ТАВОНИ ФИКРӢ ВА ШИНОХТИ МАНОФЕИ МИЛЛӢ

Чанд мулоҳиза дар ҳошияи рисолаи профессор С. Ятимов «Эҳёи миллат – бақои давлат»
Рисолаи профессор С. Ятимов «Эҳёи миллат – бақои давлат» се масъалаи муҳим ва калидӣ – нақши давлат дар таҳаввулоти фикрӣ; ҷаҳонбинӣ ва таҳаввулоти таърихию имрӯзӣ ва ҷойгоҳи категорияи «манфиат» дар низоми зиндагии сиёсию мафкуравии миллиро фаро гирифтааст. Муаллиф бо такя ба адабиёти тахассусӣ ва навтарин дастовардҳои илмӣ-фалсафӣ сари масоили мазкур тамаркуз намуда, бар мабнои воқеияти замонӣ ва ҳассосиёти сиёсӣ натиҷагириҳои ҷолиби ихтисосӣ кардааст.
Профессор С. Ятимов дар бахши «Давлат ва масъалаҳои ҷаҳонбинӣ» масъалаи иртиботи давлатро бо низоми ҷаҳонбинӣ, ки омили калидии бақои миллат ва натиҷатан давлат дар тӯли таърих будаву ҳаст, ба миён мегузорад ва ҳушдор медиҳад, ки осеб дидани ҷаҳонбинии ҷомеа ба осебпазир шудани давлат ва дастгоҳи давлатӣ мунҷар мегардад ва баръакс, ба таври бояду шояд кор накардани дастгоҳу механизмҳои давлат боиси осеби ҷиддӣ дидани низоми ҷаҳонбинӣ мешавад. Бинобар ин, системаи давлатиро аз низоми бинишу ҷаҳоншиносии мардумӣ набояд ҷудо кард, балки ҳар ду дар таъйини сарнавишти миллат ва бақои давлат нақши меҳварӣ доранд. Муаллиф тазаккур медиҳад, ки: «Мувофиқати муҳтавои ҷаҳонбинии омма ба сохти давлатдорӣ ҳамчун замонати бардавомӣ, устувории сиёсӣ ва итминони аҳолии мамлакат, кишварҳои минтақа ва ҷаҳон нисбат ба пешгӯӣ ва ояндасозии маҷмуи муносибатҳо дар қаламрави давлат ба ҳисоб гирифта мешавад».
Дар бахши «Дарки воқеии манфиат» муаллиф вазъи ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллатро, ки тайи солҳои ахир тавассути таҳоҷуми фарҳангию мафкуравии аҷнабиён осебпазиру хадшадор гардидааст, бозгӯ мекунад. Тарзи биниш ва кайфияти ҷаҳоншиносию ҷаҳонбинии мардум дар ҳар давру замоне баёнгари воқеияти ҷомеа будаву ҳаст. Аз ҷониби дигар, ҷаҳонбинӣ ва ба истилоҳ, «назаргоҳ»-и қавму миллиятҳо дар тӯли таърих сабабу иллати ихтилофоту суъитафоҳумот ва дар навбати худ пешравию тараққиёт гардидааст.
Профессор С. Ятимов дар ин бахш ба зарурати ҷаҳонбинии миллӣ, ки маҷмуаи шинохти як миллатро дар фазою замону макони мушаххаси таърихӣ ифода мекунад, таъкид меварзад ва он (ҷаҳонбинии миллӣ)-ро ба унвони меъёри ҳаётӣ талаққӣ менамояд. Зиёда аз ин, ҳассосият ва воқеиёти даврро дар қиболи масоили бинишӣ матраҳ намуда, заъфи фикрӣ ва халовакууми маънавиро дар шароити бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ осеби бузурги иҷтимоӣ медонад.
Дар зимн, солҳост, ки арзишҳои миллӣ, ки аносири бозсозии ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии миллат маҳсуб мешаванд, бар асари саҳлангорӣ ва бетафовутии қишри зиёӣ, аз ҷумла, фарҳангиён, омӯзгорон, табибон, адибон, шоирон, нависандагон, олимон, донишмандон ба бунбаст мувоҷеҳ шуда, сабаби ҳузуру нуфузи саросарии мафкураи хурофии бегона дар муҳитҳои иҷтимоӣ ва фазои куллии миллӣ гардидаанд. Воқеан, тайи понздаҳ-бист соли ахир аз тариқи барномарезиҳои махсуси хориҷӣ, ки дар доираи бозиҳои геополитикӣ роҳандозӣ шудаанд, фазои сиёсию маънавии кишвар ва минтақа мағшуш шуда, хурофоту таассуби мазҳабӣ дар баданаҳои иҷтимоӣ решадор гардидааст. Ин ҳолати буҳронӣ ба давлат ва дастгоҳҳои давлатӣ таъсири манфӣ расонида, роҳро барои шикасти низоми сиёсӣ ва давлати миллӣ ҳамвор месозад. Ба ин маъност, ки сиёсатшиноси миллӣ бонги изтироб мезанад ва аз ниҳодҳои зиддахли давлатию институтҳои таъсиргузори иҷтимоӣ даъват ба амал меоварад, ки дар роҳи таҳкими ҷаҳонбинии миллӣ ва истеҳкоми давлати дунявӣ қадамҳои устувор бардоранд ва дар ҳамбастагию ҳамшарикӣ давлати тоҷиконро аз газанду бади рӯзгор ҳифз намоянд.
Дар бахши «Эътимоднокии субот» муаллиф аз нақши давлат дар таъмини систематики амнияту суботи ҷомеа сухан ба миён меоварад ва бар мабнои таҷриботи таърихӣ сари кафолату замонати системаи давлатӣ тамаркуз намуда, ҳар эҳтимоли хубу бадро дар раванди мавҷудияти давлату миллатҳо имконпазир медонад. Аз сӯйи дигар, бо чашми ибрат нангаристан ба ҳаводиси талхи гузашта ва наандӯхтуни таҷрибаи зарурии таърихӣ сарнавишти давлату миллатҳоро номуайну номушаххас месозад.
Дар бахши «Намунаи таърихии Эҳёи миллӣ» сиёсатшинос масъалаи инқилоби мадании эҳёгарони асримиёнагии Ғарбро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷасорати баланди илмию иҷтимоӣ ва иқдомоти созандаи намояндагони барҷастаи илму маданияти Ғарбро, ки дар баробари фишору зӯргӯйии дастгоҳи хуношоми калисои католикӣ таслим нашуда, алайҳи хурофоту таассубу ҷаҳолати асримиёнагӣ қаҳрамонона муқовимат кардаанд, ҳамчун намунаи таърихии Эҳёи миллӣ васфу ситоиш менамояд. Пешравию таҳаввулоти минбаъдаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фикрӣ, илмӣ, ахлоқӣ, ҳувиятӣ ва билохира моддию маънавие, ки баъдан дар Аврупо ва Ғарб иттифоқ афтод, самараи ибтикороту ташаббусоти эҳёгарони асримиёнагии ғарбӣ будааст. Ба ин мазмун, ҳар як миллат тайи таърихи мавҷудияти худ давра ва мароҳили бозсозию бозофаринии зеҳнию ақлониро пушти сар мекунад, ки дар қолаби Эҳё ё Ренессанс мунсаҷим мешавад. Эҳё ё Ренессанс раванди бозтавлидӣ ва азнавофаринии илму ҳунару фарҳанги классикию намунавӣ дар таърихи башарӣ мебошад. Ба ин маъно, халқияту миллатҳои пешрафта ва мутамаддин ба хотири таъмини манофеи миллию фарҳангӣ намунаҳои баланди фалсафӣ, маданӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва эҷодии худро аз нав зиндаю эҳё мекунанд.
Пешгомони ҷараёни Эҳё ва ё Ренессанси аврупоӣ инсонмеҳварӣ (антропосентризм)-ро ба майдони илм оварда барои истиқлоли донишҳои илмӣ ва фалсафӣ дар сатҳи давлатию ҷамъиятӣ ҳадафмандона мубориза бурданд Эҳё ё Ренесанси аврупоӣ маънои бозгашт ба ақлдоварӣ ва хирадмеҳвариро, ки дар фалсафаи юнонӣ ва сиёсати римӣ мақом ва ҷойгоҳи калидӣ доштааст, дорад. Мутафаккирони даврони эҳёӣ аз тариқи зинда кардани мантиқу фалсафаи юнонӣ дар мақоми абзори таъсиррасонии иҷтимоию фикрию сиёсӣ саъю талош намуданд, ки дастгоҳи муқтадир ва дар айни замон печидаю пӯсидаи калисоӣ ва низом-системаи истибдодии давлатдории асримиёнагиро аз пой дароваранд.
Муаллиф дар бахши «Руҳоният ва даврони Эҳё» масъалаи руҳониёни саршиносу меҳанпарасти аврупоиро матраҳ мекунад, ки ҳадафмандона алайҳи таассуби шадиди калисои католикӣ мубориза бурда, дин ва мазҳабро дар хидмати миллат қарор додаанд.
Дар замон ва шароити нави таърихӣ тарроҳони пружаҳои сиёсӣ-мафкуравӣ, ки ба хотири пиёда сохтани манофеи геополитикӣ «иқдом» менамоянд, барои ташаннуҷи авзоъ, барангехтани кинаву адовату ихтилофоти ақидатӣ ва билохира, ноорому бесубот сохтани манотиқ маҳз аз таассуби артиши руҳониёни суннатии муҳофизакор ва қишри ҷаҳолатписанди динӣ васеъ истифода мебаранд. Аз ин ҷост, ки муаллиф масъалаи сифатан тағйир ёфтани зеҳниёти руҳониён ва ба сӯйи манофеи миллӣ майл додани онҳоро мадди назар қарор дода, дар ин замина истифода аз таҷрибаи донишмандону теологҳои саршиноси миллии Даврони Эҳёи Аврупоро зарур медонад. Яке аз динмадорони меҳанпарасти аврупоӣ Мартин Лютер мебошад, ки бо афкори созанда ва меҳанпарастонаи худ дунёи Ғарбро дар қиболи дину диёнат тағйир додааст.
Дар воқеъ, Мартин Лютер (1483-1546) аз ҷумлаи рӯшангарони диниест, ки тавассути ислоҳоти фарогири мазҳабӣ дар ҷомеаи аврупоӣ ҷойгоҳи шоиста касб кард ва як умр бо элитаи мазҳабӣ муқовимат намуда, дар таърих ба унвони реформатори ҷиддии динӣ ва поягузори мазҳаби эътирозии масеҳӣ (протестантизм) муаррифӣ гардида, минбаъд ҳаракати лютерӣ (лютеранство) идомаи фаъолияти сиёсию мазҳабӣ-ислоҳотии ӯро миёни табақоти дигари ислоҳотхоҳи мазҳабӣ муаррифӣ намуд.
Мартин Лютер, ки марҳилаҳои таълимоти мазҳабиро гузашта буд, аз найрангу тазвири тоифаи руҳонӣ огаҳ шуд ва худро дар баробари беадолатиҳои элитаи мазҳабӣ қарор дод. Лютер дар барномаи таҷаддудгаройии хеш бар ин бовар буд, ки давлат набояд аз руҳоният вобаста бошад ва дар айни замон, руҳониён набояд худро миёнарав байни Худо ва инсон ҷилва бидиҳанд. Ин навъ ҷасорат дар таърихи масеҳият бесобиқа буд ва рӯйирост муқобили дастуроти Папаи Рим баромадан, мавқеъгириҳои ҷасурона ва напазируфтани нуфуз-авторитети Папа пояҳои ҷомеаи мутаассибро, ки дар калисои католикӣ мунсаҷим шуда буд, суст кард. Агарчи ӯ дар роҳи муборизаи беамон алайҳи дурӯғу риёкориҳои он замон ҷон бохт, кору пайкори ӯ ҳамчунон идома ёфт ва то имрӯз пайравони маслаки лютерӣ мактаби ислоҳотгаройиашро идома мебахшанд.
Дар бахши «Эҳёи миллӣ ва суботи миллӣ» муаллиф бедории воқеии миллиро ба се ҷавҳар-субстансия – Ақл, Хирад, Мантиқ марбут дониста, таъкид мекунад, ки: «Хирадгароӣ ва Ақлсолорӣ аз хурд то бузург, фарогири кулли табақаҳои ҷамъиятӣ ва мояи ифтихори мардум – Миллат ва саҷдагоҳаш Ватан гардад».
Бахши «Даврони Эҳёи миллати тоҷик»-ро муаллиф ба сифати бахши фаровардӣ-ниҳоӣ дар матлаби тахассусӣ ҷой дода, дунбол кардани ҳадафи асосӣ – расидан ба марҳилаи Ақл, Хирад ва Фаросатро аз кулли аъзои ҷомеаи тоҷик тақозо менамояд. Таваҷҷуҳ ба шинохти мушкилот ва ҳалли уқдаву муаммоҳои рӯз, ки сол ба сол вазъи мафкуравӣ, иҷтимоӣ, ҳувиятӣ, ахлоқӣ ва мадании моро ноҷӯртар месозанд, аз ҷумлаи ҳадафу барномаҳои стратегӣ маҳсуб меёбад.
Ба ин тартиб, рисолаи сиёсатшинос С. Ятимов «Эҳёи миллат – бақои давлат» дар муаррифии тахассусии Даврони Эҳёи Аврупо; шинохти манофеи миллӣ ва мушкилоту муаммоҳои дирӯзу имрӯзи миллӣ; баррасии ихтисосии масоили ҳассоси замонӣ; бозшиносии арзишҳои ҳувиятӣ, фикрӣ, ақидатӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ; ташхиси воқеиёти имрӯзӣ; бархурди мантиқӣ бо ҳаводиси таърихӣ; таҳкиму тақвияти хотираи таърихӣ ва саранҷом бедории фикрию ҳувиятию иҷтимоии ҷомеаи тоҷик манбаи муҳимму муътамади илмӣ-назариявӣ буда, барои доираи васеи хонандагон пешбинӣ шудааст.

Нозим НУРЗОДА,
Пажуҳишгар