ВАЗЪИ ТАЪЛИМ ДАР МАКТАБҲОИ ОЛИИ ПОЙТАХТ

Тибқи дастури вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ вазъи пешбурди раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии воқеъ дар шаҳри Душанбе мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуд. Пешбурди фаъолияти таълим ва тарбия дар ҳафтаи аввали соли таҳсил дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисодиёти Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шуд. Натиҷаҳо нишон доданд, ки таълиму тарбия дар муассисаҳои болозикр тибқи талабот дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.
Зимни санҷиши раванди таълим дар факултети энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ маълум гардид, ки дар аксар гурӯҳҳои таълимӣ журналҳо дастрас набуда, аксари донишҷӯён аз 15 то 30 дақиқа ба дарс дер ҳозир мешаванд ва иштироки донишҷӯён дар дарсҳо нопурра аст. Донишҷӯёни курсҳои болоӣ аксаран ягон дастуру адабиёти таълимӣ бо худ надоранд.
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон омодагӣ ба соли нави таҳсил, тозагии гирду атроф, саҳни донишгоҳ, синфхонаҳои таълимӣ хуб ба роҳ монда шуда, ҷадвалҳои дарсӣ тасдиқ гардидааст. Мутаассифона, барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои раванди таълим, аз қабили омода кардани журналҳои гурӯҳӣ ва ба гурӯҳҳо тақсим намудани донишҷӯёни курси якум то ҳол ба анҷом нарасидааст.
Ҳангоми боздид аз раванди машғулиятҳои таълимӣ дар факултетҳои донишгоҳ аз ҷониби бархе аз омӯзгорон бо масъулияти баланди касбӣ ва омодагии хуб ба машғулиятҳо ҳозир шуда буданд, аммо дар курсҳои 4 факултети зеҳни сунъӣ 6 гурӯҳи донишҷӯён дар соати 4-ум ба машғулиятҳои таълимӣ ҳозир нашуданд.
Дар рафти санҷиши фаъолияти факултети иқтисодиёт ва тиҷорати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон маълум гардид, ки раёсати факултет ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба соли таҳсили 2023-2024 омода гардидан тадбирҳои заруриро андешидааст. Аз ҷумла, ҷадвали дарси таълим барои ҳамаи ихтисосҳо ва курсҳо омода гардида, аз тарафи роҳбарияти муассисаи таълимӣ тасдиқ карда шудааст. Синфхонаҳои таълимӣ аз рӯйи имконият таҷҳизонида шудаанд.
Гарчанде ки омодагии омӯзгорону донишҷӯён ба дарс, риояи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ ба қадри имкон риоя гардида бошад ҳам, дар самти давомоти донишҷӯён камбудию норасоиҳо мавҷуд буданд. Санҷиш нишон дод, ки соати 4-ум дар факултети муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ, ҳуқуқ ва гумруки донишгоҳ машғулиятҳои дарсӣ тибқи ҷадвали дарсӣ роҳандозӣ карда нашуда, дар курсҳои сеюм давомот 60-65%-ро ташкил медод. Аммо бар замми ин аз 7 гурӯҳи таълимие, ки дар соати 4 бояд тибқи ҷадвали дарсии тасдиқшуда дарс баргузор карда мешуд, мутаассифона, дар 4 гурӯҳи таълимӣ дарсҳо ба роҳ монда нашудааст.
Дар факултети сайёҳии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон натиҷаи санҷиш нишон дод, ки дар гурӯҳҳои санҷидашуда аз 180 нафар донишҷӯ дар дарсҳо 116 нафар иштирок намуда, 62 нафарашон бо сабабҳои гуногун иштирок надоштанд, ки ин 64% -ро ташкил медиҳад.
Дар факултетҳои молия ва қарз, технологияи иттилоотӣ дар иқтисодиёт ва иқтисод ва бизнеси Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон санҷиш нишон дод, ки гарчанде ки омодагии омӯзгорону донишҷӯён ба дарс дар сатҳи зарурӣ ба назар мерасид, аммо давомоти донишҷӯён начандон хуб буд.
Ҳолати дигаре ки дар рафти санҷиш маълум гардид, ин то ҳол омода нагардидани нусхаи ниҳоии ҷадвалҳои дарсӣ дар факултетҳо мебошад. Тавре мушоҳидаҳо нишон доданд, дар баъзе ҳолатҳо синфхонаҳои таълимӣ бо ҷадвали дарсӣ мувофиқат намекарданд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи дастури вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ вазъи пешбурди раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, иҷрои талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи муносибатҳои соҳаи маориф ва илм дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ мунтазам мавриди санҷиш ва таҳлилу омӯзиш қарор дода шуда, дар ҷаласаҳои назоратии назди вазири маориф ва илм баррасӣ мегарданд.