ҒАМИ ФАРДОРО БОЯД ХӮРД

Маълум аст, ки яке аз масъалаҳои ҳалталаби ҳар соҳа омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон аст. Дар ин росто, соҳаҳои иҷтимоие, чун маориф, тандурустӣ ва фарҳанг дар давраи тайёрӣ ба тирамоҳу зимистон заҳмати зиёде ба харҷ медиҳанд, чунки зерсохтору муассисаҳояшон дар қиёс ба дигар соҳаҳо бештар аст. Таъмири муассисаҳои маориф, дастрас намудани либоси мактабӣ, китоби дарсӣ ва дигар ашёи хониш, ба ҳисоб гирифтани шумораи хонандагон, таъмин бо кадрҳои педагогӣ аз вазифаҳои муҳимми роҳбарони сохторҳои маориф ҳисоб мешавад. Албатта, омодагӣ ба соли нави таҳсил то аввали моҳи август шояд идома ёбад, аммо тайёрӣ ба давраи тирамоҳу зимистон то охири тирамоҳ давом мекунад.
Азбаски фасли зимистон дар ВМКБ тӯлонист, раёсати маорифи вилоят барои бе мушкилӣ сипарӣ намудани давраи тирамоҳу зимистон аз баҳор омодагӣ мегирад.
Бо вуҷуди тӯлонӣ идома ёфтани зимистон, дар муассисаҳои маорифи вилоят аз соли гузашта 235, 9 тонна ангишт ва 285, 3 метри кубӣ ҳезум боқӣ мондааст. Имсол барои самарабахш паси сар намудани давраи тирамоҳу зимистон ба соҳаи маорифи вилоят 8 миллиону 995 ҳазору 606 сомонӣ барои хариди ангишт, 1 миллиону 146 ҳазору 826 сомонӣ барои ҳезум ва 20 ҳазору 30 сомонӣ барои сӯзишвории дизелӣ пешбинӣ гардидааст. Ниёзи ҳақиқии сохторҳои маориф 5436, 6 тонна ангишт, 7622, 5 метри кубӣ ҳезум ва 1920 литр сӯзишвории дизелиро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин, гармкунаку генераторҳои барқӣ, бухориҳои аловӣ ба ин давра комилан бояд омода бошанд, аз ин рӯ, айни ҳол 23 дегхона, 1388 гармкунаки барқӣ, 75 генератор, 3034 бухории аловӣ омода карда шудаанд.
Мувофиқи нақшаи чорабиниҳо, шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои маориф бо соҳибкорону корхонаҳо ҷиҳати таъминот бо маводи сӯхт шартнома мебанданд. Дар ин самт баъзе шуъбаҳо ва мактабҳо миқдори муайяни ангишту ҳезумро дастрас кардаанд. Чунончи, дар чанд муассисаи маорифи ноҳияи Шуғнон ба андозаи 195,1 тонна ва ноҳияи Ишкошим 54,5 тонна зуғол захира гардидааст.
Ҳамзамон омодагиҳо ба соли нави таҳсил ҷараён дошта, ҳар сол тамоми муассисаҳои томактабию таълимӣ аз таъмири ҷорию асосӣ бароварда мешаванд. Аз буҷети вилоят барои таъмири ҷории муассисаҳои маориф 3 млн. 811 ҳазору 314 сомонӣ ҷудо гардида, якуми июл 611 ҳазору 195 сомонӣ ё худ 16% маблағ мақсаднок сарф шудааст. Ба шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ ҷиҳати таъмири ҷорӣ 600 ҳазору 602, ба шуъбаи маорифи ноҳияи Дарвоз 392 ҳазору 447, ба шуъбаи маорифи ноҳияи Ванҷ 441 ҳазору 969, ба шуъбаи маорифи ноҳияи Рӯшон 426 ҳазору 042, ба шуъбаи маорифи ноҳияи Шуғнон 648 ҳазору 426, ба бахши маорифи ноҳияи Роштқалъа 788 ҳазору 397, ба шуъбаи маорифи ноҳияи Ишкошим 496 ҳазору 015, ба шуъбаи маорифи ноҳияи Мурғоб 17 ҳазору 416 сомонӣ ҷудо гардидааст.
Дар таъмиру омода намудани муассисаҳои таълимию томактабӣ ба соли нави хониш саҳми Ассотсиатсияи волидону омӯзгорон низ қобили зикр мебошад. Падару модарон дар таъмири бино ва синфхонаҳои муассисаҳо бо омӯзгорон ҳамдастӣ мекунанд ва дар бисёр ҷойҳо ин кор ҳукми анъана гирифтааст. Хуб мешуд, ки дар дигар ҷойҳо низ падару модарон дар ин кор саҳмгузор бошанд, зеро дар мактаб фарзандони онҳо таҳсил мекунанд. Имрӯзҳо соҳибкоронеро метавон дучор омад, ки бе талқину таблиғи касе дар таъмиру обод намудани муассисаҳои маориф мустақилона саҳм мегузоранд. Чунин падида бештар дар ноҳияи Дарвоз ба назар мерасад. Айни муддао мебуд, агар соҳибкорони дигар ноҳияҳои вилоят мисли соҳибкорони Дарвоз олиҳимматӣ кунанд.
Муҳоҷирони корӣ дар ободии мактабашон низ саҳм мегузоранд. Дар ин кор муҳоҷирони меҳнатӣ аз ноҳияҳои Роштқалъа, Ишкошим, Рӯшон, Шуғнон фаъоланд.

Ҷангибеки УЛФАТШОҲ,
«Омӯзгор»