ЗИ ҒАЙРАТ МУРОДИ ХУД ОРӢ БА ЧАНГ

Ҳар гоҳ ки бо устод Муҳаммадраҳим Тошпӯлодов ҳамсуҳбат мешавам ва ё ягон навиштаашро мутолиа мекунам, беихтиёр ин байт дар хотирам равшан мешавад:
Зи ғайрат ба даст оядат ному нанг,
Зи ғайрат муроди худ орӣ ба чанг.
Воқеан, хеле ғайратманду боҳавсала ва ҷӯяндаву пуркор аст устод. Аз собиқадорони шарафманди соҳаи маорифи кишвар аст. Дар зинаҳои гуногуни соҳа – аз омӯзгори одӣ то мудири шуъбаи маориф кор кардаву ба қавле, «гарму сарду неку бадро хуб ҳам санҷидааст».
Чандест, ки дар гимназияи рақами 1 барои хонандагони болаёқати пойтахт ба сифати равоншинос ва омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик фаъолият дорад. Раҳнамою маслиҳатгар ва ёвари ҳамешагии устодони ин таълимгоҳ, ба вижа, ҷавономӯзгорон аст. Дарсгоҳи забон ва адабиёти тоҷик, ки устод оростааст, басо муҳтавоманду ҷолиб буда, барои ҳампешагонаш метавонад манбаи омӯзишу баҳрабардорӣ ва пайравӣ бошад.
Устод М.Тошпӯлодов гаравиши ҳамешагӣ ба эҷодкорӣ дорад ва ҳамбаста ба машғулоти омӯзгориаш мақолаҳо менависад, китобу дастурҳои таълимию методӣ таҳия мекунад. Китобҳояш «Санҷиши тестӣ дар синфҳои 5-11», «Санҷиши тестӣ дар синфҳои 4-7», «Раҳнамо аз фанни алифбои ниёгон», «Фарҳанги имло аз фанни алифбои ниёгон», «Гулдастаи меҳр», «Панди падар», «Наврӯзи ҷаҳонафрӯз», «Ситоишномаи устод», «Чаманистони маънӣ»… дастурҳои судманданд ба аҳли таълиму тарбия барои тақвиятбахшӣ ба ҷанбаҳои фаъолияташон.
Чанде пеш ин устоди тозакор боз як китоби дигарашро бо номи «Паҳнои андеша» пешкаши алоқамандони соҳаи маориф кард. Ин китоб аз маҷмуи нигоштаҳои ӯ оид ба паҳлуҳои гуногуни ҷараёни таълиму тарбия, мавқеи омӯзгор дар ҷомеа, тавсифи умдатарин масоили маорифи муосир, тафсири навгониҳо дар омӯзишу парвариш, корбасти усулҳои нави таълим, баргузории машғулиятҳои илова дар дабистонҳо ва амсоли инҳо фароҳам оварда шудааст. Мушоҳида мешавад, ки муаллиф огоҳманд ва мушоҳидакору амиқназар аст ва ҳар як падидаро дар иртибот ба таълиму тарбия ба риштаи баррасию мулоҳиза кашида, хулосаву андешаҳои ҷолиб ва пурсуд пешниҳод мекунад. Вобаста ба ин, аз китоби «Паҳнои андеша» мақолаҳои зиёдеро метавон далел овард: «Кӣ шудан мехоҳӣ?», «Ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад», «Касби ман – ифтихори ман», «Ҳар касеро баҳри коре сохтанд», «Пурсиш ба хотири рушди ахлоқ», «Муайян кардани мизоҷи шогирдон», «Ҳифзи шеър ва сайди маънӣ»… Қисмате аз мақолаҳояшро муаллиф дар заминаи пурсишҳо (тест), назарпурсӣ вобаста ба мавзуъҳои махсус ва мушоҳидаи дарсҳои ҳампешагон ба қалам додааст, ки далелҳои ҷолибу муассиреро фаро мегиранд. Теъдоде аз мақолаҳои китоб ба омӯзгорон барои баргузории маҳфилу ҷашнвораҳои миллӣ бо шогирдон мададгор хоҳанд буд. Устод М.Тошпӯлодов ба китоби «Паҳнои меҳр» як силсила хабару тақризҳои аҳли қаламро оид ба китобҳояш замима кардааст, ки фикр мекунем, ин боиси боз ҳам афзудани муҳтавои китоб гардида.
Афсӯс, ки тамоми китобҳои устод бо теъдоди хеле кам чоп шудаанд, ҳол он ки барои аҳли таълиму тарбия дастурҳои муҳиманд. Агар бо дастгирии соҳибкори дилсӯзе ё муассисаи тавонманде баргузидаи мақолаҳои методию дастурӣ ва маърифатии устод М.Тошпӯлодов бо теъдоди зиёд (3-4 ҳазор) мураттаб ва чоп шавад, барои тамоми алоқамандони соҳаи маориф, ба вежа, омӯзгорони фанҳои гуманитарӣ ва мактабшиносон хеле муфид хоҳад буд.
А. МУРОДӢ,
«Омӯзгор»