Нуктаҳо аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ
Дарси сулҳ ва Рӯзи дониш беҳтарин имкониятест, ки мо дар шароити торафт печидаву мураккаб шудани вазъи ҷаҳони муосир нақши сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар таҳкими аркони давлатдории миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа таъкид созем, доир ба таъмини ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла, дастоварду мушкилоти яке аз соҳаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ — мактабу маориф изҳори назар карда, бори дигар таваҷҷуҳи мактаб, оила ва ҷомеаро барои боз ҳам беҳтар намудани таълиму тарбия дар кишвар ҷалб намоем.
***
Дар шароити пешрафти босуръати илм ва техникаву технологияҳо танҳо кишварҳое рушд мекунанду мақому ҷойгоҳи сазовори худро нигоҳ дошта метавонанд, ки мардуми босаводу соҳибмаърифат, олимону донишмандон, кадрҳои баландихтисосу ихтироъкор ва техникаву технологияҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй дошта бошанд.
***
Моро зарур аст, ки фарҳанги сулҳу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва амнияту осоиштагиро ба фарзандони худ омӯзонем, онҳоро дар руҳияи хештаншиносиву ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ тарбия намоем. Дар ин раванд, фарҳанги сулҳ ва сулҳпарварӣ бояд аз синни хурдсолӣ, яъне аз зинаи таҳсилоти томактабӣ дар замири кӯдакон тарбия карда шавад, зеро ин марҳала дар инкишофи ақлонии кӯдак давраи асосӣ ва муҳим ба ҳисоб меравад.
***
Ҳанӯз аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ масъалаи баланд бардоштани саводнокиву маърифатнокии мардум, аз ҷумла, наврасону ҷавонон, рушди таҳсилоти олии касбӣ, пайваста баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисон, тавсеаи доираи ихтисосҳо ва ҷустуҷӯву дарёфти роҳу усулҳои наву пешрафта дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дода шуд.
***
Дар ҷаҳони муосир бе дастрасӣ ба илму инноватсияи муосир, техникаву технологияҳои пешрафта ва ташаккули ҷаҳонбинии илмиву техникӣ таъмин кардани пешрафти кишвар умуман имкон надорад.
***
Мо бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишу маърифатнокии мардуми кишвар ва махсусан, наврасону ҷавонон, ҳарчи бештар ба китобу китобхонӣ ҷалб кардани онҳо, беҳтар гардонидани сифати хониш, такмили маҳорати суханшиносиву сухангӯӣ, рӯ овардан ба осори адибони номвари тоҷик ва ҷаҳон, эҳтиром гузоштан ба таърих, забон, илму адаб ва фарҳангу тамаддуни бостонии миллӣ, яъне дар маҷмуъ, тарбияи маънавии ҷомеа озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро роҳандозӣ кардем.
***
Арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёдамон, аз худ намудани илму дониш, касбу ҳунар, навовариву ихтироъкорӣ ва дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намудани давлату миллат вазифаи муқаддаси шумо – наслҳои замони истиқлолият мебошад.
***
Омӯзгорони мо бояд меъёрҳои арзёбии дониши шогирдонро тавсеа бахшанд, барои омӯзонидани таърих, забон, адабиёт, фарҳангу санъати гузаштаву муосир, расму ойин ва дигар арзишҳои миллӣ зиёдтар талош намоянд, ба хонандагону донишҷӯён арзишҳои муқаддаси истиқлолият ва озодиро дуруст шарҳ диҳанд, моҳияти сулҳу суботро ҳамчун шарти асосии зиндагии орому осудаи мардуми Тоҷикистони азиз таблиғ созанд, барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ талош карда, дар раванди бунёди ҷомеаи шаҳрвандии демокративу дунявӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.
***
Фарзандони мо бояд хуб дарк намоянд, ки омӯхтани илму дониш ва аз худ кардани касбу ҳунар танҳо дар сурати пойдории сулҳу оромӣ ва амнияти ҷомеаву давлат имконпазир мебошад.