ОМИЛИ МУАРРИФИИ МИЛЛАТ

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи сайёҳӣ сол ба сол диққати ҳамаҷониба дода, барои рушди ояндаи он заминаҳои заруриро фароҳам меорад. Дар доираи барномаҳои қабулшудаи давлатӣ рушди соҳа бо ҷорӣ намудани низоми раводиди электронӣ барои сайёҳони хориҷӣ, таъсис додани минтақаҳои сайёҳӣ ва муҳайё намудани инфрасохтори зарурӣ таъмин карда мешавад. Ҳоло дар Тоҷикистон барои шаҳрвандони 78 кишвар низоми содакардаи раводиди электронӣ ҷорӣ шудааст. Дар натиҷа шумораи сайёҳон дар се соли ахир мунтазам афзоиш ёфта, ду баробар (аз 207 то 414 ҳазор нафар) зиёд гардидааст.
Ҳамзамон, аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ ба ширкатҳо ва дигар инфрасохтори сайёҳӣ як силсила имтиёзҳои андозию гумрукӣ пешниҳод карда шуданд. Аз ҷумла, озод кардани воридоти таҷҳизот ва масолеҳи сохтмон барои иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозу гумрук, озод кардани ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолият аз пардохти андоз, низоми содакардашудаи раводид барои шаҳрвандони 80 кишвари ҷаҳон ва ҷорӣ гардидани шабакаи ягонаи электронӣ, истеҳсоли молҳои мавриди ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, озод кардан аз пардохти ҳамаи навъ андоз аз тадбирҳои муҳим дар рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишварамон ба ҳисоб мераванд.
Дар воқеъ, Тоҷикистон сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва макони меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, обу ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осиёи Миёна беҳтарин ва бештарин имконотро барои рушди сайёҳӣ соҳиб гардидааст. Мувофиқи радабандии ҷаҳонии мамлакатҳо оид ба хулосаҳои сомонаву шабакаҳои ҷаҳонӣ, махсусан, «ВВС» (Британияи Кабир, соли 2012) кишвари мо дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон ҷой дода шудааст. Сомонаи интернетии “Globe Spots” дар сархати даҳгонаи кишварҳои ҷолиб барои сайёҳони саргузаштӣ (дар соли 2014) Тоҷикистонро гузоштааст. Нашри русии маҷаллаи маъруфи “National Geographic”, (28 феврали соли 2016) дар соли 2016 шоҳроҳи Помири Тоҷикистонро дар байни 10 роҳи зеботарини дунё муаррифӣ кардааст. Соли 2016 аз рӯи таҳлилҳои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Милали Муттаҳид дуюмин кишвари ҷаҳон, ки туризмаш дар ҳоли рушд қарор дорад, Тоҷикистон дониста шудааст.
Ҳамзамон, дар рӯйхати ҷаҳонии рақобатпазирӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (ФҶИ) дар соли 2017 муаррифӣ гардид, Тоҷикистон мақоми беҳтарро ишғол кард. Бино ба маълумоти Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 холи имконпазир 3,2 хол гирифта, дар давоми ду сол аз мавқеи 119-ум ба 107-ум боло рафт. Беҳтарин нишондодро (5,7 хол) Тоҷикистон дар категорияҳои «амният», «тандурустӣ ва беҳдошт» ба даст овард.
Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳое, ки дар давоми як сол ҷаҳиши беҳтарини сайёҳӣ нишон доданд, алоҳида сабт шудааст. Дар ин рӯйхат кишвари мо дар зинаи сеюм қарор гирифт. Дар ҷойи аввал Ҷопон ва дар ҷойи дуюм Озарбойҷон мебошанд.
Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон ба рушди ин соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, зарфиятҳо ва имконоти сайёҳии ҷумҳурӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда шуданд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо муаррифӣ гардидани имконоти сайёҳии мамлакат моҳи марти соли 2023 дар шаҳри Берлин дар намоишгоҳи байналмилалии «ITB Berlin-2023» ва санаҳои 22 то 24 майи соли 2023 ва моҳи майи соли 2023 дар намоишгоҳҳои байналмилалии «Риёз-2023» мебошад.

Эмомалӣ НАБИЗОДА,
мудири шуъбаи тарбияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи
Носири Хусрав