СИФАТИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ БЕҲТАР МЕГАРДАД

Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рафъи норасоии адабиёти таълимӣ ва ба беҳтар шудани мазмуну муҳтавои онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.
Масъалаи беҳтар намудани сифати таҳсилот ба таҳияи китобҳои дарсии ба талаботи стандарти таҳсилот мутобиқ вобастагии зич дорад, зеро таъмини хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ бо китобҳои дарсӣ ва омӯзгорон бо маводи методӣ муҳимтарин омили пешрафти соҳа ба ҳисоб меравад.
Барои натиҷаи дилхоҳ додани таълим бо муносибати босалоҳият Вазорати маориф ва илм ба ёрии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ зиёда аз 130 номгӯй дастури методии “Роҳнамои омӯзгор”-ро аз ҳар як фан таҳия ва чоп намуд.
Ислоҳоти соҳаи маориф ва пешрафти илм боиси он гардид, ки дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими якчанд фанни нав ҷорӣ карда шавад. Аз ҷумла, фанни “Табиатшиносӣ (Олами атроф)” дар синфҳои 1-ум, 2-юм, 3-юм, 4-ум; “Таърихи дин” дар синфи 9-ум; “География” дар синфҳои 10-ум ва 11-ум, “Маърифати оиладорӣ” дар синфи 10-ум; “Асосҳои иқтисодиёт” дар синфи 11-ум ва ғ. Омӯзиши фанни технологияи иттилоотӣ, ки аз синфи 7-ум оғоз мешуд, ба синфи 5 оварда шуд. Барои ҳамаи фанҳои номбурда, инчунин, таълими фанҳои “Тарбияи ҷисмонӣ” ва “Технология (Асосҳои касбу ҳунар)” ҳам барои духтарон ва ҳам барои писарон (алоҳида) бори аввал китобҳои дарсӣ таълиф ва чоп шуданд.
Ҷиҳати ба роҳ мондани машғулиятҳои тарбиявӣ низ дастурҳои таълимии «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ» барои синфҳои 1 – 2-юм, «Тарзи ҳаёти солим» барои синфҳои 3 – 4-ум, «Ифтихори ватандорӣ» барои синфи 5-ум, «Асосҳои бехатарии ҳаёт» барои синфҳои 6 – 7-ум, «Одоби муошират ва рӯзгордорӣ» барои синфҳои 8 – 9-ум, «Интихоби касб» барои синфҳои 10 – 11-ум низ таҳия ва нашр гардиданд.
Инчунин, дар даврони соҳибистиқлолӣ бори нахуст 19 номгӯй китоби дарсӣ бо хатти брайлӣ барои хонандагони синфҳои 1 – 4-уми қувваи босираашон суст чоп шуд. Китоби дарсии “Имову ишора” (иборат аз 2 қисм) дастраси хонандагони имконоташон маҳдуд гардид.
Аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади рафъи мушкилоти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии таълимашон ба забонҳои русӣ, ӯзбекӣ, туркманӣ, қирғизӣ ва ба роҳ мондани омӯзиши таъриху фарҳанги тоҷикӣ дар ин муассисаҳо қисми зиёди китобҳои дарсӣ тарҷума ва нашр гардиданд, ки имрӯз аз рӯйи онҳо дар ин муассисаҳо таълим ба роҳ монда шудааст. Қисми боқимондаи китобҳои дарсӣ барои муассисаҳои мазкур дар марҳалаи тарҷума, таҳрир ва тасҳеҳ қарор дошта, бо анҷом ёфтани корҳои омодасозӣ ба нақшаи дурнамои чопи китобҳои дарсӣ ворид карда хоҳанд шуд. Яъне ин масъала ҳам яке аз масъалаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, вазорат пайваста барои рафъи мушкилоти муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон ба забони ғайритоҷикӣ кӯшиш ба харҷ медиҳад.
Танҳо аз соли 2000-ум то имрӯз, дар умум, аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ зиёда аз 700 номгӯй китоби дарсӣ зина ба зина нашр ва дастраси хонандагон гардонида шудааст.
Бар замми ин, барои рафъи мушкилоти норасоии адабиёти таълимӣ аз ҷониби вазорат шакли электронии адабиёти таълимӣ ҳам ба фиттаҳо сабт карда, ба муассисаҳои таълимӣ ройгон фиристода шудааст ва ҳам дар сомонаи вазорат ва зерсохтоҳои он ҷой дода шудааст, ки хонандагон метавонанд аз онҳо истифода баранд.
Илова бар адабиёти таълимӣ, дар доираи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” аз ҷониби Муассисаи нашриявии “Маориф”дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илм дар мавзуи “Тағйирёбии иқлим”, ки яке аз масъалаҳои муҳимми замони муосир ба ҳисоб меравад, дас-турамале барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо номи “Сандуқчаи иқлимӣ” ҳам ба забони тоҷикӣ ва ҳам ба забони русӣ омода ва нашр гардид, ки дар он масъалаҳои муҳим вобаста ба тағйироти иқлим дар шакли хеле ҷолиб баён гардидаанд.
Ба ҳамагон маълум аст, ки дар кишвари мо ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ ва дақиқ диққати махсус зоҳир мешавад. Дар соли 2003 қабул гардидани “Барномаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2005–2008”, соли 2019 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” исботи ин гуфтаҳост.
Дар пайи иҷрои ин ҳуҷҷатҳои муҳим Муассисаи нашриявии “Маориф” барои хонандагону донишҷӯён ва доираи васеи хонандагон китоби “Донишномаи биология”-ро таҳия ва нашр намуд, ки ҳадаф аз он ба хонандагон ва махсусан, донишҷӯёну унвонҷӯён дастрас гардондани маҷмуи донишҳо аз олами наботот ва ҳайвонот, таърихи пайдоиш, марҳалаҳои инкишофи илми биология, маҳфумҳо ва қонунмандиҳои асосии онҳо мебошад.
Дар баробари таҳия ва нашри адабиёти таълимӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хониши беруназсинфии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ аз силсилаи “Китобхонаи мактаб” ва “Гулбоғи адаб” зиёда аз 50 номгӯй адабиёти бадеӣ аз осори шоирону нависандагони бузурги тоҷик нашр ва дастраси хонандагон гардонда шуд. Барои хониши беруназсинфии хонандагон зиёда аз 200 номгӯй адабиёти бадеӣ аз осори шоирону нависандагони тоҷик ва дигар халқҳои ҷаҳон ба нақшаи дурнамои нашри адабиёти бадеӣ ворид шуд.
Яке аз масъалаҳои муҳим беҳтар намудани сатҳи сифат ва мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ мебошад.
Таъкиду масъалагузориҳои пайдарпайи Сарвари давлат аз муаллифон, сохторҳои Вазорати маориф ва илм – Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Пажуҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ, Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ, Муассисаи нашриявии «Маориф», Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ дигаргун сохтани муносибат ва дарки масъулияти ҷиддиро тақозо мекунад.
Бо ин мақсад ҷиҳати беҳтар намудани мазмуну мундариҷаи китобҳои дарсӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои судманд андешида ва роҳандозӣ карда шуданд. Аз ҷумла, гурӯҳи корӣ оид ба ташхиси китобҳои дарсӣ дар ҳайати 55 нафар олиму мутахассиси соҳа ва омӯзгорони соҳибтаҷрибаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таъсис дода шуда, ба панҷ бахш (забони модарӣ (синфҳои ибтидоӣ), забони тоҷикӣ, адабиёти тоҷик, таърихи халқи тоҷик, таърихи дин) тақсим карда шуд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар нав-бати аввал китобҳои фанҳои гуманитарӣ мавриди ташхис қарор дода шуданд.
Дар натиҷаи ташхиси адабиёти таълимӣ аз ҷониби гурӯҳи корӣ маълум гардид, ки дар ҳақиқат, дар баъзе адабиёти таълимӣ, хусусан, дар китобҳои адабиёти тоҷик, баъзан матнҳое роҳ ёфтаанд, ки мазмуни динию хурофотӣ доранд ва хилофи идеологияи давлатдории миллиямон мебошанд.
Ин гуна камбудҳо аз ҷониби гурӯҳи кории вазорат ва муҳаррирони нашриёт сари вақт ошкор гардида, дар ҳамкорӣ бо муаллифон дар нашрҳои навбатӣ ислоҳ карда шуданд ва минбаъд ҳам муносибат ба адабиёти таълимӣ тибқи ҳамин равиши муқарраргардида идома хоҳад ёфт. Ба туфайли чунин тадбирҳои андешидаи Вазорати маориф ва илм мазмуну муҳтаво ва сифати китобҳои дарсӣ дар қиёс ба солҳои пешин сол ба сол беҳтар шуда истодааст.
Роҳи дигаре, ки метавонад барои як андоза беҳтар гардидани сифат ва мазмуну муҳтавои адабиёти таълимӣ мусоидат намояд, дар он аст, ки нисбат ба ин масъала бояд олимон, мутахассисон, омӯзгорони ботаҷриба ва афроди солимфикри ҷомеа бетараф набошанд ва фикру мулоҳизаҳои худро беғаразона дар саҳифаҳои маҷаллаву рӯзномаҳо нашр намоянд ё ба унвони Вазорати маориф ва илм, Муассисаи нашриявии “Маориф”, ки суроғааш дар саҳифаи охири китоб дода шудааст, ирсол намоянд.

Комилшоҳ ИСОЗОДА,
директори Муассисаи
нашриявии “Маориф”