ҶАВОНОН ШУҲРАТАФЗОИ КИШВАРАНД

Дар диёри маҳбуби мо ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва ғамхорию таваҷҷуҳи ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори соҳаҳои дигар варзиш давра ба давра рушд меёбад ва оммавитар мегардад.
Барои варзишгарон ва тамрини онҳо тамоми шароит фароҳам оварда шуда, ҳар як комёбии варзишӣ ба таври шоиста қадр карда мешавад. Бунёди теъдоди зиёди варзишгоҳҳо ва бо ашёи зарурии замонавӣ муҷаҳҳазонидани онҳо боиси боз ҳам вусаъат ёфтани варзиш дар саросари мамлакат гардидааст. Комёбиҳои варзишгарони тоҷик ҳам дар сатҳи ҷумҳурӣ ва ҳам дар сатҳи байналмилалӣ сол то сол афзунтар мегардад. Пешвои миллат борҳо изҳор доштаанд, ки «варзиш ҷавононро сабақи диловарию мардонагӣ ва устуворию шуҷоатмандӣ меомӯзад, ба онҳо шаъну шараф мебахшад. Варзиш рисолати олӣ дорад, он миллату давлатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад». Ҷавонони саодатманди тоҷик ҷавобан ба дастгирию ғамхориҳои Сарвари кишвар ҳар чи бештар ва ҷиддитар ба варзиш машғул шуда, мекӯшанд, ки дар тақвияти обрӯю эътибори байналмилалии Тоҷикистон бо пирӯзиҳояшон дар арсаҳои бонуфуз ҳиссагузор бошанд. Вобаста ба ин гуфтаҳо метавон далелҳои зиёд овард, аммо ҳоло бо тавзеҳи фишурдаи чанде аз комёбиҳои варзишгарони тоҷик дар давоми ду моҳи охир иктифо мекунем. Аз 28 июл то 8 августи соли равон дар шаҳри Чэндуи Ҷумҳурии халқии Чин бо ибтикори Федератсияи байналмилалии варзиши донишгоҳҳо Бозиҳои тобистонаи мактабҳои олии ҷаҳон баргузор гашт. Ҳайати варзишгарони ҷумҳурии моро дар ин мусобиқаи бонуфуз асосан донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов ташкил медоданд. Дар мусобиқа аз 115 мамлакати ҷаҳон донишҷӯён ширкат доштанд ва вобаста ба чандин намуди варзиш сабқат оростанд. Масалан, дар гӯштини тарзи дзюдо (ҷудо) паҳлавонон аз 46 кишвари дунё зӯрозмоӣ краданд ва ин намуди варзиш дар мусобиқаи мазкур аз ҳама бештар ҳаводорон дошт. Дар ҷамъбасти ин сабқати ҷаҳонии донишҷӯён варзишгарони тоҷик мақоми ифтихории 5-умро ишғол намуданд ва бо сари баланд ва ҷоизаҳои пурарзиш ба Ватан баргаштанд.
Боз як мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ аз 19 то 31 август дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия ҷараён ёфт, ки Фестивали байналмилалии донишҷӯёни варзишгар ном дошт. Дар оғози фестивал пайёми табрикии Президенти Федератсияи Россия ба варзишгарон садо дод. Донишҷӯён аз 36 кишвари ҷаҳон дар ин сабқат мувофиқан ба 14 намуди варзиш қувваозмоӣ карданд (аз ҷумла, дзюдо, бокс, шиноварӣ, самбо, волейбол, таэквондо…). Дар ин мусобиқа низ варзишгарони ҷавони мо, ки аксарашон шогирдону дастпарварони Донишгоҳи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов буданд, хеле хуб майдондорию қувваозмоӣ карда, дар ҷамъбаст бо 11 медал (4 тилло, 1 нуқра ва 6 биринҷӣ) ба дарёфти мақоми шашум мушарраф гардиданд. Дар намуди бокс варзишгарони тоҷик 8 медал (3 тилло, 1 нуқра ва 4 биринҷӣ) ба даст оварданд. Шоистаи зикри махсус аст, ки муштзанбонуи болаёқати мо Миҷгона Самадова дар ин мусобиқа байни бонувон дар вазни то 57 кг тамоми ҳарифонашро мағлуб намуда, соҳиби медали тилло гашт. Инчунин, Абубакр Муродзода (дар вазни 60 кг) ва Абдумалик Болтаев (дар вазни 80 кг) дар байни мардон бо пирӯзиҳои пай дар пай ба зинаи баландтарини сабқат расида, дорандаи медалҳои тилло гардиданд. Ҳамагон огоҳӣ доранд, ки солҳои охир паҳлавонони тоҷик оид ба дзюдо дар сабқатҳои ҷаҳонӣ пайваста ба пирӯзӣ мерасанд. Дар ин мусобиқа низ онҳо собит карданд, ки ин намуди варзиш дар Тоҷикистон боз ҳам рушд меёбад. Паҳлавони номвари мо Абубакр Шеров дар фестивали Екатеринбург дар вазни то 73 кг байни ҳарифонаш беҳамто буд ва дар ҷамъбасти мусобиқа медали тилло ба даст овард… Дар маҷмуъ, аз 36 давлати дунё танҳо ба намояндагони 14 давлат муяссар гашт, ки медали тилло ба гардан овезанд. Фестивал (ҷашнвора)-и байналмилалии донишҷӯёни варзишгар, ки дар доираи ҳамоиши нуфузманду маъруфи «Екатеринбург-ЭКСПО» баргузор гашт, боиси боз ҳам афзудани эътибори варзиши тоҷик ва теъдоди ҳаводорони он гашт. Барои ҳамаи мо ифтихорбарангез буд, ки дар ин сабқат борҳо номи Тоҷикистон садо доду Парчами миллӣ барафрохта шуд. Варзишгарони моро дар бозгашт аз Екатеринбург мухлисони зиёде бо фараҳмандӣ ва бо нидоҳои «Офарин!» — у «Қанд занед!» пешвоз гирифтанд, ки ин хеле гуворою нишотбахш буд.
Акнун боз як имтиҳони дигар варзишгарони моро дар пеш аст. Чандест, ки онҳо ба сафари кишвари Чин омодагӣ мегиранд. Дар шаҳри Ҳангжоуи ин мамлакати пешрави олам охири моҳи сентябр Бозиҳои тобистонаи Осиё баргузор мешавад. Аслан, ин мусобиқа бояд моҳи сентябри соли гузашта ҷараён меёфт, вале бинобар пурра аз байн нарафтани сироят аз бемории ҳамагири КОВИД – 19 он то ба оғози тирамоҳи имсол мавқуф гузошта шуд. Бори аввал пас аз соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон дар ин мусобиқаи анъанавӣ аз кишвари мо теъдоди бузурги варзишгарон – беш аз 100 нафар мувофиқан ба 18 намуди варзиш ширкат меварзанд (дар умум, мусобиқа 40 намуди варзишро фаро хоҳад гирифт). Бозиҳои тобистонаи Осиё аз бузургтарину бонуфузтарин ва фарогиртарин мусобиқоти қораи мазкур ба шумор меравад ва он имсол аз 23-юми сентябр то 8-уми октябр идома мекунад. Ба барномаи ин сабқат бори аввал ду намуди нави варзиш – киберварзиш ва брейкданс ворид карда шудааст, ки дар ин намудҳо варзишгарони мо низ майдондорӣ хоҳанд кард. Мувофиқи нақша мусобиқаҳо байни варзишгарон дар 54 майдони варзишӣ (асосан дар шаҳри Ҳангжоу ва боз 5 шаҳри дигари наздики он) баргузор мешаванд. Бояд гуфт, ки Бозиҳои тобистонаи Осиё аз соли 1951 инҷониб дар ҳар чор сол як маротиба таҳти сарпарастии Шурои олимпии Осиё созмон дода мешаванд. Варзишгарони Тоҷикистони соҳибистиқлол аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат меварзанд ва то имрӯз 27 медал ба даст овардаанд.
Ман дар чанде аз мусобиқоти ҷаҳонии мазкур ҳайати варзишгарони тоҷикро роҳбалад будам. Мушоҳидаи он ҳолат, ки ҷавонони мо бо руҳбаландӣ ва бо азму иродаи қавӣ ба варзиш машғул мешаванду ҳисси баланди миллӣ доранд, бароям гуворост. Онҳо Ватани худро дӯст медоранд ва ба ифтихори Тоҷикистон дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон садо додани Суруди миллӣ ва Парчами давлатиро барояшон волотарин шарафмандӣ ва ифтихори беназир медонанд. Ин ҳолат собитгару гувоҳбахши он аст, ки минбаъд обрӯю эътибор ва мақому мартабаи варзиши тоҷик боз ҳам боло хоҳад рафт.
Боиси қаноатмандию ифтихори мост, ки дар рушди тамоми намудҳои варзиш дар мамлакатамон дар қатори ниҳоду муассисаву созмонҳои дигар Донишкадаи тарбияи чисмонии Тоҷикистон ба номи С.Раҳимов ҳиссаи сазовор мегузорад. Гурӯҳи калони варзишгарони донишкада (беш аз 500 нафар) узви дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон оид ба намудҳои гуногуни варзиш мебошанд ва дар бисёр мусобиқоти бонуфузи байналмилалӣ шаҳди пирӯзӣ чашидаву шарафафзои мамлакат гардидаанд ва аз ин ифтихорманданд. Дар донишкада барои машқу тамрин ва таҳсили варзишгарон тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Аҳли донишкада дар заминаи сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таваҷҷуҳу ғамхориҳои рӯзафзуни Сарвари кишвар нисбат ба ҷавонони варзишгар азму кӯшиш бар он доранд, ки минбаъд фаъолияти худро дар тамоми ҷабҳаҳои варзиш бештар тақвият бахшида, барои ҳамвора боло рафтани шарафу эътибори Ватани азизамон ҷидду ҷаҳд намоянд.

Шодӣ САФАРОВ,
ректори ДТҶТ
ба номи С. Раҳимов,
доктори илмҳои педагогӣ