Муаллим бо нури илму дониш ба тамоми олам рӯшанӣ меафканад.
Ба вуҷуд омадани технологияҳои навтарини замонавӣ, воситаҳои иттилоот, омӯзишу пажӯҳиши сайёраи Замин, баромадан ба Кайҳон ва монанди инҳо натиҷаи рушди тафаккури инсон мебошанд, ки бо такмили донишу маънавият ба даст омадаанд. Пас, муаллим шахси одӣ не, балки масъули имрӯзу ояндаи инсон аст.
Дар ҳама давру замонҳо, омӯзгор байни мардум эътибори хосае дошт. Ривоҷи тафаккур ва маънавияти насли ҷавон маҳз ба ибтикору кӯшиши ӯ вобаста аст. Ӯ аввалин ғунчаҳои боғи ҳаётро дар руҳияи некандешӣ ба воя мерасонад, чашми онҳоро ба сӯи оламу одам боз мекунад ва сабаби такомули шахсияти онҳо мегардад.
Агар омӯзгор босаводу хушмуомила бошад ва тавонад, ки бо истифодаи сабку шеваҳои гуногуни таълимӣ ҳангоми дарс ба дили шогирдон роҳ ёбад, шогирдон ӯро барои худ идеал интихоб мекунанд.
На ҳама аз уҳдаи кори омӯзгорӣ мебароянд ва на ҳама ба ин касб майлу рағбат доранд, чунки ин пеша масъулияти баланд талаб мекунад. Омӯзгорро зарур аст, ки дар баробари ташвишҳои зиндагӣ доим дар ҷустуҷӯву омӯзиш бошад, усулҳои наву дастнорас ва самарабахши таълимро пайдову кашф намуда, дар ҷараёни дарс корбаст намояд, вагарна бидуни омӯзиши мунтазам ба хонандагон чизе лоиқи таҳсин ва омӯзанда додан душвор аст.
Кӯдак баъди ба мактаб рафтан кадом фанне шавқ пайдо кунад, аён аст, ки дар он самт муаллиме бомаҳорат ба ӯ дарс мегӯяд.
Дар ҷомеаи имрӯз, ки технология босуръат ривоҷ меёбаду хонанда ба ҳамаи маводи таълимӣ метавонад дастрасӣ дошта бошад ва ҳамчунин, бо истифода аз усули таълими фосилавӣ хеле чизҳоро аз худ кардан мумкин аст, боз ҳам эҳтиёҷ ба омӯзгорони варзидаву соҳибкасб афзояд.
Таълими босифат ва муаллими боҳавсала, албатта, дар рушди тафаккури талабагон нақши созгор дорад. Ҳамон вақт дарс дилбазан мешавад, ки муаллим аз усулҳои фаъол истифода намуда, диққати онҳоро ба маводи омӯзиш ҷалб карда натавонад. Дар дарс фаъолияти хонанда аҳамияти муҳим дорад, бинобар ин, истифода аз усулҳои инноватсионӣ баҳри сифатнок шудани он мусоидат мекунад.
Барои таълими дурустро ба роҳ мондан аввало тарбияи саҳеҳ мебояд. Зеро фарзанди тарбиянадида мисли гули бебӯй ва оши бенамак аст.
Идеал будани омӯзгор дар тарбияи маънавӣ ва ташаккули маданияти ҷавонон нақши калон дорад.
Имрӯз усулҳои беҳтарини таълим ва маълумотҳои ҷолибро дар мавриди омӯзиш аз Ғарб гирифта истифода мебарем, аммо дар масъалаи тарбия ва маънавияти воло ҷавонони мо наметавонанд ба онҳо тақлид намоянд, корҳои онҳоро таҷриба кунанд, аз фарҳанги миллии худ ҳимоя накарда, нисбат ба устоди худ бепарво бошанд.
Муносибати байни устод ва шогирд дар Шарқ, алалхусус, дар Осиёи Марказӣ аз қадим ҷойгоҳи махсус дошт. Зеро шогирд устодро чун шахси раҳнамо медонад ва ба гуфтаҳояш бидуни ягон мамониат амал мекунад. Дар воқеъ, олимеро наметавон ном бурд, ки бидуни дуову ризоияти устоди худ ба ягон мақому мартабаи баланде ноил гардида бошад. Баръакс, онҳое, ки бо машварати соҳибдиле ба коре шуруъ кардаанд, ба муваффақиятҳои шоиста ноил гардидаанд.
Фаридун ҚОСИМОВ,
директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи
назди шуъбаи маорифи шаҳри Бӯстон