ТАШХИСИ ДАҚИҚИ ВОҚЕИЯТ

Мақолаи профессор С. Ятимов таҳти унвони «Эҳёи миллат – бақои давлат» бо моҳияти фарогири идеологӣ ҳамоҳанги замон буда, дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ (бархӯрди мафкураҳо) хосияти мушаххаси роҳнамоӣ дорад.
Дар муқаддима бо оҳанги нарми фалсафӣ тавзеҳи мафҳуми «мавҷудоти соҳибшуур» (инсон) аз чанд дидгоҳ ҷараён пайдо карда, ҳадафи ҳастии инсон бо назардошти амалу андешаҳояш шарҳи маҷмуӣ меёбад. Профессор С. Ятимов бо мантиқи амиқи илмӣ меҳвари мақсадро дармеёбад ва як сабку услуби хосаи муаллиф он аст, ки бо пешниҳоди содаи матлаб мураккаббаён нест. Муаллиф бо назарияҳои универсалӣ ва таҳлили қиёсии илмӣ хуб балад аст ва гуфтори шифоҳиву китобии эшон (ин андеша дар заминаи танҳо ду мушоҳида аст) тақрибан дар як сатҳ қарор доранд.
Як хусусияти назарраси рисола он аст, ки дар ҳукму хулосаҳо қатъӣ ва асосноканд. Ин ҷиҳат дар қисмати «Давлат ва масъалаҳои ҷаҳонбинӣ» хеле равшан падидор шудааст. Дар ҳақиқат, яклухтӣ, мухторӣ ва озодманишӣ пойдевори аслии давлат аст ва ҷои инкор низ нест, ки дар сурати «инкор гардидан ва рахна гардидан»-и яке аз ин се унсур давлат нест мешавад. Муаллиф бо назардошти таҳоҷум ба олами афкори ҷомеа (ғасби олами мафкура) дар шароити ҷаҳонишавӣ андешаҳояшро самт бахшида, ҷаҳонбинии оммаро ҳам мураккаб ва ҳам осебпазир медонад, ки он воқеияти ҷаҳони муосир мебошад.
Профессор С. Ятимов хеле дақиқкорона номутаносибии авзои иҷтимоиро дар мутавозун набудани ҷаҳонбинии миллӣ ва олами таассубу хурофот нишон додааст, ки натоиҷи манфии онро имрӯз дар мамолики зиёди Шарқи наздик (бештар мамолики арабӣ) дидан мумкин аст. Манфиат ҳамчун як категорияи илмӣ бо паҳлуҳои гуногун шарҳ дода мешавад. Дар ин самт наметавон аз фанатизми динӣ қатъи назар кард, ки он дар навбати аввали ҷуз ҷаҳолат чизи дигаре нест. Муносибати муаллиф ба масъалаҳо аз мавқеи гуманизм ва патриотизм сурат мегирад ва тавсеаи андешаҳояш гувоҳи огаҳ будани ӯ аз ҷараёнҳои гуногуни иҷтимоӣ аст. Муҳаққиқ С. Ятимов дар ҷумлаи «Ана, ҳамин аст дастоварди бузурги воқеӣ ва таърихии ононе, ки мехостанд ва мехоҳанд мардуми мусулмонро як умр ғулом, дастнигар, мутеъ, ҷоҳил, вобаста ва олоти муборизаи худӣ дар муқобили худиҳо, завқманди рехтани хуни якдигар бинанд…» ҷараёну шохаҳои сиёсатҳо ва иделогияҳои таҳмилиро, ки дақиқан пойбанди манфиатҳои ҷомеаҳову гурӯҳҳои зиёд мебошанд, хеле равшан баён кардааст.
Яке аз қисматҳои ҷолиб, реалӣ ва холисонаи рисолаи С. Ятимов «Руҳоният ва даврони эҳё» ном гирифтааст. Мусаллам аст, ки ба манфиатҳои миллӣ мувофиқ намудани таъйинот, назария ва амалияи дин дар шароити имрӯза муҳимтарин ҳадаф буда метавонад. Аз оне, ки динро дар шароити имрӯза сиёсӣ сохтаанд ва онро чун силоҳи сиёсӣ истифода мекунанд, ин ба ҷуз бадбахтии ҳамон соҳибони дин чизи дигаре нест. Нисбат ба дини ислом ин муносибат бештар раво дида шудааст ва ҳолатҳое, ки баъзан диндорони мо аз дини худ манфиат меҷӯянд, дар замони имрӯзу гузашта кам набуданд ва нестанд. Ишора ба таъбири Эразм Ротердамский андешаҳои муаллифро пурратар месозанд. Мисоли пешовардаи муаллиф нисбат ба фазои иҷтимоиву сиёсии Даврони Эҳё дар Аврупо барои фазову муҳити зиёда аз ҳазорсолаи маъанавию сиёсии миллати тоҷик низ дахл дорад. Агар чунин намебуд, ифодаҳои «…аз ҳазорон Каъба як дил беҳтар аст», «…доми тазвир макун чун дагарон Қуръонро», «…ҳар айб, ки ҳаст дар мусалмонии мост» ва ғайра садсолаҳо қабл пайдо намегаштанд.
Муаллифи мақола бо таҳлилҳои асосноки илмӣ ва усули қиёсии баёни андеша бо оҳанги саволу хитоб ҳар як қисмати рисоларо бо ҳам пайванди мантиқӣ бахшидааст. Масалан, дар руҷуи «Эҳёи миллӣ ва суботи миллӣ» бо суроғи зиндагии шоистаи инсон роҳу василаи аз як зина ба зинаи дигар гузаштан ва суботмандона тай кардани марҳалаҳоро ҳамчун савол пеш гузоштааст, ки ҷавоби онҳоро дар уфуқҳои фарогирифтаи рисола хеле осон пайдо карда метавонем. Садои даъвати муаллиф оҳанги худшиносии миллиро касб менамояд ва боҷуръатона аз он таъкид карда мешавад, ки таблиғи бедории миллии мо бояд на зоҳириву намоишкорона, балки дар пояи воқеият сурат гирад. Дуруст аст, ки Ақл, Хирад ва Мантиқ пояи меҳварии бедории миллӣ ба шумор мераванд ва мавҷудияти воқеии хирадгароиву ақлсолорӣ дар тамоми табақаҳои ҷомеа муҷиби таҳкими давлатдории миллӣ гардида метавонад.
Профессор С. Ятимов хидматҳо, роҳнамоиҳо ва даъватҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи Эҳёи миллат «ҳақиқати эътирофгардида» ҳукмгузорӣ менамояд. Дар ҳақиқат, ҳар яки мо низ бояд эътироф намоем, ки «…Сарвари давлати тоҷикон амалеро, ки дар доираи тавони як раҳбари камназир ва ватанпарвари таърихофарин аст, иҷро намуд ва намунаи чунин шефтагӣ ва садоқатмандии миллӣ дар таърих камшумор аст». Таассуфи муаллифи рисола он аст, ки «раванди амалисозӣ гаштани ташаббуси таърихии Даврони Эҳёи миллати тоҷик хосияти зоҳирпарастона ва ҳисоботдиҳӣ касб кард». Ин андешаи муаллиф асоснок аст ва заъф доштани баъзе паҳлуҳо боиси он гардидаанд, ки руҳияи саҷдагорӣ ба фарҳанги бегона, ифротгароиву таассуб, хурофотпарастиву бетафовутӣ дар ҷомеаи мо то ҳадде боло равад. Муаллиф боҷуръатона аз ҷузъиёти гуногуне ишорат мекунад, ки адами онҳо ба ҳифзи боэътимоди ояндаи амнияти миллӣ таҳдид менамоянд.
Дар ниҳоят бояд зикр кард, ки назарияҳои зиёд дар илмҳои ҷомеашиносии имрӯза омилҳои гуногунро дар самту ҷараёни нав касб кардани зуҳуроти гуногун пешниҳод менамоянд, ки дар ин маврид фосилаи миёни назокати мафҳумҳои дониш ва маърифат хеле кам ба инобат гирифта мешавад. Агар маърифат мафҳуми нисбатан умумӣ бошад, пас дониш ин олами амиқтару возеҳи ба як масъала назар андохтан аст. Дар баробари ин, ҳамоҳангӣ, такрор ва қолабӣ будани як фикрро дар олами муосир шароити ҷаҳонишавӣ хеле кам қабул медорад. Илмҳои алоҳида ҳеҷ гоҳ аз байн намераванд ва ҳамчун оғози классикӣ дар доираҳои нав бо равандҳои муосир ҳамоҳанг (модерн) мешаванд. Ба назар гирифта тавонистани ин нуктаи ҳассос ба он муҳаққиқе даст медиҳад, ки бо ҷаҳонбиниҳои пайваста такмил-ёбанда ва донишҳои ҳамқадами замон балад бошад. Профессор С.Ятимов аз зумраи ҳамин муҳаққиқонест, ки набзи замон ва дурнамои онро дар заминаи донишҳои сиёсӣ, дипломатӣ, ҳуқуқӣ, ҷомеашиносӣ, адабиёт, таърих, публитсистика ва амсоли ин ташхис карда метавонад. Оммавияти андешаҳои илмии муаллиф ба фаҳми хонандаи умум хеле қарин аст ва аз он ҷомеа суд бардошта метавонад. Чанд андешае, ки дар боло баён гардиданд, ба таври маҷмуӣ дар ҳошияи таҳлилҳои пурмуҳтавои профессор С. Ятимов сурат гирифтанд. Рисолаи «Эҳёи миллат – бақои давлат» рисолат ва мавзуи рӯз аст, ки ба доираи васеи аҳли зиё (ҳамчун мафкурасозони ҷомеа) нигаронида шудааст. Он дар заминаи омӯзиши гузашта, ташхиси имрӯза ва дурнамои фазои мафкурасозиҳо дар роҳи эҳёи миллат таркиб ёфтааст. Ба назар гирифтани таҳлилҳо, таҳқиқҳо, ҳушдору хулосаҳо ва пешниҳодоту чандин ҷузъиёти дигари рисолаи мазкур вазифаи олимону муҳаққиқону адибонест, ки ҳамчун бунёдгарони олами маънавӣ эҳсоси самимиву баланди ватандӯстӣ доранд.
Бахтиёри ҚУТБИДДИН,
доктори илми филология,
декани факултети
журналистикаи ДМТ