ТАҒЙИР ЁФТАНИ ИҚЛИМ ВА МУАММОҲОИ ОН

Муаммоҳои тағйирёбии иқлим дар байни олимону коршиносон вокунишҳои зиёдеро ба бор овардааст. Бо мақсади таҳлилу таҳқиқи равандҳои тағйирёбии иқлим ҳамасола маблағҳои зиёде сарф шаванд ҳам, натиҷаҳо чандон дилхоҳ нестанд. Аксари далелҳои интишоршуда ба воқеият қаробати наздик надоранд. Ин ва дигар омилҳо моро водор намуданд, ки аз нигоҳи назариявию амалӣ, бо диди муқоисавӣ тамоюлҳои тағйирёбии иқлимро дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти миллӣ мавриди назар қарор диҳем. Ҳоло дар илм назарияе мавриди истифода аст, ки ба андозаи 40С баланд шудани ҳарорат ба сохторҳои гуногуни иқтисодиёт таъсири манфӣ мерасонад.
Аз ҷумла, дар гузориши Бонки АвруОсиёии Рушд (БАОР) омадааст, ки “дар сурати ҳамкориҳои нокифояи минтақавӣ то соли 2050 кишварҳои Осиёи Марказӣ ба камбуди оби обёрӣ дучор мегарданд”. Аз таҳлилҳои илмии ФАО бармеояд, ки масрафи об барои ҳар як нафар аҳолии минтақа нисбат ба давраи Шуравӣ алҳол ду баробар коҳиш ёфта, аз 3500 м3 ба 1540 м3 расидааст. Вобаста ба ин масъала, дар гузориши ФАО омадааст, ки дар гузашта кишварҳои Осиёи Марказӣ ба даҳгонаи пешсафони истифодабарандагони об дохил мешуданд. Аз ҷумла, ҳар як сокини Туркманистон 5319 м3/сол, Қазоқистон 2345 м3/сол, Ӯзбекистон 2295м3/сол, Қирғизистон 1989м3/сол, Тоҷикистон 1895м3/сол обро истифода мебурданд. Акнун саволе ба миён меояд, ки чун ҳамасола баҳри беҳбуди дастрасии аҳолӣ ба об дар сатҳи гуногун чандин лоиҳаву барнома амалӣ мешаванд, чаро то ҳол дар ҳалли ин мушкилот ба сатҳи Шуравӣ нарасидаем? Натиҷаи аксар пажуҳишҳо дар ин самт аз он гувоҳӣ медиҳад, ки алҳол яхбандии кӯҳҳои минтақа ба таври назаррас кам шуда истодааст. Чунончи, дар давоми солҳои 1956 — 1990 захираи пиряхҳои Осиёи Марказӣ се баробар коҳиш ёфта, ин тамоюл то ҳол бо шиддати 0,6-0,8% дар як сол идома дорад. Дар радифи ин далел боз дар илм ақидае мавҷуд аст, ки солҳои ахир дар баландкӯҳҳои кишварамон, баръакс, паст шудани тамоюли ҳарорат ба андозаи -0,30С мушоҳида мешавад. Аммо ин далелҳо то ҳол дар қиёс бо дигар далелҳо ба таври возеҳ аз нигоҳи илмӣ тавзеҳ наёфтаанд. Далелҳои интишоршуда дар ин хусус бозгӯи онанд, ки дар давоми солҳои 1961-2014 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон харорати ҳаво ба андозаи 0,2-1,90С баланд ва дар минтақаи наздикӯҳӣ миқдори боришот 1,22% кам, аммо дар минтақаи баландкӯҳ аз 12 то 16% зиёд шудааст. Илова бар ин, хотирнишон менамоем, ки дар дарёҳои Кофарниҳон, Вахш, Зарафшон ва Қизилсу ҷараёни об 1,5-2% кам, вале дар дарёҳои Помир (Ғунд ва Ванҷ) 3-5% зиёд шудааст. Давоми ин солҳо масоҳати пиряхҳо дар ҷумҳурӣ то 30% ва ҳаҷми онҳо аз 1,0 то 20% коҳиш ёфтааст. Ёдовар мешавем, ки кураи Замин чор бор давраи яхбандиро аз сар гузаронидааст. Дар ин замина саволе пайдо мешавад, ки тамоюлҳои тағйир ёфтани иқлим дар кадом сатҳ ба захираҳои об таъсир мерасонанд? Дар чунин вазъ моро лозим меояд, ки аз нигоҳи назарию амалӣ дар асоси маводи навтарини тадқиқотӣ ба таври муфассал равандҳои тағйир ёфтани иқлими кишварамонро дар сатҳҳои гуногун мавриди омӯзиш қарор дода, ба ин васила ҳодисаҳои ғайричашмдошти иқлимии онро баррасӣ намоем. Як зумра олимону коршиноси ватанӣ оид ба сабабу оқибатҳои гармшавии глобалии иқлим асару мақолаҳо навишта намуда бошанд ҳам, дар байни онҳо тафоҳуми мантиқии андеша вуҷуд надорад.
Имрӯз дар кишварамон “Маркази омӯзиши пиряхҳо” – и АМИТ, Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносӣ фаъолият менамоянд. Аммо то ҳол аз нигоҳи илмӣ ошкор карда нашудааст, ки ин марказҳо байни ҳамдигар чӣ умумият ва чӣ тафовут дар қиболи масъалагузории илмӣ доранд.
Солҳои 70-уми асри гузашта иқлимшинос М.И.Будико пешгӯӣ намуда буд, ки давоми солҳои 1970 — 2000 консентратсияи СО2 17% ва ҳарорат ба андозаи 0,650 баланд мешавад. То давраи Инқилоби илмии техникӣ (ИИТ) биосфера дар ҳолати хуби мувозинати табиӣ қарор дошт. Баъди солҳои 50-ум дар натиҷаи рушди саноат ва нақлиёт консентратсияи гази карбонат 5-10 % зиёд гардид. Тибқи таҳқиқоти олимони соҳа, консентратсияи СО2 давоми солҳои 1958 то 2000-ум аз 314 ррт ба 390 ррт расид. Ҳамасола дар ҷаҳон 15Х109 тонна СО2 хориҷ мешавад. Дар асоси тавсияҳои СММ айни замон оид ба тағйир ёфтани иқлим барномаи “Системаи глобалии мушоҳидаи иқлим (СГМИ)” таҳия шудааст. Таҳлилҳои илмӣ айни замон аз он шаҳодат медиҳанд, ки вобаста ба равандҳои тағйир ёфтани иқлим хелҳои гуногуни бемориҳо ва мавҷудоти зараррасон дар соҳаи кишоварзӣ паҳн гардида, дар натиҷа ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ ҳамасола коҳиш меёбад.
Ҳоло 68%-и аҳолӣ ба оби мутамаркиз дастрасӣ доранду бас. Дар остонаи асри ХХ1 равандҳои тағйир ёфтани иқлим мушкилоти умумиҷаҳониро ба бор овардааст. Олимону муҳаққиқон далелҳои манфии таъсири гарм шудани иқлимро бо гуногунии биологӣ ошкор намуда истодаанд. Аз муҳтавои тадқиқоти дар ин самт анҷомдода маълум мегардад, ки равандҳои тағйир ёфтани иқлим ба индикаторҳо (нишондиҳандаҳои биоэколо- гӣ) ҳамарӯза таъсири худро мерасонанд.
Аз ин ҷиҳат, нигоҳдории гуногунии биологӣ ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, бахусус, олами набототу ҳайвонот дар замони муосир аҳаммият пайдо намудааст.
Хушбахтона, ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳоло дар сатҳи ҷамоатҳои маҳаллӣ ин ҳама мушкилотро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор додаанд.
Ҳасан АСОЕВ,
коршиноси масоили экологӣ