ҲАМБАСТАГИИ МИЛЛӢ – ТАҲОҶУМИ МАФКУРАВӢ

Бархӯрд ва муколамаи тамаддунҳо собиқаи тӯлонии таърихӣ дошта, дар масири таърихи ватанӣ ҳанӯз аз давраи истилои Искандари Мақдунӣ шуруъ шудааст ва то имрӯз бо дарназардошти шароит ва вазъи сиёсию иҷтимоӣ ва илмию мафкуравӣ давом карда истодааст. Дар шароит ва марҳалаи нави муносибатҳои иҷтимоию сиёсии ҷаҳонӣ, ба қавли ҷомеашиноси муосир ва муаллифи китоби машҳури “Бархӯрди тамаддунҳо” Самюэл Хантингтон, сиёсати тамаддунҳоро ташкил медиҳад ва бар ин асос, рақобати давлатҳои абарқудрат дар пояи бархӯрди тамаддунҳо сурат мегирад.
Дар ин давра бархӯрдҳо шаклу намудҳои гуногунро ба худ мегиранд. Муҳаррикони асосии ин раванд миллату нажодҳо ва дину идеологияҳо мебошанд. Ин аст, ки мо дар вазъияти хеле ҳассоси сиёсӣ ва мафкуравӣ қарор дорем. Муҳимтар аз ин, қудрат ва бозингарони сиёсати ҷаҳонӣ мехоҳанд ҷомеаи ҷаҳонӣ, бавижа Шарқи мусулмониро дар қолаби бовару иттилооти дурӯғин қарор дода, ба ин васила онҳоро дар ҳолати бемории музмини дурударози ноогоҳӣ, ҷаҳолат, таассуб, хурофот, печидагӣ, нофаҳмӣ, дарҳамбарҳамӣ, бегонасолорӣ, дурӯғбофӣ ва хурофотпарастӣ нигоҳ доранд. Бофтан ва парокандани иғвою дурӯғ дар миёни табақаҳои гуногуни иҷтимоӣ, аз ин тариқ ноорому бесубот кардани минтақаҳо ва дар ин замина идора кардани мардум ва ҷомеаҳои ақибмонда ва вопасгаро солҳост, ки ба кори рӯзмарраи корпоратсияҳои минтақавию ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Ташкили бозиҳои сиёсию мафкуравӣ аз ҷумлаи роҳкорҳои асосии сенаристону бозигарони сиёсӣ дар сад соли ахир ба шумор меравад. Мутаассифона, ин гуна бозиҳои геополитикӣ ба минтақаи мо ҳам бетаъсир намемонанд ва дар ҳамаи самту сатҳҳои зиндагӣ хавфу хатарҳоро ба дунбол доранд. Дар зимн, тайи даҳ-понздаҳ соли ахир миёни табақоти гуногуни иҷтимоӣ ва махсусан, насли ҷавони ҷомеа ба таври тадриҷӣ афзудани нуфузу тасаллути хурофоту таассуби мазҳабӣ, ки аз мафкураи аҷнабӣ реша мегиранд, нигарониҳои ҷиддиро ба вуҷуд овардааст. Дар ин миён камогоҳӣ, бетаваҷҷуҳӣ ва саҳлангории қишри зиёӣ ва фарҳангии ҷомеа, ки дар ҳамаи давру замон пешсафи мубориза алайҳи хурофоту ҷаҳолат маҳсуб меёфтанду меёбанд, корро як қадар мушкил кардааст. Муҳимтар аз ин, як идда зиёиёну фарҳангиёни ватанӣ худ побанди хурофоти мазҳабӣ гардида, дар хидмати хурофапароканон қарор гирифтаанд. Ҳарчанд ки ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ва мақомоти қудратӣ дар самти коҳиш додани нуфузи сардамдорони хурофаю таассуби мазҳабӣ саъю талоши фаровон меварзанд, институтҳои иҷтимоӣ ва маданӣ фаъол нестанд. Аз ин ҳолат, ки ғолибан бар мабнои сукуту хомӯшии артиши фарҳангиёну зиёиён иттифоқ афтодааст (албатта, талошҳои иддаи ангуштшумори зиёиёни миллӣ ва фарҳангиёни ватаниро, ки ҳамеша бар зидди хурофоту ҷаҳолат мубориза мебаранд, нодида набояд гирифт ва кору пайкори онҳо дар ин вазъи ҳассоси сиёсию геополитикӣ сазовори таҳсину офарин аст), ҳаракату гурӯҳҳои ифротгарои зиддимиллӣ истифода мебаранд ва ҷомеа ва авомро таҳти таъсир ва тасаллут қарор медиҳанд.
Гузашта аз ин, гурӯҳу созмонҳои ифротгарои динию мазҳабии хориҷӣ, аз як тараф ва рӯҳониёни мутаассиби дохилӣ, аз тарафи дигар, ҷомеаро дар инҳисори ақидатию сиёсӣ қарор медиҳанд. Зиёда аз ин, таҳоҷуми фикрию равонӣ ва иттилоотӣ, ки тавассути расонаю сомонаҳои мустақили дохилию хориҷӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ роҳандозӣ мешавад, воқеияти дигарест, ки ҳар рӯз бо он мувоҷеҳем. Ин аст, ки фарҳангиёну зиёиён бояд ҳассосиятҳои замонро қабл аз дигарон дарк намоянд ва дар баробари таҳоҷумоти аҷнабӣ қад алам кунанд…
Боиси ифтихор аст, ки фарҳанги миллӣ, ки бар мабнои бовардоштҳои қадимӣ ва асотири бостонӣ устувор шудааст, решаи на таҳоҷумию бедодгарӣ, балки мардумсолорию фарҳанггустарӣ дорад.
Ба назари муҳаққиқон, фарҳанги ҳар ҷомеа (қавм, тоифа ё миллат) натиҷаи фаъолиятҳои фикрӣ ва зеҳнии ҷомеа аст. Миллатҳо, ақвом ва тоифаҳо бо фарҳангашон аз якдигар фарқ мекунанд ва ҳувияташон дар фарҳанг нуҳуфтааст. Ин аст, ки фарҳанг ба унвони унсури калидии ҳувиятсозӣ ва механизми мафкураороӣ дар баробари таҳоҷумоти аҷнабӣ хидмат мекунад. Муҳимтар аз ҳама, фарҳанги миллӣ имкони муқовимат бо идеология ва таҳоҷумоти сиёсию мафкуравии аҷнабиро дорад.
Бо таваҷҷуҳ ба ин, ҷо додани арзишҳои фарҳангӣ ва миллӣ дар зеҳни насли наврас ва ҷавон кори мунтазам ва мудавоми фарҳангиёну зиёиёни ватанӣ мебошад ва ҷараёни зеҳнсозии миллӣ аз марзи хонавода шурӯъ шуда, то ба ҳадди ниҳодҳои дигари иҷтимоӣ (боғчаву мактаб, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ, муассисоти фарҳангӣ-фароғатӣ, созмонҳои ҷамъиятӣ ва амсоли инҳо) мерасад. Тарбияи зеҳнӣ ва фарҳангӣ, қабл аз ҳама, дар марҳилаи ташаккул ва рушди насли наврасу ҷавони ҷомеа корсозтар аст. Агар фазои имрӯза бо андешаи солим ва арзишҳои инсонсози миллӣ комил гардад, таҳдиди буҳрони беҳувиятӣ дар ҷомеаи тоҷик коҳиш ёфта, масири ҳувиятшиносии миллӣ кушода мегардад. Бинобар ин, аз ин марҳила, аз замони туфулият мебояд шуруъ кард, то насли хурдсол ва навраси мо бо шинохти арзишҳои миллӣ ва бумӣ ба воя расида, бо онҳо хӯ гирифта, бузург шавад ва минбаъд ҷилави вуруду таҳдиду фишори фарҳанги хирадситезу ҷаҳолатмаоби аҷнабиро худ бидуни кумаки дигарон бигирад.
Ҳоло ки ҷомеаи мадании тоҷик дар баробари таҳдиду хатарҳои глобалие аз қабили терроризму экстремизм ва эпедемияи таассубу ҷаҳолати мазҳабӣ дасту панҷа нарм мекунад, фурсат дорад, ки воқеиятҳои давру замонро дуруст бишносад ва ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷуда иқдом намояд. Иттиҳоду ҳамбастагии миллию мардумӣ, ки аз фарҳанги бостонии миллӣ сарчашма мегирад, дар ин вазъияти ҳассос корсоз буда метавонад.
Матлуба НУРОВА,
омӯзгори таърихи мактаби №91,
шаҳри Душанбе