КӮДАКОН БОЯД МАКТАБДӮСТ БОШАНД

Кӯдакон бо расидан ба синни 7-солагӣ ба дунёи наве бо номи мактаб ворид мешаванд. Мактаб нахустин қадам ва марҳалаи пайванди кӯдак бо ҷомеа аст. Дар ибтидои соли таҳсил, хусусан, барои кӯдаконе, ки ба синфи якум мераванд, мумкин аст, мушкилоте дар заминаи ба мактаб рафтан ва ё баҳонаҳое аз қабили дӯст надоштани омӯзгор ба вуҷуд ояд, ки ин сабабҳои худро дорад. Аз ҷумла, якбора дур кардани кӯдак аз оғӯши асбобу лавозими бозиҳояш, ки ҳатто дар бистари хобаш ҳам дар канораш мехобанд; дувум, зиндагии озодонаи ӯро халалдор карда, барояш реҷа ва низомҳоеро ҷорӣ мекунанд, ки ҳеҷ гоҳ тобеи он буданро намехоҳад.
Як омили дигари табаддулоти ҷиддӣ дар ҳаёти мактабии кӯдакон дар китоби «Аҷоиботи Баткам»-и А. Байзоев аз забони худи кӯдак чунин тасвир ёфтааст, ки бозгӯйи хостаҳои кӯдак ва вокуниши барномарезон ба он аст:
«То мактаб рафтан маро дар хона «Сандуқчаи савол» мегуфтанд. Чунки фақат ҳамаро саволборон мекардам: Ин чӣ? Барои чӣ? Чӣ хел? Кай?… Зудтар мактаб рафтанро орзу мекардам. Мактаб ба назари ман махзани илму ҳунар буд, яъне ҳар чиро ки хоҳӣ, ёд мегирӣ. Ҷое, ки ба саволҳоят ҷавобҳои дуруст меёбӣ. Омӯзгорро ҳамчун кони дониш тасаввур мекардам ва дар ғайбаш кайҳо дӯст дошта будам. Ба китобҳое, ки барои ман харида буданд, бо меҳр менигаристам… Аммо аз ҳамон рӯзҳои аввали мактабравӣ чанд чизи аҷибро ҳис кардам… Аз ҳама аҷибаш ин буд, ки акнун муаллима бештар савол медоданду мо бояд ҷавоб мегуфтем. Ҳисси кунҷковиву саволдиҳӣ аз мо оҳиста-оҳиста дур мешуд. Ҳатто барои мо маълум набуд, ки чаро аз худи мо напурсида, ҳамин гуна саволу супоришҳоро дар китоб ҷой медиҳанд. Саволҳои китоби дарсӣ ҳамааш барои мо буд!
Ман акнун аз «Сандуқчаи савол» ба «Сандуқчаи ҷавоб» табдил ёфта будам!»
Аммо кӯдак чи дӯст дорад ё дӯст надорад, боз ҳам вазифаи асосии мо, падару модар аст, ки ба кӯдак ёрӣ диҳем, то дар мактаб рафтори хуб дошта бошад ва вазифаҳояшро дуруст ва бе ғалату нуқс ба иҷро расонад. Шояд кӯдак бо исрору иҷбори волидайн чанд соате дур шудан аз саргармиҳои ҳаррӯзаи худро қабул намояд, вале вақте дар мактаб бо «сиёсатҳо»-и бемавқеи омӯзгор рӯ ба рӯ мешавад, дигар мактаб барояш на як вақти дарди сару дилгиркунандаи ҷудоии муваққатӣ аз бозичаҳо, балки ба таъбири устод С. Айнӣ зиндонро мемонад.
Воқеан, равиши дарсдиҳии омӯзгорон гуногун аст: яке бо муҳаббат дарс мегузарад, дувумӣ бо танбеҳу таҳдиду таҳқир ва дигаре зӯри панҷаашро ба хонанда нишон медиҳад. Задан бар сару рӯй, тоб додани гӯш, задан бар китфу пушт, кашидани мӯй, баҳои «2» гузоштан дар пешонии хонанда ва дигар амалҳое ба инҳо монанд ҳолати равониро бад, шодиҳоро саркӯб, зеҳнро суст мекунад ва монеи донишомӯзии кӯдак мегарданд. Аз ҳама бад, кӯдак бовар ба худашро аз даст медиҳад ва ин амалҳо тарсро низ дар вуҷуди кӯдак ба вуҷуд меоранд, саранҷом агар тарс ба як беморӣ мубаддал шавад, аз байн бурдани он кори осон нест.
Бояд амали бади кӯдак сарзаниш шавад, на шахсияти ӯ аз ҳар ҷиҳат мавриди таҳқир қарор гирад. Масалан, агар кӯдак кори ношоистаеро анҷом додааст, бояд гуфт: «Ин кори ту нодуруст аст», на ин ки: «Ту одами беақл ҳастӣ».
Мусаллам аст, ки дилхоҳ инсон ҳамеша як ҳолати руҳӣ надорад ва вобаста ба гирифториҳои хонаводаву мушкилоти ҷойи кор метавонад гоҳе хаставу афсурда ва гоҳе хурсанду болида бошад. Вале ба фарқ аз ҳама касбу кор, касби омӯзгорӣ талаб менамояд, ки омӯзгор бояд дар назари кӯдак/мактаббача ҳамеша болидаруҳ бошад ва бо ин амали худ ба ӯ руҳ бахшад ва ҳақ надорад, ки деги ғазаби худро ба сари мактаббача холӣ намояду «қасди Исоро аз Мӯсо гирад».
Бояд ҳамеша ин нуктаро пеши назар дошт, ки кӯдакон ояндаи ҷомеаро ташкил медиҳанд ва қарор аст, ки ҳар яке аз онҳо саҳми муҳимме дар ҷомеа дошта бошанд. Аммо, ба ростӣ, чӣ гуна чунин афроде, ки сатҳи дониши паст дошта, ба хубӣ омӯзиш надидаанд, метавонанд ҷомеа ва бахшҳои муҳимми онро идора кунанд?
Дар ин миён, дар баробари санҷидани дониш, ҳолати руҳӣ ва равонии омӯзгорон, махсусан, омӯзгорони ҷавон, ки дар синфҳои ибтидоӣ дарс медиҳанд, аз ҷониби равонпизишкон бояд хуб санҷида шавад, то хурдтарин дағаливу дуруштиро нисбат ба кӯдакон раво набинанд ва барои босаводу доно шудани онҳо бо дасту дилу нияти пок ҷаҳду кӯшиш намоянд.
Омӯзиш ба кӯдакон ҳамроҳ бо донишу ситоиш бошад, на бо танбеҳу таҳқиру сарзаниш. Бо сипоси беандоза ва узрхоҳии ниҳоят зиёд аз омӯзгорони арҷманде, ки бо кӯдакон меҳрубон ҳастанд, чун фарзанди хеш онҳоро дӯст медоранд ва барои донишманд шудани кӯдакони ин сарзамини муқаддас –Тоҷикистони азиз пайваста саъю кӯшиш мекунанд.
Ҷ. АБДУЛҲАДОВ,
дотсент, муовини декан оид ба илми
факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ