МАНБАИ МУТАХАССИСОНИ СОҲАИ ТИБ

Соли равон ба таъсиси коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ба номи Раҳмонзода Раҳматулло 70 сол пур мешавад. Коллеҷ тӯли ин солҳо дар омодасозӣ ва таъмини соҳаи тандурустии кишвар бо кормандони миёнаи тиббӣ нақши босазо гузоштааст. Имрӯз дастпарварони коллеҷ на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки берун аз он низ кору фаъолият мекунанд. Фаъолияти ин даргоҳи илму маърифат аз соли 1953 оғоз гардидааст. Бо фармони шуъбаи тандурустии вилояти Кӯлоб соли 1953 мактаби тиббии шаҳри Кӯлоб таъсис дода шуд, ки ин нахустин муассисаи таълимии касбӣ дар вилоят буд. Аввалин директори мактаби тиббӣ Г. Чеботарёва дар ташкил ва рушди муассиса саҳми арзанда гузоштааст. Бо гузашти айём бо фармони Вазорати тандурустии ҶШС Тоҷикистон аз соли 1954 мактаби тиббӣ ба омӯзишгоҳи тиббӣ табдил дода шуд. Он вақт таҳсил дар омӯзишгоҳ се сол буд ва соли 1956 аввалин шуда 48 нафар донишҷӯ омӯзишгоҳро хатм намуд. Вобаста ба талаботи соҳаи тандурустӣ теъдоди муҳассилини омӯзишгоҳ афзоиш ёфт. Солҳои 50-60-уми қарни гузашта давра ба давра базаи моддӣ-техникии омӯзишгоҳ таҳким ёфт ва заминаи кадрии он пеш рафт. Дар омӯзишгоҳ омӯзгорони пешқадаму таҷрибадор ба донишҷуён дарс мегуфтанд. Аввалин омӯзгорони муассиса А.Денисов, Ю.Кадюшкин. Е.Карачевский, Р.Лопатина, Т.Бобоҷонов, В.Шулятев, Т. Пулатов, Ш.Қурбонов ва дигарон буданд. Тӯли 70 соли фаъолият онро 16 нафар мутахассиси варзида роҳбарӣ намудаанд. Роҳбарии имрӯзаи коллеҷро доктори илмҳои тиб Зубайдулло Азиззода ба уҳда дорад. Солҳои минбаъда вобаста бо тараққиёти иқтисодию иҷтимоии кишвар, дар раванди таълиму тарбия дар муассисаи тиббӣ ихтисосҳои нав таъсис дода шуд. Аз ҷумла, бо ихтисосҳои фелдшерӣ, момодоягӣ ва дандонсозӣ мутахассисони миёнаи тиб омода карда мешаванд. Бо мақсади таъмин намудани муассисаҳои тандурустии минтақаи Кӯлоб бо мутахассисони миёнаи тиб дар назди беморхонаҳои марказии ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Темурмалик, Ховалинг ва Муъминобод гурӯҳҳои мақсаднок ташкил карда шуданд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.12.1996, №91 омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб ба коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб табдил дода шуд, ки ин қадами бузург дар рушди тандурустӣ дар минтақаи Кӯлоб ба ҳисоб меравад. Вобаста ба ин, ихтисосҳои нав ташкил шуд. Давомнокии таҳсил 4 солро дарбар мегирад.
Айни ҳол дар коллеҷ зиёда аз 3500 донишҷӯ таҳсил дорад, ки ба онҳо 200 омӯзгор таълиму тарбия медиҳанд. Аз шумораи ҷамъи умумии омӯзгорон 131 (58,2%) нафарашонро мутахассисони ҷавони то 35 — сола ташкил намудаанд.
Дар соли таҳсили 2022-2023 17 кафедра ва 7 факултет таъсис ёфт, ки талаботи замон аст. То ин дам муассиса танҳо дорои 2 кафедра буд. — Мо, — мегӯяд З. Азиззода, — бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат имсол якбора якчанд кафедраи дигарро низ ифтитоҳ намудем.
– Вақте ки довталаб омӯхтани касби табибиро пешаи худ менамояд, бояд, ки маъмурияти коллеҷ талаботи ӯро қонеъ гардонад. Барояш тамоми шароитҳои заруриро муҳайё намояд, то дар оянда аз вай мутахассиси хуб барояд. Аз ин лиҳоз, -меафзояд директор, пеш аз ҳама, тамоми шароити таълимиро барои шогирдон дастрас намуда, барояшон 10 ҳазор нусха китоби электронӣ муҳайё кардем, ки аксарияти онҳоро дар натиҷаи ҳамкории дутарафа бо мактабҳои олии касбии кишвар ва хориҷи он ба таври ройгон дастрас намудем.
Бояд қайд намуд, ки кас аз синфхонаҳои замонавӣ, кабинету озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз бо воситаҳои навини аёнӣ ва толору майдончаи варзишӣ дидан карда, ба ғайрату кордонии кормандони муассиса аҳсан мегӯяд. – Агар ҳар чӣ бештар базаи моддӣ-техникии муассиса ҷоннок карда шавад, — иброз менамояд директори коллеҷ З Азиззода, — сифати таълим ҳамон қадар беҳтар мегардад. Айни замон коллеҷ дорои заминаи моддӣ-техникии зерин: 5 бинои таълимӣ, 1 хобгоҳ, 1 ташхисгоҳи таълимӣ-лабораторӣ, 1 маркази таълимӣ-истеҳсолии фарматсия, 1 маркази таълимӣ — табобатии стоматология бо устохонаи дандонсозӣ, маркази омӯзиши малакаҳои амалии ҳамширагӣ, 141 кабинети таълимӣ, 3 синфхонаи компютерӣ, 1 майдончаи варзиш, 1 толори варзиш, 1 толори маҷлис барои 110 нафар ва 1 китобхона бо толори хониш мебошад. Қайд кардан бамаврид аст, ки сохтмони бинои хобгоҳ барои донишҷӯён иборат аз 9 ошёна барои 700 нафар идома дорад. Барои беҳтар намудани шароити муосири таълим дар коллеҷ, соли ҷорӣ 25 компютер, 2 проектори мултимедӣ ва 5 адад принтер харидорӣ шудааст. Ҳоло шумораи компютерҳо дар муассисаи таълимӣ ба 176 адад принтер 47, тахтаҳои электронӣ 12, проектори мултимедӣ 15 ададро ташкил медиҳад.
Баҳри беҳтар намудани раванди таълиму тарбия ва сифати омода намудани мутахассисони миёнаи тиббӣ, табодули таҷриба ва воридсозии усулҳои муосири таълим ҳамкориро бо 15 муассисаи олии касбии кишвар ва 10 муассисаи олии касбии хориҷии кишвар ба роҳ мондааст.
Новобаста аз дастовардҳои омӯзгорону донишҷӯёни коллеҷ, мушкилоте низ ҷой доранд, ки ба ҷараёни таълиму тарбия халал мерасонанд. Аёниятҳои замонавӣ, реактив ва таҷҳизоти махсус барои корҳои лабораторӣ намерасанд. Ҳамчунин, нарасидани адабиёти муосир аз фанҳои клиникӣ, кабинетҳои таълимӣ дар заминаи таълими амалӣ мушоҳида мешавад. Инчунин, набудани дармонгоҳ ва клиникаи наздиколлеҷӣ барои омӯзгорону донишҷӯён аз ҷумлаи мушкилот аст.
Бо боварӣ метавон қайд кард, ки мушкилоти мавҷударо маъмурият ва аҳли омӯзгорону донишҷӯён ҳал намуда, баҳри баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, малакаву маҳорати касбомӯзии донишҷӯён тибқи стандартҳои байналмилалӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Шариф АБДУЛҲАМИД,
«Омӯзгор»