РӮ БА РӮ БО ОМӮЗГОР
Ҷомеае, ки ба аҳли маориф, ба устод, омӯзгор, зиёӣ, эҳтиром намегузорад, ба пешрафт муваффақ шуда наметавонад.
Эмомалӣ Раҳмон
Ин таъкиди Сарвари давлат ба кулли ҷомеаи имрӯза як навъ даъват аст, даъвате, ки иҷрои он моро бо ояндаи дурахшон рӯ ба рӯ мекунад. Воқеан, вақте ки маорифро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “афзалиятнок” ва “омили амнияти миллӣ” номидаанд, чаро ба кормандони соҳа, хусусан, устодону омӯзгорон таваҷҷуҳ накунем? Вақте омӯзгор амн аст, ҷомеа ҳам, албатта, амн мешавад. Амнияти омӯзгор дар дасти мову шумост, дар дасти падару модарон, ҳар узви ҷомеа, ҳар мақомдоре, ки парвардаи ӯст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ эътирози омӯзгорон зиёдтар садо медиҳад, вақте ба асли воқеа назар мекунем, дардҳо зиёданд.
Якум, имтиёзҳои мавҷуда ба ҳамаи омӯзгорон дастрас нестанд, на ҳар мақомоти маҳаллӣ ба ин масъала ҷиддӣ муносибат мекунад. Бояд ҳар як талаботи санаду қарор ва қонуне, ки аз омӯзгор дифоъ мекунад, аз ҷониби мақомоти масъул ба эътибор гирифта шавад.
Хуб аст, ки дар қисме аз шаҳру навоҳӣ роҷеъ ба дастгирии омӯзгорон ва ҳавасмандгардонии онҳо тадбирҳои муҳим андешида мешаванд. Масалан, ба мо дар бораи дастгирии омӯзгорон дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Бохтар, ноҳияҳои Восеъ, Дӯстӣ, Кӯшониён ба ҳар тариқа иттилоот мерасад, ки ба роҳбарияти мақомоти ин шаҳру навоҳӣ таҳсин мегӯем. Аммо баъзе шаҳру ноҳияҳое ҳастанд, ки ҳатто, дар пардохти маоши омӯзгорон душворӣ мекашанд. Дар чунин ҳолатҳо роҳбарияти шаҳру навоҳиро мебояд тавассути ташкил кардани робитаи қавии ҷомеа бо мактаб ба қадри омӯзгор бирасанд. Охир, тавре вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Раҳим Саидзода таъкид мекунад: “Соҳаи маориф танҳо хоси як ниҳод, марбути як ва ё чанд роҳбари он не, балки марбути тамоми ҷомеа аст, он бе дастгирии ҷомеа ва давлат пеш рафта наметавонад. Агар ин тавр намебуд, давлат ва Роҳбари он ба соҳа ин қадар зиёд таваҷҷуҳ намекарданд.”
Зарурати ин тадбир ба он хотир ҳам ҳаст, ки омӯзгор дар назди ҷомеа уҳдадориҳои зиёд дошта, ҳеҷ кадом ҷое навишта нашудаанд. Ба хотири чӣ? Албатта, ба хотири он ки ӯ дар бисёр ҳолат шахси асосист. Бубинед, ки Пешвои миллат бо чӣ ибораву ифодаҳое ба омӯзгор баҳо додаанд: «Қувваи пешбаранда ва фаъоли ҷомеа дар рушди неруи инсонӣ, равшанкунандагони хиради башар, афрӯзандаи машъали илму донишу тавоноӣ, мураббӣ ва ҳидоятгари роҳи ростӣ, таблиғгари саводу маърифат, пошандаи тухми илму дониш, раҳнамову раҳкушои толибилмон, машъалафрӯзи илму дониш, шаҳсутуни низоми таълиму тарбия ва омӯзишу парвариш, ки бедории фикр, покизагии ахлоқ ва ташаккули ақлонии инсон маҳсули paнҷу машаққати ӯст» ва даҳҳои дигар.
Дуюм, ҳар шахсе ба мақсади таълиму тарбияи насли наврас ба мактаб қадам мемонад, бояд донад: дар ин даргоҳ ОМӮЗГОР бояд шуд, омӯзгоре, ки касбияти воло ва дониши фаровонаш шогирдонро тасхир кунад, сазовори баҳои бузургон гардад, аз худ ва маориф дифоъ карда тавонад.
Сеюм, лозим медонам, муҳтавои нақли дӯстам Қутбиддин Мухториро аз забони як омӯзгор ёдовар шавам: “Ман маҳсули кор ва манфиати омӯзгориро баъди сӣ сол ба даст овардам. Чунки баъди сӣ сол шогирде, ки ӯро барои нахондану беодобӣ карданаш сахт сарзаниш мекардам, маро ёд кард. Ба туфайли дастгириҳои ӯ имрӯз ман ҳамаи фарзандонамро соҳиби молу ҳол кардам. Аз он ки умрамро ба омӯзгорӣ сарф кардаам, шукргузорам.”
Ин ҳикоят панди Саъдии бузургро ба ёд меорад, ки гуфта: “Ҷабри устод беҳ аз меҳри падар.”
Ин омӯзгор аз ҷумлаи он фидоиёни соҳа аст, ки дар ягон давра тарки пеша накард, на аз мушкили рӯз ҳаросид, на аз шогирдони “муштзӯр”. Фикр мекунам, он сифоте, ки Пешвои миллат ба омӯзгорон нисбат додаанд, маҳз ба ин гурӯҳ тааллуқ дорад.
Вазорати маориф ва илм барои такмили касбияти омӯзгорон пайваста тадбирҳои зиёд меандешад. Чунончи, ба сифати тайёр кардани мутахассисон дар макотиби равияи омӯзгорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад, дастуру тавсияҳои методӣ ба табъ мерасонад, курсу семинарҳоро доир ба баланд бардоштани такмили ихтисоси онҳо ба роҳ мемонад. Аммо бояд гуфт, ки дар самаранок гардондани ин тадбирҳо чанд мушкил ҷой дорад. Якум, борҳо гуфтаем: интихоби касби омӯзгорӣ аксаран аз рӯйи ҳавас ба ин пеша не, ба хотири номи донишҷӯро соҳиб шудан аст. Ин мушкил даҳҳо мушкили дигар дар пай дошта, боз ҳам моро водор менамояд, ки омӯзгорро хуб бишносем ва эҳтиром кунем. Дуюм, дуруст аст, ки дастуру тавсияҳои методӣ омода ва чоп мешаванд, аммо ба теъдоди ниҳоят кам, ки дастраси ҳамаи омӯзгорон намегарданд. Сеюм, дар курсу семинарҳо бояд шароити омӯзишро ба омӯзгорон ба дурустӣ муҳайё кард. (Ҳам дар мақомот ва ҳам марказҳои такмили ихтисосу марказҳои таълимиву методӣ).
Яке аз тадбирҳое, ки аз фаъолияти омӯзгорон натиҷагирӣ карда мешавад, ба заҳмати онҳо аз ҷониби мақомоти давлатии шаҳру навоҳӣ ва роҳбарияти соҳа баҳогузорӣ ва қадрдонӣ карда мешавад, омӯзгорон муаррифӣ гашта, таҷрибаашон паҳн мегардад, ба машваратҳои августӣ рабт дорад. Қолаби баргузории машваратҳои августӣ тақрибан як хел аст, аммо тарзи баргузории он ба шахсони масъули соҳа вобастагӣ дорад. Беҳтарин тарзи баргузории машваратҳои августӣ бо иштироки шахсони аввали шаҳру навоҳӣ, шарикони иҷтимоӣ, намояндагони АВО, омӯзгорон ва хонандагони фаъол, аҳли фарҳанг ва ВАО, ғолибони озмунҳо, суханронӣ ва қадрдонии онҳо, баъдан дар бахшҳо муаррифии дастовардҳои омӯзгорони фаннӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва кабинетҳои методист.
Як масъалаи муҳиме, ки аз ҷониби ҳар омӯзгор ва кабинетҳои методӣ таваҷҷуҳи ҷиддиро металабад, омода кардани муаррифӣ (презентатсия) дар асоси таҷриба ва мувофиқати он бо талаботи педагогиву психологӣ, навоварона ва эҷодкорона будани он аст. Аммо ба назар мерасад, ки ин муаррифиҳо асосан қолабӣ ва рӯбардори якдигаранд. Дар ҳоле ки Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ номгӯи мавзуъҳои намунавиро, аз қабили масъалаҳои муҳимми рушди маориф ба мудир ва мушовирони кабинетҳои методии шуъбаҳои маориф, директорони муассисаҳои таълимӣ, муовинони директор оид ба таълиму тарбия, роҳбарони синф, равоншиносони мактаб, таҳсилоти фарогир, мактаб-интернатҳо, таҳсилоти томактабӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, фанҳои таълимӣ пешниҳод карда, нашрияҳои соҳавӣ барои интихоби беҳтарин мақолаҳо пайваста озмун эълон мекунанд, чаро ин муаррифиҳо (презентатсияҳо) сидқан омода кардаву ба мо ҳам пешниҳод намегарданд? Чаро тавассути минбари худ аз дастовардҳои хеш нагӯему нанависем?
Умедворем, беҳтарин навиштаҳо аз натиҷаи кори шумо, омӯзгорон, дастраси мо мегарданд. Дар он сурат ҳам худ муаррифӣ мешавед, ҳам дигарон аз таҷрибаатон баҳравар мегарданд.
Саидаи ФАЗЛ,
«Омӯзгор»