МАНУ УСТОДОНИ МАН

Ҳар гоҳ ки аз байни деҳа, аз назди бинои куҳнаи мактаб, ки ман он ҷо 8 сол таҳсил кардаам, мегузарам (ҳоло дар ҷойи он хонаву иморатҳои баланду мунаққашу зебои ҳамдеҳагон қомат афрохтаанд), қалбам номураттаб ба тапидан медарояд, вуҷудамро эҳсоси ширине, ки бо аламу андуҳи айёми рафта махлут аст, фаро мегирад, мағзамро ёди он солҳо тазъйиқ медиҳаду ангезаи аҷибе сар то пойи маро дар панҷаи худ мефишорад. Дабистони азизи дили ман, даргоҳи дар пиндору тасаввури кӯдакиям пурҷалолу шукӯҳманд, ки ҳамагӣ аз бинои гилини сафед иборат буд, вале саҳну майдони фарохе дошт. Ҳанӯз пеши назарам меояд, ки мактабро роҳрави сементии тӯлонӣ ба ду қисмат ҷудо карда, он аз ду бинои яке бузургу бавусъат ва дигаре якчанд синфхонаю дафтари кории директор, ҳуҷраи сарпешоҳанг (хонаи сарвожатий) ва ошхона таркиб ёфта буд.
«Аҷабо, -аз дил мегузаронам, — дар айёме, ки хонандаи дабистон будам, саҳну майдони он, аз ин канор, аз шафати хонаи раҳматии амаки Тошпӯлод то канори дигар, то хонаи Тағойи Бобоҷон чунон беҳадду охир менамуд, ки дар хаёлам ҳеҷ аз як гӯшаи он ба гӯшаи дигараш дар як рӯз расида наметавонистем. Ва ба ёдам, тирамоҳони соли 1971 мерасад, ки 1 сентябр ба синфи якум қадам ниҳодам. Чанд рӯзи аввал тағоям, омӯзгори таърих, шодравон Зайниддин Саъдиев ба мо ҳарфу ҳиҷо омӯзонду ҳисобро ёд дод. Ӯ дарс мегузашту пайваста таъкид мекард, ки «шуморо омӯзгороне, ки дар роҳанду ҷавонанд, сабақ хоҳанд омӯхт.
Ман ба таври муваққатӣ бо шумо машғулият мегузаронам». Чи гунае ки буд-набуд, дӯст медоштам тағоямро, ки ҷавонмарди қадбаланди фарохшонаю қавибозуе буд. Мӯйсараш ба қафо шоназада, мӯйлаби сиёҳи зебандае дошту чашмонаш оганда аз самимияту сидқ буданд. Ва боре дар саҳни дабистон ба бозие машғул будем, ки аз даричаи поёнии мактаб ду нафар ҷавон, ки яке миёнақаду пуррапайкар буда, шими сиёҳу куртаи сурх ба тан дошт ва дигаре баландболои лоғарандом, ки куртаи сафед бо шими сиёҳ ба пайкараш мезебид, ворид шуда, оҳиста-оҳиста гом ниҳода, бо мо баробар шуда, пурсиданд, ки дафтари муаллимон дар куҷост? Мо онҳоро бо кунҷковии махсус то ба назди дафтари муаллимон роҳнамоӣ кардем. Онҳо қабл аз он ки ба ҳуҷраи омӯзгорон дохил шаванд, аз мо пурсиданд, ки дар синфи чандум мехонем?
-Дар синфи як,- посух додем мо.
– Хеле хуб,- хитоб карданд бо шавқ он ду нафар ва афзуданд:
– Мо ба шумо сабақ хоҳем омӯхт, бачаҳои нағз.
Ва воқеан, вақте ки танаффус ба охир расиду занги дарс садо доду мо ба синфхонаи одӣ, ки шифташ қамишӣ буд, ворид шудем, директори таълимгоҳ, зани чусту чолок ва ҷиддисурат – Башорат Қурбонова (ҷояш ҷаннат бод!) ҳамроҳи он ду ҷавон ба синфамон даромаданд. Ҳама аз ҷо ба ҳурмату иззати эшон бархостем ва мунтазири ҳодисаи аҷибу хурсандибахш будем.
-Бачаҳову духтаракони азиз, — сухан оғоз кард сарвари мактаб, — ин ду нафар минбаъд ба шумо дарс хоҳанд гузашт.
-Ба синфи 1 «А» муаллим Бекмурод Давлатов (ҷавоне, ки пироҳани сурх бар тан дошт) ва синфи 1 «Б» Ҳайдаров машғулият мегузаронанд.
Пас аз муаррифии омӯзгорони ҷавон, мо-хонандагонро ҷудо намуда, гурӯҳеро дар синфхонаи ҳамшафат ҷойгир карданд. Хамин тариқ, давраи бепарвоию сабақҳои додаи тағоям ба хотира табдил ёфт. Омӯзгори мо – Бегмурод Давлатов ҷавони рӯйгирде буда, мӯйсару мӯйлаби сиёҳ дошт ва ҳангоми баргузор намудани машғулиятҳо ҷиддӣ буду босалобат ва овозаш омирона ба гӯш мерасид. Вале бо ин ҳама, чун дар посухи саволу супорише ба ғалату иштибоҳ роҳ медодем, табассуми малеҳе дар лабонаш мавҷ зада, оҳиставу оромона ва бо зарофати хос хатоямонро ислоҳ карда, «ҳеҷ гап не, минбаъд ҳадаҳа нашавед, хуб фикр карда, баъд даст боло карда ҷавоб диҳед»,- мегуфт. Дарсҳояш шавқовару хотирмон мегузашт. Ҳоло ки он айёми дурро пеши назар меорам, дар хаёлам муаллими Бегмуроду дарсҳояш чун афсонаи зебову рангин менамоянд. Ингуна, баъд аз гузашти рӯзҳову моҳҳо китоби «Алифбо»-ро ба поён расондем. Омодагӣ ба иди «Алифбо» оғоз гардид. Хонандагони ҳар ду синфи як баъд аз дарсҳо ба машқи байтҳое, ки бо ину он ҳарф оғоз мешуд, машғул мешуданд. Муаллимон Давлатову Ҳайдаров дар варақаҳои картонии кабудранг бо ранги сурх (туш) ҳарфҳоро калон-калон навишта, аз ду гӯшааш ришта гузаронда буданд, ки ба ин васила мо он варақҳоро ба гардан меовехтем. Ба ман ҳарфи «ш» рост омад. Ҳар рӯз байтҳои ба мо додашударо равону бехато талаффуз мекардем. Ниҳоят, рӯзи тантанаю руҳафзо – иди «Алифбо» фаро расид.
Дар саҳни мактаб ҷамъомади рангину пурмуҳтавое баргузор шуд. Мо- хонандагони синфи якум, бо шодии беинтиҳо, банди ҳаяҷону изтироби бузурге байтҳоро қироат мекардем. Навбат ба ман расиду мисраъҳои шеъриро баланд-баланд ба забон овардам:
Шер зӯртарин ҳайвон аст,
Шоҳи даррандагон аст.
Мавҷи кафкӯбиҳо фазои дабистонро фаро гирифт. Ҳамаи хонандагон байтҳояшонро хонданд. Ба ёдам мерасад, ки омӯзгорамон Бегмурод Давлатов ба хонандагони аълохону намуна ифтихорномаю китобчаҳо тақдим кард. Ба ман, ки аз ҳамаи фанҳо баҳои хубу аъло доштаму ҳусни хатам зебо буд, китоби Н.Носов – «Нодонхӯҷа дар Моҳ»-ро» туҳфа карда, устоди нахустинам хандидаву бо ҳазл:
-Ана, ҳамин хел хонданро давом деҳ, -гуфт.- Лекин нодонхӯҷа нашав!
Он сол таҳсил ба поён расиду муаллими азизамон Бегмурод Давлатовро ба хидмати сарбозӣ даъват карданд ва мо ҳайрону банди хаёл мондем, ки минбаъд кӣ ба мо дарс мегуфта бошад?
Соли дигар дар синфи дуюм бонуи қоматбаланди зебое ба мо ба сабақ омӯзондан шуруъ кард. Вай муаллима Муслима Обидова, аз деҳаи Мавлоно буд, ки бо меҳру самимият ва лутфу назокати модаронааш ба зудии зуд дар дилҳои мо ҷой гирифт. Муаллима бо усулу шеваи хос дарс мегузашт. Дар дарси хониш матни ҳикоя ё шеърро аввал мехонд. Мо — шогирдонро бо навбат наздаш даъват мекард. Матнро пора-пора мехондем, муаллима хатоҳоямонро ислоҳ мекард. Баъди ба охир расондани қироати матн вай худ ба нақли он ҳикоя ё мазмуни шеър мепардохт. Шеърро бағоят ифоданок, бо лаҳни ширину гуворо мехонд. Ҳангоми қироати шеър мо ҳама чун афсуншудагон моту мабҳути муаллима гардида, дар куҷо қарор доштани худро фаромӯш мекардем. Муаллима аз мо талаб мекард, ки шеърро бояд ҳамин тавр, бо оҳангу лаҳни ҷаззоб бихонем.
-Шеър сухани одӣ нест,- мефаҳмонд муаллима.
Он бояд аз пораҳои насрӣ (ҳикоя, афсона, қисса) фарқ кунад. Барои ин шеърро ифоданок ва бурро бояд қироат кард. Ифоданоку бурро хондани шеър кори осон нест, барои ин машқ кардану заҳмат кашидан зарур аст. Дар ёдам ҳаст, ки чӣ тавр мо афсонаҳои «Ҳасанак», «Нахӯдӣ ва дев», «Кулӯлабаҳодур» ва ғайраро ҳамроҳи муаллима бо шавқи беинтиҳо мехондему дар олами сеҳрноку муъҷизаосои афсона ғарқ мешудем.
Ҳеҷ намехостем, ки дарси хониш ва забони тоҷикӣ ба поён расад. Муаллима ҳангоми гузаронидани дарси математика низ қобилияти баланд нишон медод. Худаш бо даст воситаҳои аёние омода мекарду дар тахтаи синф меовехт. Махсусан, вақти гузаштани зарбу тақсими ададҳо мо ба ҳунару маҳорати муаллима қоил мешудем. Вай донишу фаҳмиши хубе дошт, роҳҳои гуногуни ҳалли зарбу тақсим ва масъалаю муодилаҳоро нишон медод. Боре ба мактаб аз шаҳр суратгир омад. Хонандагони ҳар як синф бо навбат сурат гирифтанд. Мо ҳам бо Муслима Обидова сурат гирифтем. Танҳо як акс. Воқеан, омадани суратгир ба таълимгоҳ барои мо-хонандагони деҳа тӯйро мемонд. Баъд аз гузашти чанд рӯз суратгир дар саҳни дабистон пайдо шуд-аксҳои гирифтаашро овардааст. Ҳама хонандагони мактаб ӯро печонда гирифта буданду ғалоғула доштанд. Муаллима акси якҷо гирифтаамонро ба мо тақсим кард.
Вақте ба акс чашм дӯхтам, ниҳоят ғамгину андуҳзада шудам. Дар сурат чашмонам пӯшида буданд. Гӯё воқеаи баду нохуше рӯй дода бошад, аз алам ба гиря даромадам. «Инро бинед-а ҳама хушҳолу хурсанд, бо чашмони боз нигоҳ доранду танҳо ман, чашмонам пӯшида, мисли одами нобино менамоям».
Муаллима воқифи ҳол гардида, бо оҳанги тасалло хитоб кард, ки вақти акс-ро гирифтан мижа ба ҳам задаӣ, аз ин рӯ, чашмонат пӯшида омадааст дар сурат.
-Лекин ту хафа нашав,- бо рӯймолча оби чашмонамро пок карда гуфт муаллима.
-Суратгир ҳеҷ ҷо нарафтааст, аз вай хоҳиш мекунем, ки акси тоза гирад. Ҳа-а, зиқ нашав, писари аълохони ман…
Мо дубора сурат гирифтем, зери дарахти зардолуи сабз, ки акнун меваҳояш нимрас шуда буданд. Ин акс, ки соли 1972 гирифта шудааст, ҳанӯз дар ҷомадонам ҳамчун ганҷи нодир аз он айёми мактабхонӣ боқист.
Мо бо муаллима сахт унс гирифтем. Ҳа, аз ёдам наравад, муаллима варзишгари бомаҳорате буд, ки ба хусус, дар бозии волейбол ҳамто надошт. Чунон ба ҷониби дастаи рақибон ҳангоми бозӣ зарбаҳои сахти ногаҳонӣ (тушит) мезад, ки ками дар кам ин зарбаҳоро бозигарони дастаи ҳариф бармегардонданд. Дар синфи дуюм муаллимаи дигаре низ ба мо дарс мегуфт аз забони русӣ. Ному насабаш аҷиб буд: Лариса Василевна Эрмантраут. Мо забони русиро аз китоби бузургу барҷастаи калонҳаҷми «Букварь», ки зардранг буду дар муқовааш расми хонандаеву рақами 2 сабт шуда буд, меомӯхтем. Муаллима Лариса Василевна қаддарози харобандом буду нисбат ба мо – шогирдон ниҳоят серталаб. Лекин лаҳни хушоянду марғуб ва назофати нозуки занона дошт. Ҳоло ҳам ҳарф задану маҳин-маҳин шеъру сурудҳоро замзама карданаш тайи гӯшам чун дар рӯъёе садо медиҳанд…
Мо ба шарофати заҳмату талошҳои Лариса Василевна ҳарфҳои забони русиро шинохтему андак-андак бо ин забон сухан гуфтанро ёд гирифтем. Хушбахтӣ, сари баланди мо! Баъд… омӯзгорони зиёде дар синфҳои болоӣ ба мо дарс доданд. Аз суруд ва мусиқӣ Илёс Ғафуров, аз математика Ҳасан Убайдов, Нарзулло Ёров, аз ботаника Саттор Нуриллоев, аз таърих Азиз Каримов, аз физика Тоҳир Иброҳимов, аз забон ва адабиёти тоҷик Эшонқул Қиёмову Бобобек Раҷабов, аз тарбияи ҷисмонӣ Достиалӣ Бӯриев, аз география Маҳмудхон Убайдов, аз забони русӣ Любов Гнатко ва аз забони немисӣ Екатерина Тевс дар синфҳои 9-10 устодон Абдурауф Мирзоев, Саъдулло Раҷабов, Алла Петровна Халикова, Нуралӣ Хокироев, Алихон Зубайдов, Ҷумъабой Бураков, Шермаҳмад Муллоев ва бисёр-бисёр дигарон. Аз ҳар яке аз ин омӯзгорон сабақи хос гирифтем. Қисми зиёди онон кунун дар қайди ҳаёт нестанд, аммо ному корашон дар ёдҳо боқӣ монда.
Соли 1981 мактаби миёнаро хатм намуда, ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (он вақт УДТ ба номи Ленин) дохил шудам. Дар шаҳодатномаи хатми мактаб аз ҳамаи фанҳои таълимӣ баҳои «аъло» доштам.
-Хуш ба ҳоли чунин шогирду омӯзгорони заҳматкаши ӯ, — бо чеҳраи кушода, табассум даври лабон хитоб карда буд масъули имтиҳоноти дохилшавӣ ба донишгоҳи мазкур, муаллим Иброҳим Калонов.
Оре, хидмати устодони даврони мактабиям хеле бузург аст ва ранҷу заҳматҳои онҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳам кард.

Шодӣ РАҶАБЗОД,
«Омӯзгор»