ҲАЗАР АЗ ОН ЧӢ МЕОРАД ҒАМУ АНДУҲ

Инсон ҳамеша ба тани солиму сухани хуш ниёз дорад. Агар ӯ иродаи қавӣ дошта бошаду бо одамони атрофаш чӣ гуна нишасту хез ва муомилаи дуруст карданро донад, ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ дар ҳеҷ коре дар нахоҳад монд. Дар акси ҳол, ба ҳолатҳое гирифтор мешавад, ки ҷуз пушаймонӣ ҳосили дигаре нест.
Яке аз ин одатҳои бад нашъамандист. Он ба ҷони одамон ва солимии ҷомеа таҳдид намуда, аз ҷумлаи беморӣ ва мушкилоти ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Бинобар он, дар тамоми ҷаҳон ва аз ҷумла, дар ҷумҳурии мо низ ҷиҳати пешгирии нашъамандӣ муборизаи доимӣ мебаранд. Барои табобати беморони гирифтори нашъамандӣ ва майзадагӣ дар тибби наркологии тоҷик усулҳои хос истифода мешаванд. Барои пешгирӣ ва муолиҷаи бемории нашъамандӣ дар шаҳри Душанбе Маркази ҷумҳуриявии клиникӣ — наркологии ба номи профессор Минҳоҷ Ғуломов ташкил карда шудааст.
Маркази мазкур муассисаи пешбари сохтори соҳаи хизматрасонии наркологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мебошад. Он якҷо бо марказҳои наркологии ВМКБ ва вилоятҳои Суғду Хатлон барои ташхис, пешгирӣ, табобат ва барқарор кардани беморони мубталои нашъамандӣ, майзадагӣ ба аҳолӣ хизмати махсуси наркологӣ мерасонад.
Мутахассисон баҳри муолиҷаи шахсони гирифтори бемории нашъамандӣ, ғайр аз табобат тавассути доруҳо, ҳамчунин, доир ба оқибатҳои ин беморӣ пайваста вохӯриву семинарҳои омӯзишӣ ва машваратӣ баргузор менамоянд. Дар баробари ин, усули дигари коҳишёбии бемории нашъамандӣ бо мурури замон аз қайди наркологӣ баровардани онҳо мебошад. Пас аз муоина дар сохторҳои наркологӣ нашъамандонро тавассути ба кор фаро гирифтан табобат менамоянд. Ин усул дар давраи табобати офиятбахшӣ дар муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии офиятбахши тиббӣ – иҷтимоии «Тангаӣ» истифода мешавад. Дар муассисаи Маркази ҷумҳуриявии клиникӣ – наркологии шаҳри Душанбе усули махсуси табобати «безаҳролудгардонии зудамал» истифода мегардад, ки дар хориҷи мамлакат ин усул ба роҳ монда нашудааст. Ҳамзамон, бо усули гиёҳдармонӣ низ беморони зикршударо табобат мекунанд. Мутаассифона, аз теъдоди умумии беморони нашъаманд 103 нафарро занҳо ташкил медиҳанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашшта се нафар зиёд гардидааст.
Бино ба иттилои Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал – майори адлия Ҳабибулло Воҳидзода танҳо дар нимсолаи аввали соли равон аз муомилоти ғайриқонунӣ 366 килограмму 785 грамм маводи нашъаовар мусодира гардид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 45, 6 фоиз бештар аст. Дар мамлакат, дар ин муддат 2 тоннаю 276 кг маводи нашъаовар мусодира гардид. Мусодираи афюн 50, ҳашиш 15 фоиз, бангдона 51 маротиба, модддаҳои психотропӣ дар намуди хока 4, 4 ва ҳабҳои синтетикӣ 2, 8 маротиба афзудааст. Дар ин муддат аз ҷониби агентӣ 69 ҷиноят вобаста ба маводи нашъаовар ошкор гардида, фаъолияти 24 гурӯҳи ҷиноятӣ дар ҳайати 47 нафар ва гурӯҳи ҷиноятии муташаккил қатъ гардидааст. Аз 77 нафари ашхоси дар кофтукови ҷиноятӣ қарордошта 7 нафар дастгир шудааст.
Тибқи омори расмӣ, нимсолаи якуми соли равон дар мамлакат 4183 нашъаманд дар қайд аст, ки нисбат ба соли гузашта 254 нафар ё 5, 7 фоиз кам маебошад. Бино ба иттилои Ҳабибулло Воҳидзода 308 нафар шаҳрванди мамлакат барои ҷиноятҳои алоқаманди маводи нашъаовар дар кишварҳои хориҷӣ дастгир шудаанд.
Бояд гуфт, ки қисми аксари онҳое, ки бо нашъа ва нашъамандӣ иртибот доранд, ҳатман аз чунин амали хеш изҳори пушаймонӣ мекунанд, хусусан онҳое, ки ба истеъмоли нашъа машғуланд. Зеро онҳо медонанд, ки табобати бемории нашъамандӣ мушкил ва тӯлонӣ буда, аз 1 то 5 сол идома меёбад. Пас аз гузаштани табобати пурра бештари беморон аз истеъмоли маводи нашъаовар даст мекашанд. Аммо баъзеи онҳо, мутаассифона, бо таъсири шахсони бемори дар атрофашон буда боз ба истеъмоли он шуруъ мекунанд.
Гузаштан аз муоинаи тиббии ташхиси нашъамандӣ мисли дигар намудҳои муоинаи пеш аз ақди никоҳ зарур мебошад. Зеро бармаҳал муайян намудани шахси нашъаманд – пешгирӣ аз дигар бемориҳои сироятӣ ва вайроншавии оилаҳои навбунёд низ мебошад.
Шахси нашъаманд дар ҷомеа ҳамеша худро танҳо ҳис намуда, аз касе ё чизе сирру асрори худро пинҳон медорад, ӯро ҳамеша тарсу ҳарос домангир аст. Сухани хуб, муомилаи хуш дар чунин беморон ками дар кам мушоҳида мегардад. Дар ҳолати гирифтор шудан ба дараҷаи баланди хумори нашъа барояш тамоми ашёи атроф ва одамони худиву бегона бефарқ аст. Яъне нишонаҳои ахлоқи ҳамида дар ӯ қариб, ки аён нест. Ин аст, ки доир ба ин масъала чандин санаду қонун таҳия гардида, барои муолиҷаи ин гуна беморон роҳу усулҳои зиёде ба кор бурда мешаванд.
Ба ақидаи иҷтимоъшиносон, яке аз сабабҳои ба ин роҳ рафтани баъзе аз шаҳрвандонамон беаҳамиятии бархе аз атрофиёни онҳоест, ки сари роҳи онҳоро намегиранд, баръакс, ин ҷурми онҳоро пинҳон менамоянд. Чунин муносибат яке аз сабабҳои хеле дер муолиҷа шудани бемориҳои гирифтори нашъамандӣ мегардад. Мутахассисон маслиҳат медиҳанд, ҳар як шахси соҳибхиради ҷомеаро зарур аст, ки дар ҳолати мушоҳида кардани онҳое, ки ба ин зуҳуроти номатлуб сарукор мегиранд, бояд ҳатман ба дастандаркорони ин соҳа ё пайвандони онҳо саривақт хабар диҳанд, то пешгирии ин амал ё муолиҷаи беморӣ осон гардад. Албатта, аксари шифоёфтагони чунин беморӣ пушаймон мегарданду минбаъд аз истеъмоли нашъа ҳазар мекунанд. Пас зарур аст, ки ҳангоми муолиҷа бевосита аз суҳбатҳои онҳо истифода бурд, то дигарон зарари нашъаро донанду ҳаваси истеъмоли онро накунанд.
Албатта, ҳар кору амали нангин пушаймонӣ ҳам дорад. Аксари онҳое, ки ба ин «беморӣ» гирифтор гардидаанд, ҳангоми суҳбатҳо иброз медоранд, ки пушаймонанд ва дар баъзе ҳолатҳо атрофиёнашонро, ки одамони солиманд, гунаҳкор медонанд.

Ҳотами ҲОМИД,
«Омӯзгор»