КАСБИЯТИ ОМӮЗГОР — ОМИЛИ РУШДИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ

Дар партави суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш
Дар суханрониашон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш (1 сентябри соли 2023), аз ҷумла, иброз доштанд, ки «маҳз тавассути рушди босуботи соҳаи маориф, таҳкими заминаҳои он ва заҳмати содиқонаи омӯзгорон мо тавонис-тем чеҳраи воқеии халқи тоҷикро дар замони муосир ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем».
Бо истиқрори сулҳу ваҳдат дар кишвари мо ва бо кӯшишҳои пайгиронаи Пешвои муаззами миллат дар ҷумҳурӣ шароити мусоид барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ муҳайё гардид. Махсусан, соҳаи маориф зери таваҷҷуҳи ҳамешагии Роҳбари давлат қарор дошта, яке аз соҳаҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар шинохта шудааст. Зеро бунёди ҷомеаи солиму рушдёфта маҳз тавассути ташаккул додани илму маорифи пешрафта, ба роҳ мондани таълиму тарбияи мақсадноки ба арзишҳои миллӣ асосёфта, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон, муҳайё кардани шароити муосири таълим имкон дошта метавонад.
Яке аз омилҳои муҳимми таъмини рушди устувори соҳаи маориф ва муҳайё намудани шароит барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот таъмини маблағгузории соҳа ва афзоиши он мебошад.
Таҳлили маблағгузории соҳаи маориф дар панҷ соли охир дар умум нишон медиҳад, ки рушди ҳамасолаи маблағгузорӣ ва вобастагии он аз Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (ММД) дар сатҳи тавсиявии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 боқӣ мондааст. Дар соли 2022 ин нишондиҳанда ба 6 фоиз баробар шуда буд. Тибқи стратегияи мазкур вобаста ба сенарияҳои рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳиссаи маблағгузории соҳаи маориф вобаста ба ММД аз 5,5 то 7 фоиз пешбинӣ шудааст. Қариб 20 фоизи маблағҳои буҷети давлатӣ барои соҳаи маориф сарф карда мешаванд. Бояд қайд намуд, ки хароҷоти нисбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳаи маориф нисбат ба ММД аз давлатҳое чун Қазоқистон, Федератсияи Россия, Озарбойҷон, Арманистон ва як қатор давлатҳои пешрафтаи аврупоӣ зиёдтар мебошад.
Роҳбари давлат дар идомаи суханрониашон ба омӯзгорон муроҷиат карда изҳор доштанд: «Ман ба ҳар яки шумо, ки рисолати муқаддасу бузурги таълиму тарбияи наслҳои ояндасозро ба дӯш доред, муроҷиат карда, такроран таъкид менамоям, ки дар кадом зинаи таҳсилот фаъолият дошта бошед, дар навбати аввал, ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи касбияти худ эътибори доимӣ ва ҷиддӣ зоҳир намоед. Нисбат ба худ ва шогирдонатон серталаб бошед, фаромӯш накунед, ки агар шумо шогирдони худро мутобиқ ба талаботи замонаи пешрафт таълиму тарбия надиҳед, сифати таълиму тарбияро баланд набардоред ва дар ин кори ниҳоят муҳим саҳлангорӣ намоед, барои ояндаи миллат, ҷомеа ва давлат мушкилот эҷод мекунед».
Албатта, ин таъкиди Роҳбари маорифпарвари кишвар асос дорад. Яке аз омилҳои муҳимми рушди соҳа, махсусан, баланд бардоштани сифати таҳсилот пурра таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибихтисос мебошад. Тибқи Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 сентябри соли 2020, №526 тасдиқ шудааст, дар зинаи таҳсилоти томактабӣ дар соли 2019 ба ҳисоби миёна 51% кормандон дорои таҳсилоти омӯзгорӣ мебошанд. Аз онҳо мураббияҳои калон – 55,6%, омӯзгорон – 61,2% ва мураббияҳо – 49,5%-ро ташкил медиҳанд. Шумораи умумии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои 2010-2018 30,8% зиёд шуда, дар соли таҳсили 2019-2020 124593 нафарро ташкил додааст. Аз шумораи умумии омӯзгорон 92224 нафар ё худ 74% дорои таҳсилоти олӣ мебошанд. Бо вуҷуди афзоиши ҳайати умумии омӯзгорон таносуби шумораи хонандагон ба ҳар як омӯзгор низ афзоиш ёфтааст (аз 16,7 нафар дар соли 2010 то 17 нафар дар соли 2019). Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки талабот ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ нисбат ба пешниҳод хеле баланд аст .
Тибқи Маҷмуи омории соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2022-2023, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар шумораи омӯзгорон 126354 нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2019 1761 нафар зиёд мебошад. Аз ин шумора 76,2% (96276 нафар) дорои таҳсилоти олии касбӣ буда, 4,7% таҳсилоти олии нопурра доранд, 5% таҳсилоти миёнаи касбӣ, 12,1% таҳсилоти миёнаи касбии педагогӣ ва 1,9% дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳастанд. Аз шумораи умумии шахсоне, ки дорои таҳсилоти олии касбӣ ҳастанд, 9984 нафар дорои таҳсилоти олии ғайриомӯзгорӣ мебошанд. Шумораи омӯзгорон бо таҳсилоти миёнаи касбии ғайриомӯзгорӣ 6286 нафарро ташкил медиҳад. Албатта, ин омилҳо ба сифати таҳсилот бе таъсир намемонанд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид шуд, ки «Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардондани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад». Зеро пешрафти давлат ва ояндаи ободи Ватан аз сатҳи донишу маърифатнокии мардум вобастагии мустақим дошда, бесаводӣ, ҷаҳолат ва хурофот ба инсон танҳо бадбахтӣ меоварад ва боиси ақибмонии ҷомеа ва касодии давлат мегардад.
Низоми имрӯзаи маорифи ҷумҳурӣ ҳамаи имкониятҳоро барои баланд бардоштани касбият — соҳиби таҳсилоти миёна ва олии касбӣ шудан аз курсҳои такмили ихтисос гузаштан муҳайё кардааст. Аз ҳама муҳим бо баланд шудани сифати таҳсилот музди меҳнат низ баланд мешавад. Гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос имконият медиҳад, ки омӯзгор соҳиби дараҷаи тахассусии баландтар шавад, ки ин низ ба баландшавии музди меҳнати омӯзгор ва мақоми ӯ дар ҷамъият таъсири мусбат мерасонад.
Дастуру нишондодҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо — омӯзгоронро вазифадор менамоянд, ки ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи касбият, донишу малака ва масъулиятнокии худ кӯшиш намуда, шогирдонро мутобиқ ба талаботи замони муосир таълиму тарбия кунем, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия аз ҳамаи имкониятҳо истифода барем.
Ф. УСМОНЗОДА,
номзади илмҳои иқтисодӣ