ТАҶРИБА

Алберт Эйнштейн мегӯяд, ки ман 20 сол муаллимӣ кардаам ва:
– ҳеҷ гоҳ дафтари ҳозиру ғойиб надоштам; чун синф бояд он қадар ҷаззоб бошад, ки бидуни дафтари ҳозиру ғойиб шогирдат ба дарс биёяд;
– ҳеҷ гоҳ саъй накардам хонандагони синфамро ғамгин ва афсурда нигаҳ дорам, чун синф хонаи дуввуми шогирд аст;
– ҳар шогирде, ки дер омад, ва синф роҳаш додам. Чун медонистам, ки агар 10 дақиқа ҳам ба синф биёяд, эҳсоси масъулият кардааст;
– ҳеҷ гоҳ беш аз ду бор ҳарфҳоямро такрор накардам, чун онқадар ҷаззоб дарс мегуфтам, ки ҳеҷ кас нагуфт, бори саввум такрор кун;
– ҳеҷ гоҳ 90 дақиқа дарс надодам, чун медонистам, зарфияти шогирди мутавассит, камҳуш ва боҳуш бо ҳам фарқ дорад;
– ҳеҷ гоҳ шогирдеро ҷаримаи нақдӣ накардам, чун медонистам, бачаи мустазъаф (заиф, нотавон) бошад ё ятим;
– ҳеҷ гоҳ шогирдеро дар дафтар (идора, кабинет) мунтазир накардам, чун медонистам, дар дафтар истодан шикасти ғурури шогирд мешавад;
– ҳеҷ гоҳ танбеҳи инфиродӣ накардам, балки гурӯҳӣ танбеҳ кардам, чун медонистам, танбеҳи гурӯҳӣ ҷанбаи шармсорӣ дорад, вале танбеҳи инфиродӣ ғурурро мешиканад;
– ҳамеша саволҳоеро мекардам, ки мутмаин будам, ҷавобашро медонанд, чун медонистам, куҷояшро намедонанд, намепурсидам…