ИФТИХОР АЗ УСТОДОН

Мақому эътибори омӯзгор дар ҳама гуна давру замон, новобаста аз шебу фарозу каму костагиҳои рӯзгорон, ҳеҷ гоҳ коҳиш наёфтаасту халалдор нашудааст.
Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони маҳбубамон ба боз ҳам боло рафтани мартабаи омӯзгор мусоидат кард. Бисёр дастуру қарорҳо ва асноди дигар, ки дар марҳилаи аввали Истиқлоли давлатии кишвар ба тасвиб расиданд, марбут ба бузургдошту дастгирии омӯзгор буданд.
Бо шарофати истиқлол дар кору фаъолият ва афкори омӯзгорон таҳаввулоти ҷиддӣ ба вуқуъ пайваст, масъулияту мустақилияти эшон бештар гашт. Омӯзгорон дарси худро бо андешаву ифтихороти миллӣ, бо худшиносии миллӣ тавъам намуданд ва ба вижа, дар ҷабҳаи тарбияи ватандӯстиву ватанпарварии шогирдон имконоти фаровон дарёфтанд. Ин вазъи хушоянду самаровар мақому мартаба ва эҳтироми омӯзгорони арҷмандро дар назди ҷомеа, дар назди аҳли Ватани маҳбубамон боз ҳам тақвият бахшид.
Ҳатмӣ нест, ки муаллими адабиёт аз шогирдони худ шоир созад, аммо ҳатмист, ки дар ниҳоди шогирдони худ парастиши шеъру сухан, Рӯдакию Айнӣ, забони модарию Ватанро пайрезӣ бикунад. Муаллими ҳақиқӣ онест, ки мекӯшад шогирдони худро инсон созад. Зимнан, вазифаи тарбияро бузургон ҳамеша аз он иборат донистаанд, ки инсонсоз бошад. Инсон сохтан маънии аз шогирдони худ шаҳрвандони шоистаи замон ба камол расонданро дорад. Шаҳрванди шоиста касе мешавад, ки маънии зиндагии худро дар хизмати халқу Ватан дарёбад, Ватанро бештар аз худ дӯст дорад ва зарур ояд, барои ҳифзи он ҷон супорад. Муаллим баҳри он ки шаҳрванди шоиста тарбия бикунад, худ бояд шаҳрванди шоиста бошад, дар роҳи таълими насли наврас аз сидқи дил талош варзад, ба ҳаққонияти кори худ эътимод дошта бошад, дар мактаб ва дар байни мардум ҳамчун ташвиқгари оташқалби ҳақиқати зиндагӣ, ҳамчун муборизи матинирода баҳри тантанаи ормонҳои наҷиби башарӣ шинохта шавад. Бидуни шубҳа, ин гуна муаллим дар ҷомеаи мо обрӯ меёбад ва сазовори бовару ҳурмати халқу Ватан мегардад. Муаллимони ҳақиқӣ мисли рӯдҳое ҳастанд, ки замини қалби шогирдонро сарсабз мекунанд ва дар он тухми хайру шарофат, нуру нафосат мекоранд. Шоир дар шеър ифода мешавад, сароянда дар суруд. Ҳунари муаллимро дарс ифода мекунад. Маҳз дарс намоёнгари истеъдод ва қудрати муаллим аст. Дарси муаллими ҳақиқӣ нотакрор аст, ҳар дарс ба рӯи бача олами тозае мекушояд, ҳар дарс ба чароғи ақли бача равғане мерезад. Муаллим дар мактаб симои асосист, ӯст, ки бачаҳои ҳарфношиносу худношиносро ба шинохтани ҷаҳон ва худ ҳидоят менамояд, ӯст, ки чашми бачаро ба ростиву зебоӣ боз мекунад.
Ибораҳои хушоянду гӯшнавози «инсони соҳибназар», «шахсияти соҳибмаърифат», «марди дарёдил», «фидоии роҳи илм», «бузургмарди роҳи илм», «фарзонамарде дар ҷодаи маърифат», «фурӯзонгари машъали хирад» ва амсоли инҳоро мо нисбат ба онҳое ба забон меорем, ки тавассути афкору аъмоли хеш хидмати шоистае ба халқу Ватан кардаанд.
Дар ҳақиқат, омӯзгор шахсест, ки беҳтарин хислатҳои ҳамидаи инсонӣ дар симои ӯ таҷассум ёфтааст. Омӯзгорӣ пешаест басо бузург ва муътабар. Ҳама бузургон, ки кафшиётҳои оламгир кардаву ба шоҳроҳҳои илму маърифаи расидаанд, сабақ аз омӯзгор гирифтаанд.
Ман худро аз он хушбахт мешуморам, ки аз сабақҳои устодони маъруф донишмандони мумтоз Ш. Ҳусейнзода, В. Асрорӣ, С. Табаров, Р. Мусулмониён, Р. Додихудоев, М. Қосимова, Б. Камолиддинов, А. Сатторзода, Х. Шарифов, Д. Хоҷаев, А. Маҳмадаминов, Х. Асозода, Ш. Кабиров, М. Норматов, Ш. Бобомуродов, С. Ҳалимов, А. Каримов баҳравар гаштаам.
Устодони азизи ман тамоми ҳастии хешро баҳри маърифатнок намудани ҷомеаи имрӯза бахшидаанд ва ҳеҷ гоҳ меҳрубониву мададгории худро аз шогирдон дареғ надоштаанд.
Барои ман ҳар дидор бо устодонам то имрӯз мояи ифтихору хушнудист. Симои нуронии устодон ба кас умеду неру, ҳисси дилгармӣ ба ҳаёт мебахшад.
Устодонам дар радифи таълими забони тоҷикӣ ба мо шеваи дӯст доштан, муҳаббат варзидан ба инсонро омӯхтанд. Онҳо шогирдонро самимона, падарвор дӯст медоштанд, ба ҳама бо меҳру шафқат менигаристанд.
Мо, шогирдон, аз устодонамон бисёр чиз омӯхтем: ҳам донишу маърифат, ҳам одаму одамгарӣ, ҳам одоби муошират ва ҳам ҳикмати зиндагӣ. Фаъолияти устодон ҳаргиз танҳо ба дарс маҳдуд намешуд, берун аз дарс ҳам фаъолияти густурдаи тарбиявӣ доштанд…
Дар ҳақиқат, олимону устодони номдорро мардум дар ҳар давру замон вобаста ба хидмат, қадру қимат ва осорашон дӯст медоранд.
Маҳбуба БОБОМУРОДОВА,
дотсенти кафедраи методикаи
таълими забон ва адабиёти тоҷики
ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ