Дар замони муосир ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти инсонро бе истифода аз техника ва технологияи нав тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бешак, дар низоми маорифи мо низ раванди омӯзиш бо ҳамин шева ба роҳ монда шудааст. Бештари кишварҳои ҷаҳони имрӯза дар истифода аз технологияи иттилоотӣ пешгом буда, ин иқдом барои онҳо аллакай амали муқаррарист.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо технологияи ҳозиразамон таҷҳизонида шудаанд.
Истифодаи компютер дар дарс аз омӯзгор масъулияти баланди касбиро талаб менамояд. Омӯзгор барои тайёр кардани дилхоҳ маълумот дар ҷараёни дарси таърих бо ёрии компютер матнро коркард ва истифода мекунад. Методи маъмули алоқаманд ба истифодаи компютер дар ҷараёни таълим дар дарсҳои таърих истифодаи лоиҳаҳои инфиродӣ мебошад, ки нисбат ба дарсҳои муқаррарӣ бартарӣ дорад ва ин метод бештар ба ҳамкории байни хонандагон мусоидат мекунад. Масалан, дар ҷараёни дарси таърих ташкили намоиш (презентатсия) аз ҷониби худи хонандагон ҳамчун маҳсули эҷодии хонандагон ба шумор мераванд. Хонандагон ба гурӯҳҳои корӣ тақсим шуда, масъалаҳои аз ҷониби омӯзгор дар наздашон гузошташударо таҳлил менамоянд ва онро ба воситаи намоиш мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
Истифодаи барномаи компютерии «Microsoft Power Point» барои тайёр намудан ва намоиши презентатсияҳо имкони васеъро фароҳам меорад. Дар барномаи компютерии мазкур хонанда мустақилона намоишҳо (презентатсияҳо) тайёр карда, муҳимтарин ҷузъиёти ин барномаро аз худ менамояд. Инчунин, ҳангоми тайёр намудани намоиш-презентатсия хонанда муҳимтарин малакаҳо: шинос шудан бо ахбори танқидӣ, аз матн ҷудо кардани ҷузъҳои асосӣ, ҷобаҷогузорӣ ва ҷамъбасти он, намоиши бошууронаи ахбори додашударо аз худ менамояд. Дар ин ҳолат мазмуну мундариҷа дар ҷараёни таълим шакли дигар мегирад.
Истифодаи васеи компютер дар ҷараёни машғулиятҳо ба мо имкон медиҳад, ки дарсҳои таърихро пурсамар гузаронем. Масалан, дар дарси таърих омӯзгор натиҷаи кори худ — маводи таҳиякардаашро (мавзуъҳои дарсӣ дар назаранд) ба воситаи барномаи компютерии «Microsoft Power Point» бе ягон мушкилӣ муаррифӣ карда метавонад. Тавассути «Power Point» ҳама гуна тасвир, расмҳои дар китобҳои дарсӣ чопшударо давра ба давра таҳия ва муаррифии копютерӣ кардан имкон дорад. Ҳангоми зарурат онҳоро аз матн баровардан ё ба он дохил кардан ва ё омехта истифода кардан мумкин аст. Ҷиҳати дигари қавии ин усули ёрирасон дар он аст, ки амалҳои дар шаклҳои одӣ пешниҳодшударо дар шакли ҷараёнҳои инкишофёбанда, ҳаҷми онро тағйирдиҳанда ба хонандагон муаррифӣ кардан мумкин аст, ки ин ба онҳо имкони ҳаматарафаи коркарди маводро медиҳад.
Воситаи дигари самаранок гузарондани машғулият, истифодаи саволномаҳои тестӣ ба воситаи компютер мебошад. Саволномаи тестӣ тавассути компютер имкон медиҳад, ки дар кӯтоҳтарин муддат аз дилхоҳ гурӯҳи калон ё хурд сатҳу сифати дониши онҳоро санҷида бароем. Инчунин, бо истифода аз методҳои гуногуни ҳисоббарорӣ метавонем бо ҷадвал, диаграммаҳо ва ғайра мониторинги сифат ва самаранокии дарсро гузаронда, сифати аз худ намудании маводи дарсиро муайян кунем.
Яке аз воситаҳои ёрирасони дигар «CD-ROM» ва «DVD-ROM»-и компютер мебошанд. Ба воситаи «CD-ROM» ва бештар «DVD-ROM» дар ҷараёни машғулиятҳо дастрасии иттилооти гуногун имконпазир мегардад. Дар ҷараёни таълим «CD-ROM» ва «DVD-ROM» бояд дар ҳолате истифода шаванд, ки интихоби ахбори рӯзмарра оид ба мавзуи муайян дар вақти кӯтоҳ ва тартиб додани ҷанбаҳои гуногун, нуқтаи назар ва баёни фикрҳо зарурат ба миён ояд. Масалан, тавассути «DVD-ROM» дар компютер вобаста ба мавзуъ, омӯзгор метавонад пешакӣ ҷараёни дилхоҳ ҳодисаи таърихиро омода кунад ва онро рӯйи навор орад.
Ғайр аз усулҳои дар боло зикрёфта, методи дигари кор бо компютер дар ҷараёни дарс, истифодаи «Флешфилм»-ҳо мебошад. Он имкон медиҳад, ки воқеаҳои таърихиеро намоиш диҳем, ки ба воситаи он хонанда иштироки худро дар воқеаи баамаломада мебинад. Усули намоиши филм бештар дар омӯзиши ҷангҳои таърихӣ, ҳарбӣ, майдони муҳориба, қасру кӯшкҳо ва ғайра истифода мешавад. Дар натиҷа, хонанда бо чашми худ мавқеи ҷойгиршавии қувваи душман, рафти ҷанг, натиҷаи ғалабаи ин ё он тарафро дида, дарки мазмуну муҳтавои мавзуи дарсиро ба осонӣ дарк ва аз худ мекунад.
Усули дигар корбурди технологияи информатсионӣ ва тахтаи электронӣ дар ҷараёни дарси таърих истифодаи «Харитаи медиавӣ» мебошад. Истифодаи харитаҳои медиавӣ ҳамчун сарчашмаи дониш дар ҷараёни дарсҳои таърих ба омӯзгори фан имкони васеъ фароҳам меорад, зеро харитаи ҷаҳон, харитаи Тоҷикистон ё глобус, ки ҳоло дар дарсҳо мавриди истифода қарор доранд, қонеъкунанда нестанд. Харитаҳои муқаррарӣ барои нигоҳдорӣ, интихобу истифода, ҷойивазкунӣ, ҷамъоварӣ ва ғайра мушкилиҳоро ба миён меорад. Аммо ин ҳамаро метавон бо харитаи медиавӣ иваз намуд. Кор бо харитаи медиавӣ осон ва қулай аст Масалан, омӯзгор метавонад бо саволи «Муайян кунед, ки дар бораи кадом давлат ё халқ аз рӯйи ин харита маълумот гирифтан мумкин аст?» ва хонандагон дар бораи он давлат, муҳити табиӣ, мавқеи ҷойгиршавӣ, машғулияти сокинони он, ҷангҳо бо ин ё он давлат маълумот пайдо мекунанд.
Ҳамин тариқ, истифодаи мунтазами компютер ба омӯзгор имкон медиҳад, ки диққати хонандагонро ба ташкили дарсҳои ҷолиб ҷалб намуда, саёҳатҳои намоишӣ, интихоб ва пешниҳоди тасвирҳои графикӣ, харитаҳои интерактивӣ, филмҳои таърихӣ ва эҷодкориро роҳандозӣ кунад. Омӯзгор тавассути технологияи иттилоотӣ на фақат роҳҳои такомулу ташаккули моҳияти фанни худро ба назар мегирад, балки лаёқати хонандагонро рушд мебахшад. Барои муваффақ шудан дар ин ҷода, аз технологияи ҳозиразамон бештару хубтар ва бамаврид истифода кардан зарур аст. Истифодаи компютер дар дарсҳои таърих кори омӯзгорро осон карда, эҳсосу ҳаяҷон ва дилгармиро дар қалби хонанда нисбат ба фан бедор мекунад.
Сайфиддин МУРОДОВ,
«Омӯзгор»
