БАҲОГУЗОРӢ ВА БАҲОДИҲӢ НИЗ МУНОСИБАТИ НАВ МЕХОҲАНД

Андешаҳо перомуни мақолаи А. Байзоев “Меъёри баҳогузорӣ: адолат ва ҳавасмандӣ” «Омӯзгор», №32, 10.08.2023
Чанде пеш дар Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мизи мудаввар доир ба масъалаи баҳогузорӣ ба корҳои хаттии хонандагони синфҳои ибтидоӣ баргузор гардид. Дар ин нишаст пешниҳод ва гузориши корманди ҳамин академия Азимҷон Байзоев шунида ва мавриди муҳокима қарор дода шуд. Назари муҳаққиқ ба масъалаи баҳо ба корҳои хаттии хонандагони синфҳои ибтидоӣ мувофиқи низомномаҳои соҳаи маорифи кишвар воқеан, саривақтӣ ва сазовори дастгирӣ буд.
Натиҷаи ин нишаст аз ҷониби суханвар дар шакли мақолаи ҷудогона бо номи “Меъёри баҳогузорӣ: адолат ва ҳавасмандӣ” дар нашрияи «Омӯзгор» (№32, 10.08.2023) низ нашр шуд. Муаллиф меъёрҳои баҳо ба кори хаттии хонандагони синфҳои ибтидоиро таҳлил намуда, таъкид мекунад, ки бисёр ҷиҳатҳо дар ин меъёрҳо аз назар берун мемонанд ва боиси ноадолатӣ ва гоҳо нофаҳмӣ дар баҳогузорӣ мегарданд.
Ба мову шумо маълум аст, ки чунин меъёрҳо дар баҳодиҳии корҳои хаттии хонандагони синфҳои болоӣ низ бо ҳамин тарз татбиқ мешаванд.
Қабл аз баррасии масъала, мехостем таваҷҷуҳи хонандагонро ба як чизи хеле муҳим равона созем: Айни ҳол гурӯҳи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Консепсияи миллии арзёбӣ”-ро таҳия намудааст, ки он дар арафаи тасдиқшавӣ қарор дорад. Ҳамин консепсия ҳамчун санади роҳнамо ба мо имкон медиҳад ва моро уҳдадор месозад, ки на танҳо баҳо ба корҳои хаттӣ, инчунин, баҳодиҳии тамоми фаъолияти хонандаро бознигарӣ кунем.
Аввалан, баҳогузорӣ ба корҳои хаттӣ то имрӯз, воқеан, яктарафа аст. Ин хусусиятҳо дар мақолаи А. Байзоев муфассал ва бо далел гуфта шудаанд. Аз одитарини ин норасоиҳо, чунонки муаллифи мақола низ таъкид мекунад, ба инобат нагирифтани миқдори калимаҳо ҳангоми ҳисоб кардани шумораи ғалатҳо барои баҳогузорӣ аст. Ва ин танҳо як паҳлуи одии риоя нагардидани адолат дар баҳогузорӣ, ҷиҳати дигар, тарзи муайян ва ҳисоб кардани худи ғалатҳо аст, ки ин масъала низ дар мақола зикр мешавад.
Пешниҳодҳои муаллиф дар мавриди бо фисади калимаҳо ҳисоб кардани ғалатҳо хеле мувофиқ аст. Он, чи барои синфҳои ибтидоӣ ва чи синфҳои болоӣ, мувофиқат мекунад. Танҳо лозим мешавад, ки мутахассион пешниҳодҳои муаллифро ба инобат гирифта, абзорҳои баҳодиҳиро мукаммал намоянд.

Қ. МУХТОРӢ,
устоди ДМТ