Афсона яке аз жанрҳои насрии эҷодиёти шифоҳии халқ мебошад, ки асоси онро воқеаю саргузаштҳои бофтаю хаёлӣ ташкил медиҳанд. Афсонаҳо, асосан дар шакли қисса, достон, ҳикоят ва нақл баён карда мешаванд. Қаҳрамонҳои афсонаҳои қадимро бештар деву ҷин ва ашёи тахайюлӣ ташкил медиҳанд. Дар афсонаҳои дертар пайдошуда, тараннуми мардуми меҳнаткаш, адолат, вафодорӣ, садоқат ва дигар хислатҳои неки инсонӣ бисёртар ба чашм мерасанд.
Замину осмон ва умуман, ҳамаи мавҷудоти олам — аз резатарин зарра то сангу хасу долу дарахт, Офтобу ситораҳову фазои фарогирандаи онҳо, аз хурдтарин ҷонзоди рӯи Замин то наҳанги дарё – ҳамаи инҳо, дар маҷмуъ, табиатро ташкил медиҳанд, яъне кулли мавҷудоти оламро, ки моро иҳота кардаанд, табиат мегӯянд.
«Эраҷи тилисмшикан» (аз китоби «Адабиёти тоҷик», синфи 5, Маориф, с. 2022, саҳ. 6-23, муаллифон Т.Мирзод, Р.Ҳамидов, М.Пирзод, Ф.Мирзода) яке аз афсонаҳои машҳури халқи тоҷик аст. Чунончи, дар ин афсона омадааст: «Рӯзи иди Наврӯз, ки табиат тамоми зебоиҳои худро намоиш медод, бачагон ҳам ҳар як ба андозаи даркорӣ худороӣ намуда, мисли гулҳои баҳор шукуфта буданд. Тамоми бачагон дар боғ ба гирди Эраҷ ҷамъ омада буданд. Эраҷ гӯё офтоб ва бачагони дигар ситораҳои дурахшанда буданд, ки гирди ӯро печонда гирифта буданд. Ҳамаи онҳо дар як боғи зебое, ки пур аз гул буд, сайру гашт ва ҳар гуна бозиҳо мекарданд». Дар ин иқтибос ҳама зебоиҳое, ки ба боғ хос мебошанд, бо бадеияти ниҳоят баланд ва мафтункунанда тасвир шудааст. Бачагон, ки худ узви табиатанд, бори дигар ва бо ин мазмун ба гул ташбеҳ дода шудаанд, ки он завқи шунавандаи ин афсонаро барои шунидани давоми он бедор менамояд.
Чизи дигаре, ки ба чашм мерасад, баёни ягонагии олам ва якто будани табиат мебошад. Гӯяндаи афсона бекаронагии табиатро дар ташбеҳи офтоб будани Эраҷ ва ситораҳои дар атрофи он дидашавандаи осмони ситоразор будани бачагон хеле моҳирона баён намудааст. Афсонаи «Эраҷи тилисмшикан» инъикоси тағйирёбанда будани табиат мебошад, ки намунаи он «бачагон ҳам ҳар як ба андозаи даркорӣ худороӣ намуда, мисли гулҳои баҳор шукуфта буданд» мебошад. Дар ин афсона тасвири манзараи кӯҳҳои баланд, доманаи онҳо, чашмаҳою дарёҳо то андозае зебо баён шудаанд, ки ба хонанда хоҳиши дар он ҷойҳо буданро пайдо менамояд.
Ҳамагон медонанд, ки дар табиат ҳодисаҳое рӯй медиҳанд, ки натиҷаи онҳо боиси тағйирёбии табиат мегардад. Дар афсонаи «Эраҷи тилисмшикан» аз ибтидо то ба охир, тағйирёбии табиат бо дарназардошти сеҳри суханҳои зебо ва диловез, ҷозибадору ҳаяҷонбахш баён шудаанд: «Ман метавонам се тирро бо ҳамдигар дӯзам», «Инро гуфту бо дасти рости худ дасти паҳлавонро гирифта, чунон ба тарафи худ кашид, ки вай аз Эраҷ ду-се қадам гузашта рафт», «Дев барошуфт ва бо найза ба ӯ ҳуҷум кард. Эраҷ бо як зарба найзаи ӯро кашида гирифта ба замин партофт, «аспро пеш ронда, бо рикоб чунон зад, ки ду пои пеши аспи Эраҷ ба китфи фили дев баробар шуд, пас бо шамшери «ҷонситон» бо зарб ба даҳони Ҳенгил зад, ки сараш ҳазор газ парида рафт ва танҳо ҷоғаш ба гарданаш овезон монд».
Дар эҷодиёти шифоҳии халқ бо суханҳои бофта ва сеҳрнок нақл кардани лаҳзаҳои зиндагӣ, тасвири мавқеи инсон дар табиат ва ғайраҳо зуд-зуд ба чашм мерасад. Дар адабиёт жанре нест, ки барои кӯдакони ҳама синну сол ва ҳатто калонсолон то ин андоза шавқовар бошад. Гӯяндаи бомаҳорати афсона бо суханҳои забою диловез ва ҷозибадору ҳаяҷонбахш, хаёли хонандаро ба олами дигар мебарад. Афсонаҳо ибратомӯзанд ва аҳамияти калони тарбиявӣ доранд.
Насиба ҲАЛИМОВА,
омӯзгори кафедраи забон ва
адабиёти тоҷики коллеҷи омӯзгории ДДБ ба номи Носири Хусрав
