ЗИСТАНД САЗОВОРУ САЗОВОР ҲАМА РАФТАНД

Аз фидокорию ҷонбозиҳои омӯзгорони тоҷик дар солҳои Ҷанги Дуюми Ҷаҳон таърихнигорон бо қалами меҳру сипос асару мақолаҳои зиёде навиштаанд. Баъди ғалаба дар як муддати кӯтоҳ барқарор кардани хоҷагии халқи мамлакат, баланд бардоштани иқтисодиёти он кори саҳл набуд.
Солҳои аввали баъдиҷангӣ на бинои мактаби дурусте мавҷуд буду на одитарин ашёи хониш. Омӯзгорони ватандӯст аз шароиту имконияти мавҷуда пурсамар истифода мебурданд ва ворисони ҳақиқии Ватанро тайёр менамуданд. Муҳимаш, касе бечоранолӣ намекард ва ҳама ба сиёсати пешгирифтаи ҳукумати давр эътимоди комил доштанд. Яке аз омилҳои муваффақияти маорифи он замон алоқаю ҳамкории зичи мактабу оила ва давлат маҳсуб меёфт. Шояд ҳамин дили бузургу ниятҳои нек ва баракати касбу кор буд, ки Ҳукумати кишвар дар кӯтоҳтарин фурсат тавонист, сатҳи зиндагии мардум ва қадру манзалати муаллимро хеле боло бардорад. Бо беҳтар гардидани вазъияту шароит сифату самаранокии кор дар ҳама ҷабҳаҳо маҷрои тоза гирифт. Ҷавобан ба ғамхории ҳукумату давлат маорифчиёни мамлакат беш аз пеш ҳаёти худро ба кори давлату ҷамъият бахшида, ба муваффақиятҳои назаррас ноил мегардиданд.
Бо пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ ҷумҳуриҳои ҳайати он яке паси дигар Истиқлоли давлатӣ касб карданд. Мутаассифона, дар ин росто низ санҷиши сангини наве ба сари миллати тоҷик таҳмил гардид. Бо дасисаи душманону хоинони миллат, ҷумҳурӣ ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида ва ба даҳсолаҳо ақиб партофта шуд. Вазъи гароне давлату миллати моро фаро гирифт. Дар баробари дигар сокинони диёр, омӯзгорон низ дар ин давраи мураккаб шуҷоату мардонагии бемисл нишон доданд. Моҳҳою солҳо дар шароити хеле тоқатфарсо синфхонаҳои мактаб, шогирдонро тарк накарданд ва боз ҳам аз дилу нияти соф ба рӯзҳои саодатбор расиданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини роҳбариашон наҷоту пешрафти миллату давлатро дар рушд бахшидани соҳаи маориф медиданд ва то ба имрӯз сиёсати маорифпарваронаи худро идома бахшида истодаанд.
Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7, деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Абдулҳаким Шариф, Ҳафиз Маҳмадӣ, Талбак Шариф, Гулаҳмад Нур, Раҳмон Шуриш, Пирумшо Раҳмон, Назар Сафӣ, Ғани Ғанӣ, Маҳмадӣ Шариф, Абдулфаттоҳ Одина, Сафаралӣ Холиқ, Олим Саид, Маҳмуд Ризо, Чиллахон Маҳмадалӣ, Маҳмадюсуф Ташриф, Гадоиназар Назир, Саидхон Карим, Файзулло ва ғайра устодоне буданд, ки ҳаёти худро дар ин роҳ сарф намуда, ҳар кадоме аз роҳу усули хосаи таълиму тарбия истифода мебурданд.
Бо вуҷуди он ки дар солҳои 60-уми асри гузашта омӯзгорони соҳибмаълумот кам буданд, лекин таълиму тарбия дар сатҳи баланд қарор дошт. Устод Мирзо Раҳмат 20 соли расо сарварии соҳаи маорифи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадониро бар уҳда дошта, дар рушди он саҳми беназир гузоштааст. Кулли устодон бо дараҷаю унвонҳои ифтихории соҳа ва мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардида буданд. Падару модарон кӯшиш менамуданд, ки фарзандонашонро маҳз ҳамин гуна омӯзгорон таълим диҳанд. Дастпарварони мактабҳои ҷумҳурӣ, донишгоҳу донишкадаҳои гуногунро бомуваффақият хатм намуда, соҳиби касб шуда, дар хидмати халқу Ватан қарор гирифтанд.
Дар амалҳои хайри имрӯз, ки ҷавонмардони деҳаи Меҳнатобод барои таъмиру ободонии мактаби №7, аз ҷумла, дар ҳаҷми зиёда аз 2 миллион сомонӣ, инчунин, маблағҳои бузурге дар таҷдид ва азнавсозии роҳи калони деҳа, роҳҳои байни деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод, мумфарш кардани кӯчаҳо, чароғон намудани деҳа, тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо, таъмиру таҷдиди иншооти фарҳангию маърифатӣ сарф менамоянд, бевосита саҳми он инсонҳои шариф, ки мутаассифона, як қисми онҳо дар қайди ҳаёт нестанд, низ бузург аст.
Ҳамеша дар фикри он ҳастам, ки бояд муҷассамаи рамзие ба ифтихори ОМӮЗГОРОН сохта шавад, чунки онҳо ба ин арзанда мебошанд.
Алихон ДОРОБЗОДА,
«Аълочии маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон»