Аз омӯзгор сухан мегӯям, аз омӯзгори деҳа. Аз духтари шаҳрӣ сухан мегӯям, ки ҷавонияшро сарфи мактабу маориф дар деҳа кард. Он чи мегӯям, аз рӯйи муҳаббат аст, самимона! Муҳаббати омӯзгор, муҳаббати мардуми деҳа ба омӯзгор. Дар деҳаамон ҳиҷ вақт ӯро русдухтар нагуфтанд. Аз Россия омада буд. Аз дуриҳои дур. Дар деҳа инқилоб кард, инқилоби маданӣ.
Аз пеши назарам, аз ёдпораҳоям ҳиҷ вақт дур намешавад. Дигарбора наздики наздик мешавад.
Ҳоло ҳам китоби «Букварь»-ро дӯст медорам. Дар деҳаи мо афсонагӯй бисёр буд. Аммо аввалин бор афсонаҳои халқҳои ҷаҳонро аз ӯ шунидам.
Дар ҳафтаи аввали хониш ману ҳамсинфонам навиштану хондан наметавонистем, аммо суруди русиро медонистем, мехондем такрор ба такрор ва мегуфтем ба як овоз:
– Гуси, гуси!
– Га-га-га!
– Есть хотите?
– Да-да-да!
– Ну, летите!
– Нет-нет-нет!
Серый волк под горой,
Зубы точит,
Съесть нас хочет!
Ну, летите, как хотите,
Только крылья берегите.
Сурудро ба такрор мехондем, маънияшро ба тоҷикӣ медонистем.
Ин ҳамаро дар рӯзи аввали мактабравиямон, ки ҳанӯз омӯзгор надоштем, муаллимаи забони русии мактаби деҳаамон Мастура Емагулова омӯзонд.
Ҳиҷ фаромӯш ҳам намекунам, ки то як ҳафта, то омадани муаллими Юсуф мо бо чанд варақи китоби «Букварь» шинос шудем. Баъд китоби «Алифбо»-ро шинохтем, дидему хондем.
Ӯ метавонист, имкон ҳам дошт, ки дар шаҳр бимонад ё маркази ноҳия равад. Аммо деҳаро интихоб кард. Дар деҳа ӯро «муаллимаи забони русӣ» мегуфтем, мардуми деҳа ҳам бо ҳамин ном ӯро мешинохтанд.
Вақте ки кӯчаҳои деҳаро шинохтам, аз кӯчаи муаллимаи забони русии мактабамон гузаштанро дӯст медоштам. Баъд фаҳмидам, ки зиндагии шоистаи муаллимаи забони русӣ аз тарбияи фарзандон то рӯзгори шоиставу пешрафтааш дер боз ба даҳони мардуми деҳаамон афтода буд.
Мардуми деҳаамон ба омӯзгорон бештар эҳтиром доштанд. махсусан, ба муаллимаи забони русӣ Мастура Емагулова. Лаҳҷаи гапзанияш ҳаловати дигаре дошт.
Солҳои панҷоҳуми асри ХХ баъди хатми Омӯзишгоҳи омӯзгории Қазон дар қатори садҳо нафар омӯзгори рус ба Тоҷикистон омад. Як сол дар мактаби деҳаи ҳамсоя фаъолият кард. Баъд то ба синни нафақа расиданаш муаллимаи забони русии мактаби деҳа буд.
Муаллима Емагулова на танҳо ба фарзандони деҳа сабақ омӯзонд, балки занони деҳа ҳам аз ӯ рӯзгордориро омӯхтанд.
Ин ҳам воқеият аст, ки муаллима Емагуловаро дар деҳа ба офтоб монанд мекарданд.
Мактаби деҳаамон офтобӣ буд. Ӯ аз аввалин муаллимаҳои мактаби деҳаамон буд. Баъди ӯ сафи омӯзгорон аз ҳисоби занҳо дар мактабамон зиёд гардид.
Мактаб барвақттар мерафтем. Саҳни Чорчаман мебаромадем, дасти ҳамдигар мегирифтем дар интизору истиқболи «Офтоб» будем. Аз дур омаданашро медидем, наздикамон мешуд ва ба як овоз мегуфтем:
— О, муаллимаи забони русӣ омад!
— О, имрӯз китоби «Букварь»-ро мехонем!
Муаллими Хол Исмат, ки китобдори мактабамон буда, аз мо пештар мактаб меомад.
— Майли куҷо доред?- мепурсид.
— Майли «Офтоб»,- мегуфтем ба як овоз.
— Дасти маро ҳам бигиред, — мегуфт.
— Рафтем! — мегуфтем.
Даст ба даст мешудем ва сӯйи Офтоб ба истиқболи «Офтоб» мерафтем. Ба истиқболи офтоби деҳа, офтоби мактаб.
Дар ошхонаи мактаб хӯроки ройгон мехӯрдем, аммо муаллима Емагулова барои мо дар хонааш ширинӣ пухта меовард.
Ин ҳама муҳаббаташ барои мо муҳаббат ба Офтоб буд. Инро дертар фаҳмидем. Замоне фаҳмидем, ки муаллимаи азизи мо бо зиндагӣ падруд гуфт.
Офтоб офтоб аст. Офтоб гармӣ дорад. Оламу одам муҳаббатро аз Офтоб омӯхтааст.
Бо гузашти солҳо Офтоб дар деҳа, дар мактаби мо боз дурахшонтар шуд. Гармии дигар, муҳаббати дигарро барои деҳа фарзандони муаллима Емагулова, хонадонашон, хонадони Камолзодаҳо овард. Дар деҳа бинои илова барои 150 нафар дар ду баст сохта, ба истифода доданд. Ин ҳамааш аз баракати муаллимаи Ёмагулова, аз тарбияи ӯ ба фарзандонаш буд.
Хеле орзу мекунам, хонандагони мактаби деҳаамон ба хотири руҳи поки аввалин муаллимаи мактаби деҳаамон, аввалин муаллимаи забони русӣ, муаллима Емагулова ҳамин сурудро хонанд, ба такрор хонанд:
Пусть всегда будет солнце,
Пусть всегда будет небо,
Пусть всегда будет мама,
Пусть всегда буду я!
Бисёр мехоҳам, орзу менамоям, ки хонандагон дар гӯшаву канори кишвари азизамон ҳар субҳ майли Офтоб-Омӯзгор дошта бошанд. Аз саҳни мактаб бароянд, ба истиқболи Офтоби худ, омӯзгори худ бароянд. Аз Офтоб, аз омӯзгори худ, муҳаббат ба зиндагиро, муҳаббат ба оламу одамро эҳсос намоянд.
Ҳар субҳ Офтобро истиқбол менамоям. То ҳанӯз майл ба Офтобу омӯзгор дорам. Ҳар субҳ то шом дар симои Офтоб омӯзгоронро мебинам. Мебинам, ки дар қатори дигар омӯзгорон муаллима Емагулова ҳам ҳаст.
Ман то фурсате аз умр дорам, майл ба Офтоб дорам, майл ба муҳаббати омӯзгор…
Қурбоналӣ РАҲИМЗОДА,
корманди Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон