанд. Номҳои Воҳид Асрорӣ, Додоҷон Тоҷиев, Мукаррама Қосимова, Соҳиб Табаров, Баҳриддин Камолиддинов, Абдусаттор Нуралиев ва Пайванди Гулмуродзодаро бо некӣ ба забон овардем.
Ба хонаи устод Пайванди Гулмуродзода, ки дар маҳаллаи Чортути шаҳри Душанбе воқеъ аст, ҳамроҳи чор тан аз ҳамсабақон рафта, ба руҳи покашон фотиҳа хондем. Фарзанди хурдии устод Ардашер ва ҳамсарашон, янгаи Гулбаҳор моро хуш қабул карданд. Руҳу равони устодон шод бод!
Рӯзи сеюм созмондиҳан-дагони вохӯрӣ маҳз мо –дӯстони ӯзбекистонии худро дар чойхонаи «Тоқӣ»-и Душанбе ба суҳбати сари як пиёла чой даъват намуданд. Аз меҳмоннавозии аълои онҳо сарамон ба осмон расид.
Баъд ҳамкурсамон Шермаҳмад Ёрмаҳмадов бо мошини худ моро ба тамошои Душанбешаҳр бурд. Дарвоқеъ, шаҳр куллан дигар, беҳтару зеботар шудааст. Биноҳои баландошёна, меҳмонхонаҳои ситорадор, чойхонаҳои хуштарҳу зебо, фурӯшгоҳҳои замонавӣ бинандаро мафтун мекунанд. Вақти бозгашт ва ҳини хайрухуш Ҳоҷӣ Роҳат китоби тозанашри писараш Бахтиёри Роҳат «Нафаси дубора»-ро ба ҳар кадоми мо бо соядасти муаллиф туҳфа намуд…
Мо сӯйи Ватан роҳ пеш гирифтем ва раҳораҳ аз оби рӯди Варзоб нӯши ҷон кардем.
То боздид, то дидори оянда, дӯстон-ҳамсабақони азизи даврони донишҷӯӣ!
Собир ЭРГАШЕВ,
ноҳияи Фориши
вилояти Ҷиззахи
Ҷумҳурии Ӯзбекистон