Дар коллеҷи санъати ба номи Аҳмад Бобоқулови шаҳри Душанбе ду шакли таҳсил – рӯзона ва ғоибона ба роҳ монда шудааст. Аксари хатмкардаҳои коллеҷ, аслан, ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов, Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, боқимондаҳо ба ихтиёри муассисаҳои фарҳангии ҷумҳурӣ фиристода мешаванд.
— Шогирдони коллеҷи мо ҳеҷ гоҳ бекор намемонанд, — мегӯяд директори коллеҷ Баҳодур Давлатзода. – Ҳамеша пас аз хатми ин даргоҳ роҳбарияти коллеҷ доир ба масъалаи бо ҷойи кор таъмин кардани шогирдон чораҷӯӣ менамояд.
Шогирдони коллеҷ дар ёздаҳ шуъба ба шакли таҳсили рӯзона ва дар ҳашт шуъба ба шакли таҳсили ғоибона фаро гирифта шудаанд. Дар кулли муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ айни ҳол масъалаи асосӣ сифати таҳсилот аз ҳама муҳиму асосист. Бо ин мақсад дар коллеҷ корҳои таълимию методӣ дар шуъбаҳо тибқи нақшаи инфиродии устодон барои мукаммалсозии лексияҳо, дарсҳои амалии инфиродӣ ва назариявӣ ташкил карда шудааст.
— Мутаассифона, — мегӯяд Б. Давлатзода, — на ҳамеша адабиёти даркориро пайдо кардан мумкин аст. Бинобар он, аз тарафи устодони коллеҷ китобҳои таълимии мухталиф ва дастурҳои методие, ки барои тақвияти сифати таълим ва азхудкунии донишҷӯён истифода бурда мешаванд, таълиф мегарданд.
Самти дигари фаъолияти шуъбаҳо, ташкил кардани корҳои таълимӣ – методӣ, баргузор кардани имтиҳоноти техникӣ ва консертҳои академӣ, тартиб додани дастурҳои таълимию методӣ, баргузории рейтингу озмунҳои фаннӣ, конференсияҳо, санҷишу имтиҳонот аст, ки бешубҳа, ба боло рафтани сифати таҳсилот мусоидат менамояд. Ин аст, ки дараҷаи дарсазхудкунии хонандагон дар имтиҳони нимсолаи аввали соли ҷорӣ 92 фоизро ташкил дод.
Соли ҷорӣ дар Федератсияи Россия озмуни байналмилалии «Живая классика – 2023» баргузор гардид, ки дар он кӯдакону наврасон аз кишварҳои дуру наздик ширкат намуданд. Дар ин сабқат донишҷӯи курси сеюми шуъбаи фортепиано Мария Чебоненко иштирок карда, сазовори медали тилло гардид. Чунонки директори муассисаи зикргардида гуфт, дар баробари ин, иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» низ аз байни донишҷӯёни ин коллеҷ кам нестанд. Дар ин озмун 64 нафар омӯзгор ва донишҷӯи коллеҷ (чор нафар дар номинатсияи композиторӣ, сӣ нафар дар номинатсияи навозандагӣ, сӣ нафар дар номинатсияи сарояндагӣ) фаъолона ширкат варзида, 43 нафарашон барои иштирок дар даври дуюми озмуни мазкур роҳхат гирифтанд.
Ҳамчунин, гурӯҳи калони донишҷӯёни коллеҷи санъат дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Сарояндаи беҳтарин» ва «Рассоми беҳтарин», ки ба 32 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, дар коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбии ҷумҳурӣ баргузор гардид, иштирок намуда, ҷойҳои ифтихориро сазовор гардиданд.
Бояд таъкид кард, ки дар ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Сарояндаи беҳтарин» миёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ коллеҷи санъати ба номи А. Бобоқулов ҷойи аввалро ишғол карда, бо Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Ба таъкиди Баҳодур Давлатзода, таҷриба омӯхтан дар курсҳои такмили ихтисос яке аз сабабҳои баланд бардоштани савияи дониши ҳам устодон ва ҳам шогирдони коллеҷ аст. Бо ин ният омӯзгорони фанҳои тахассусӣ, аз ҷумла, 15 нафар дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Т. Сатторов, ду нафар дар ДДФСТ ба номи М. Турсунзода, як нафар дар ДМТ ва се нафари дигар дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Ӯзбекистон аз такмили ихтисос гузаштанд. Дар баробари ин, бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим ва малакаю маҳорати шогирдон дар ҳамаи ихтисосҳои коллеҷ рейтинг, консертҳои синфӣ, имтиҳонҳои техникӣ ва консертҳои академӣ баргузор карда мешаванд.
Тибқи супориши Вазорати маориф ва илм дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти миёнаи касбӣ барои беҳтар ба роҳ мондан ва самарабахшии дарсҳо баъди ҳар ду моҳ рейтинг баргузор карда мешавад. Бо мақсади татбиқи амалии ин дастуру супориши вазорат моҳҳои март ва майи соли 2023 ин амал иҷро гардид ва натиҷаи хуб дод. Рейтинг нишон дод, ки нисбат ба солҳои пешин натиҷаҳо чандон хушҳолкунанда нестанд. Махсусан, аз фанҳои забони тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, таърихи халқи тоҷик, солфедҷио, назарияи мусиқӣ, гармония, адабиёти мусиқӣ ва фанҳои тахассусӣ иҷрои нақшаи таълим бояд беҳтар ба роҳ монда шавад. Бо ин мақсад гурӯҳи корӣ тартиб дода шуда, барои бартараф кардани камбудиҳо муваззаф гардонда шудаанд.
Дар коллеҷ нисбат ба солҳои пеш шароити таҷрибаомӯзӣ беҳтар мегардад.
– Корҳои тарбиявӣ низ яке аз қисмҳои таркибӣ ва ҷудонашавандаи ҷараёни таълим мебошад, — гуфт Б. Давлатзода. – Фаъолияти тарбиявӣ ба он равона карда шудааст, ки давомот ба дарсҳо хуб бошад, риояи либоси ягона ҷорӣ карда шуда, истифода набурдани телефон, ҳодисаҳои дермонӣ ба дарсҳо, иштирок кардан бе лавозимоти хониш аз байн бардошта шавад.
Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»