????????????????????????????????????

СИФАТИ КИТОБҲОИ ДАРСИРО ТАКМИЛ МЕБОЯД

«Вазорати маориф ва илм якҷо бо Академияи миллии илмҳо ва Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҷиҳати бознигарӣ кардани барномаву стандартҳо ва мазмуни китобҳои дарсии фанҳои адабиёт ва таърихи халқи тоҷик дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот чораҳои зарурӣ андешида, консепсияи таълифи китобҳои дарсии зикршударо таҳия намоянд».
Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш (01.09.2023).
Дар нақшаи таълими муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ҳамаи фанҳо муҳимманд, ҳамаи онҳо дар таълиму тарбияи хонандагон мавқеи хосси худро доранд. Аммо, ба ҳар ҳол, адабиёт ва таърих дар ин ҷода мавқеи хоссатаре доранд. Маҳз тавассути таълиму омӯзиши адабиёт ва таърих мо заминаҳои ватандӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, сабру тоқат, мубориза бо падидаҳои номатлуб дар ҷомеа, умуман, асоси инсониятро дар кӯдакон ҷой медиҳем.
Масъалаи такмилу таҳрири барномаи таълим аз фанни адабиёти тоҷик бори аввал солҳои 2013-2014 ба миён гузошта шуда буд. Дар ин замина дар нашрияҳои гуногун фикру мулоҳизаҳои мутахассисон низ ба табъ расидааст. Роҷеъ ба такмили таълиму омӯзиши фанҳои таърих ва адабиёт мо низ андешаҳои худро ҳанӯз соли 2017 дар китоби «Таҳсилоти фарогир: раҳёфти маҷмуӣ ба ҳалли мушкилот дар заминаи таҷрибаи пешқадам» иброз дошта будем, ки он дар шакли мақолаи алоҳида дар нашрияи «Омӯзгор» (№17, 25.04.2019) таҳти унвони «Бо сабаб бояд мубориза барем, на бо натиҷа» дарҷ ёфта буд.
Ҳоло он андешаҳои худро бо пешниҳодҳои иловагии мушаххас дар партави суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш бори дигар манзури хонандагону мутахассисон месозем.
Дар ҳоли ҳозир таҳсилоти миёна ба ду сатҳ – асосии ҳатмӣ (то синфи 9) ва миёнаи пурраи ғайриҳатмӣ (синфҳои 10-11) ҷудо шудааст. Тибқи маълумоти расмӣ ҳамасола то 30%-и хонандагон таҳсилро пас аз синфи 9 тарк мекунанд. Ҳанӯз аз замони Шуравӣ барномаҳои таълим тарзе таҳия шуда буданд, ки таърихи навтарин ва адабиёти муосир дар синфи 11 (пештар дар синфи 10) таълим дода мешавад. Аз ин ҷо чунин бармеояд, ки ҳамон гурӯҳи бачагоне, ки мактабро пас аз синфи 9 тарк мекунанд, роҷеъ ба таърихи навтарини халқи мо, аз ҷумла, даврони пас аз Истиқлол, маълумоти дақиқ надоранд. Мутаносибан онҳо адабиёти муосирро низ намеомӯзанд. Ин гурӯҳи бачагон маълумотро роҷеъ ба ҳодисаҳо (ҷанги шаҳрвандӣ)-и солҳои навадум ва солҳои аввали барқарорсозии ҳаёти осоишта аз забони падарону тағоҳо (ки аксаран дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва дӯст медоранд, ки дар ҳама мушкилиҳои зиндагии худ дигарон, аз ҷумла, давлату ҳукуматро гунаҳкор кунанд) ва ё аз ҳамон муллоҳое, ки барояшон тарзи дунявии сиёсату идораи давлатдорӣ маъқул нест, мегиранд. Аз ин ҷо саволи мантиқӣ ба миён меояд: Магар беҳтар нест, ки барномаи таълимро тарзе тағйир диҳем, ки таърихи навтарин ва адабиёти муосир на дар синфи 11, балки дар синфи 9 омӯзонида шавад? Ҳам дар таърих ва ҳам дар адабиёт давраи рушду гулгулшукуфоии халқи тоҷик аз ибтидои асри Х (давраи Сомониён) оғоз мегардад. Агар омӯзиши таърих ва адабиётро на аз давраҳои қадим, балки маҳз аз ҳамин давра оғоз намоем, курси пурраи онро дар синфи 9 тамом карда метавонем. Давраҳои қадими таърих ва адабиётро метавонем, барои хонандагони синфҳои 10-11 пешниҳод кунем. Барои ворид кардани чунин тағйирот маблағҳои иловагии молиявӣ лозим нест. Вале агар таҳсилоти 11-соларо ҳатмӣ эълон кунем (ки он ҳам яке аз роҳҳои ҳалли ин масъала аст), маблағҳои иловагии молиявӣ лозим мешаванд.
Дар айни замон масъалаи дурустӣ ё оқилона будани тарзи омӯзиши адабиёт дар ҳамон шакле, ки имрӯз ҳаст, таҷдиди назар мехоҳад. Мо на адабиёт, балки таърихи адабиётро таълим медиҳем. Мо бачагонро на ба он хотир дарс медиҳем, ки адабиётро дӯст доранд ва аз он дар зиндагӣ истифода кунанд, балки адабиётшинос шаванд. Дар натиҷа, аз филологи оянда ҳам донистани курси пурраи таърихи адабиётро талаб мекунем, аз физику математики оянда ҳам. Бояд эътироф кард, ки дар китобҳои дарсии адабиёт ба масъалаҳои истифодаи дониши андӯхта дар зиндагии муосир хеле кам таваҷҷуҳ зоҳир мешавад, саволу супоришҳо бештар ба таҳлили матн, омӯзиши луғат (ки аксари он имрӯз аз истеъмол баромадааст) ва аз ёд кардани почаҳои шеърӣ равона шудаанд.
Ба андешаи мо, роҳи бештар оқилона ва самараноки таълими адабиёт дар муассисаҳои таълимӣ омӯзишу таълими он аз рӯйи мавзуъ аст, на додани маълумоти хронологӣ доир ба ҳар як давраи таърихӣ. Муҳимтарин мавзуъҳои ташаккули шахсият – донишандӯзӣ, меҳнатдӯстӣ, ҳифзи Ватан ва ватандӯстӣ, накукорӣ, эҳтироми волидайн ва калонсолон, васфи ишқи пок, аз як тараф ва танқиди падидаҳои номатлуби зиндагӣ ва мубориза бо онҳо, аз тарафи дигар, қариб дар эҷодиёти ҳар як адиби барҷастаи классикӣ ва муосир инъикос ёфтааст. Барои он ки дар зеҳни хонанда, масалан, роҷеъ ба дӯстии ҳақиқӣ тасаввуроти аниқу амиқ пайдо шавад, шарт нест, ки мо васфи дӯстиро дар эҷодиёти ҳар як адиб ба тарзи алоҳида пешниҳод кунем. Агар беҳтарин гуфтаҳои адибонро, чи классикӣ ва чи муосир, дар ин мавзуъ таҳлил намуда, ба хонандагон пешкаш кунем ва онҳоро ба баҳсу андеша дар атрофи ин масъала водор созем, хонанда мавзуъро дар шакли пурра аз худ мекунад, андешаи худро баён мекунад, бо дигарон вориди баҳс мешавад, беҳтарин гуфтаҳоро тибқи шавқу завқи худ аз ёд мекунад, дар зиндагии ҳамарӯза истифода мекунад. Омӯзиши муҳимтарин мавзуъҳои динӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла, хатароти таассуб (фанатизм), боварҳои беасос, тақлиди кӯр-кӯрона, ташаккули пуртоқатӣ ва ғайра низ набояд аз мадди назар дур монад. Ин масъалаҳо низ дар эҷодиёти адибони машҳур инъикос ёфтаанд ва онҳоро низ ҳамчун мавзуъҳои алоҳида метавонем ба барномаи таълим ворид кунем.
Вобаста ба ҳалли ин мушкилот як масъалаи дигар низ ба миён меояд: интихоби дурусти матнҳо барои омӯзиши таърих ва адабиёти тоҷик. Ин корро фақат ба дӯши муаллифони китобҳои дарсӣ бор кардан дуруст нест.
Табиист, ки таърихи ҷаҳон ва, аз ҷумла, таърихи тоҷикон ба марҳилаҳои гуногун ҷудо мешавад ва ин марҳилаҳо ба тарзи хронологӣ дар китобҳои дарсӣ ҷой дода мешавад. Аммо аҳаммияти омӯзиш ва таҳлили ҳар як марҳила барои имрӯз яксон нест. Давраҳое ҳастанд (масалан, давраи давлатдории Сомониён, давраи пас аз Истиқлол), ки донистани он барои хонандаи имрӯза, дар ташаккули шахсияти ҳамаҷониба рушдёфта ва арҷгузор ба арзишҳои миллӣ бештар аҳаммият доранд. Ба ин хотир, тақсимоти соатҳои барномаи таълим беҳтар аст, ки бо дарназардошти ин нукта сурат гирад, на аз рӯйи тӯлонияти ҷараёни ҳодисаҳо дар таърих. Гузашта аз ин, зимни шарҳи ҳаводиси таърихие, ки барои рушди халқи тоҷик монеаҳоро эҷод карда буданд, ба саҳлангорӣ роҳ надода, аз матонату муборизаҳои мардуми тоҷик барои дифоъ аз фарҳангу забон ва ҳувияти миллӣ дар ҳамон давраҳои мушкил бо факту далелҳои таърихӣ бештар иттилоъ пешниҳод намоем. Дар омода намудани матнҳо ва тарзи пешниҳоди онҳо ҳамкории ҳамаҷонибаи олимони варзида бо муаллифони китобҳои дарсӣ хеле зарур аст.
Интихоби матн аз адабиёти даврони классикӣ ва замони Шуравӣ низ имрӯз ба яке аз масъалаҳои нозук, вале хеле муҳим табдил ёфтааст. Ин ҷо низ масъулияти интихоби матнро фақат ба муаллиф(он)-и китобҳои дарсӣ вогузор кардан аз имкон берун аст. Осори гаронбаҳои адибони даврони классикӣ ва Шуравӣ бо дарназардошти созгории онҳо ба талаботи замони муосир бояд аз ҷониби мутахассисони варзидаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо адабиётшиносон ва муаллифони эҳтимолии китобҳои дарсӣ мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор дода шавад. Аз кадом асари кадом адиб, кадом қисмат, дар кадом ҳаҷм ва барои кадом синф (вобаста ба хусусиятҳои синнусолии хонандагон) интихоб шудани матнҳо аз муҳимтарин саволҳои рӯз аст, ки танҳо дар ҳамкории муфиду созандаи олимону адибону муаллифон ба онҳо ҷавобҳои дуруст пайдо кардан мумкин аст. Ҳамзамон бо ин, таҳлили адабиёти тоҷик дар замони Истиқлол таваҷҷуҳи бештарро тақозо мекунад. Дуруст аст, ки вобаста ба ҷашнҳои миллӣ мо ба хонандагон аз осори адибони муосир байту порчаҳои шеърӣ пешниҳод мекунем, аммо ин кор ба шакли пароканда ва интихобӣ (вобаста ба табъу завқи омӯзгор) сурат мегирад. Бинобар ин, ба барномаи таълими адабиёти муосир ворид намудани мавзуъҳои дархури замон, аз ҷумла, васфи истиқлол дар адабиёт, инъикоси нақши Пешвои миллат дар адабиёт ва монанди инҳо, ҳамчунин, интихоби дурусти матнҳо роҷеъ ба ин мавзуъҳо ба фоидаи кор хоҳад буд.

Азим БАЙЗОЕВ,
номзади илми филология