КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ: ПЕШРАФТ ВА МУШКИЛОТ

– Аз 29 май то 11 июни соли ҷорӣ дар 61 шаҳру ноҳияи кишвар барои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ озмуни квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, – зикр кард Наврӯз Мирзозода, сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илм.
Аз раёсат, шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барои иштирок дар озмуни довталабони квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар зиёда аз 5 ҳазор ҳуҷҷати довталаб — ғолибони даври дуюми шаҳрию ноҳиявӣ ба комиссияи даври сеюми ҷумҳуриявӣ пешниҳод шуд.
Дар асоси талаботи банди 16-и «Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 майи соли 2020, №254) озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даври сеюм баргузор гардид. Он дар асоси саволномаҳои тестӣ (хаттӣ), ки аз рӯйи гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) бо забони давлатӣ аз ҷониби Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби мутахассисони фаннӣ ва таъсиси гурӯҳҳои корӣ барои ҳар як ихтисоси ҷудошуда дар доираи барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таҳия ва тасдиқ гардидааст, сурат гирифт. Саволномаҳои тестии аз тарафи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқгардида ба таври ғайриошкоро бо таъмини бехатарии иттилоот мувофиқи тартиби муқарраргардида ба раисони комиссияи озмуни ҷумҳуриявӣ пешниҳод гашта, дар ҳузури довталабон ва волидайни онҳо мавриди истифода қарор дода шуданд.
Тибқи талаботи Қоидаҳои қабул, раис ва аъзои комиссияи даври сеюм то оғози озмун довталабон ва волидайни онҳоро аз тартиби баргузории озмун, қоидаҳои ҳалли саволномаи тестӣ, муҳлати ҷудошуда, тартиби пешниҳод ва баррасии аризаи шикоятӣ, асосҳои хориҷ шудани довталаб аз ҷараёни озмун ва дарёфти маълумот дар бораи натиҷаҳои он огоҳ карданд.
Мувофиқи нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои соҳиб шудан ба квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли таҳсили 2023-2024 1279 квота ҷудо шудааст, аз ҷумла, барои духтарон 656 ва барои писарон 623 ҷой. Тақсимоти ҷой вобаста ба минтақаҳо чунин аст: Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 149 ҷой (76 ҷой барои духтарон ва 73 ҷой барои писарон), вилояти Суғд 288 ҷой (149 ҷой барои духтарон ва 139 ҷой барои писарон), вилояти Хатлон 539 ҷой (276 ҷой барои духтарон ва 263 ҷой барои писарон) ва барои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 303 ҷой (155 ҷой барои духтарон ва 148 ҷой барои писарон).
Ёдовар мешавем, ки вобаста ба амалӣ гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040), ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2020, №427 тасдиқ шудааст, теъдоди роҳхатҳои квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2023-2024 дар самти ихтисосҳои илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ зиёд карда шуда, танҳо барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ пешбинӣ шудааст.
Мушоҳида ва таҳлили баргузории озмуни квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2023-2024 ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар нишон дод, ки дар самти интихоби довталабон, баргузории даврҳои якум, дуюм ва сеюм пешниҳоди ҳуҷҷатҳо дар заминаи талаботи “Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” масъулини раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешида бошанд ҳам, дар рафти баргузории озмун баъзе камбудию норасоиҳо ҷой доштанд. Масалан, ба таври мукаммал омода набудани ҳуҷҷатҳои довталабон, дар рӯзҳои баргузории озмун ҳозир нашудани довталабон дар баъзе аз равия ва ихтисосҳои омӯзгорӣ, фарҳанг ва санъат, пешниҳоди ду ё як нафар довталаб (Ҷайҳун, Вахш, Дӯстӣ, Панҷ, Темурмалик, Восеъ, Шамсиддин Шоҳин, Кӯлоб, Норак, Ховалинг, Балҷувон, Шаҳристон, Деваштич, Ашт, Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод, Роғун, Файзобод, Мурғоб). Ҳол он ки тибқи банди 10-и қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 2 июли соли 2015, №428) “Дар бораи тасдиқи Қоидаҳои қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” бояд мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба ҳар як ҷойи пешбинишуда ҳуҷҷатҳои на камтар аз 3 ва на зиёда аз 6 довталабро барои иштирок дар озмун пешниҳод намоянд. Дар озмуни квотаи Президентӣ бояд онҳое иштирок намоянд, ки дониши баланд ва ҷаҳонбинии васеъ дошта бошанд. Мутаассифона, шаҳру ноҳияҳои Шаҳритус, Қабодиён, Носири Хусрав, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Истиқлол, Мастчоҳ, Бӯстон, Гулистон, Темурмалик, Норак, Восеъ, Лахш, Тоҷикобод, Нуробод, Мурғоб, Ванҷ, Роғун, Файзобод ва Варзоб аз рӯйи фанҳои математика, физика, химия, биология, забони тоҷикӣ, забони англисӣ, география, таърих, ихтисоси иловагии омӯзгори асосҳои давлат ва ҳуқуқ довталабонеро пешниҳод карданд, ки донишашон ҷавобгӯи талабот набуд.
Ба ҳар як роҳхати ҷудогардида аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои кишвар аз 2 то 6 нафар довталаб барои иштирок дар даври сеюми ҷумҳуриявӣ пешниҳод шуда бошад ҳам, ба сабаби аз ҷониби масъулини шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ тибқи талабот пешниҳод накардани рӯйхати довталабон, ҳозир нашудани довталабони ба рӯйхат воридгардида, мувофиқ набудани ҳуҷҷатҳо ба даври ҷумҳуриявии озмун аз 1279 квотаи ҷудогардида 13 квота (ноҳияи Тоҷикобод 5 квота, ноҳияи Нуробод 2, ноҳияи Файзобод 1, ноҳияи Балҷувон 2, ноҳияи Айнӣ 1, ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ 1, ва шаҳри Истаравшан 1 квота) иҷро нагардид.
Барои соли таҳсили 2023-2024 ба ихтисосҳои гуногуни Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 42 квота барои писарон ҷудо карда шудааст. Аммо барои интихоб ва пешниҳоди довталабон дар ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ мушкилиҳои зиёд ба миён омаданд. Ишғол нагардидани ҷойҳои ҷудошуда асосан, аз рӯйи равия ва ихтисосҳои омӯзгорӣ, фарҳанг ва санъат мебошад.
Ҳамзамон, Н. Мирзозода дар охир таъкид намуд, ки масъулини шаҳру ноҳияҳоро мебояд дар интихоби довталабон ба озмуни мазкур барои соли оянда тадбирҳои судманд андешида, хонандагони лаёқатманду соҳибистеъдодро пешниҳод намоянд.
Муҳсин АБДУЛВОҲИД,
«Омӯзгор»