ФАРДО ДЕР ХОҲАД ШУД

Дар кӯдакӣ боре ҳангоми аз назди як гурӯҳ калонсолон гузаштан ба кадом сабабе салом надодам. Маро маҷбур карданд, ки чанд маротиба салом дода, аз наздашон гузарам. Ин ҳодиса то ҳанӯз дар хотирам боқӣ мондааст. Дар хизмати ҳарбии Шуравӣ низ барои “чест” надода гузаштан ба сарбоз ё афсари дорои рутбаи баландтар чунин муносибат роиҷ буд. Дар ҳоли ҳозир ин кор шояд чун таҳқиру азият додани кӯдаке амали ҷиноӣ маҳсуб шавад. Бе ҳеҷ шакку шубҳа, дар сурати огоҳ шудан ё шикоят падару модари кӯдак ҳатман бо ин гуна калонсолон дар баҳс, ҳатто, гиребонгир мешаванд.
Аммо он замон, баръакс, падару модар дар сурати шикояти фарзанд аз болои калонсолҳо ҳатман фарзанди худро гунаҳкор дониста, шахсони калонсолро ҳақ мебароварданд. Дар гузаштаи наздик талаба дар сурати сарзаниш дидан аз омӯзгори худ барои беинтизомие ваъдаи қатъии ислоҳ медод ва зорию илтиҷо мекард, ки ба падару модараш беадабиашро нарасонад, зеро дар хона, ба қавле, аз падару модар “шаллоқ” мехӯрд. Ин баёни он аст, ки дар замони Шуравӣ касе ба таълиму тарбияи фарзанди худу дигарон бетараф набуд. Ба ҳамон калонсолон, аслан, саломи ман он замон даркор ҳам набуд. Мақсад танҳо дар руҳияи дуруст тарбия кардани ман буду бас. Ҳама масъулият эҳсос мекарданд ва ибораи “фарзанди ману фарзанди ту” вуҷуд надошт. Беҳтарин сухане мавриди кори хубе “раҳмат, бар падару модар ё ки тарбиятгарат!” буд.
Он шахсони солор ҳам педагог ё худ омӯзгор набуда, мутааллиқи касбу корҳои дигар буданд. Аммо ҳамчун шахси калонсол масъулияти тарбияро аз худ дур намекарданд. Намегуфтанд, ки ин кори падару модари кӯдак, муаллими ӯ мебошад, ки барои ин маош мегирад, чунки бадтарину пурхатартарин муносибату мавқеъ дар ҷомеа бетарафиро медонистанд.
Мутаассифона, дар таълиму тарбияи насли наврас мушкилоти зиёде пеш омадааст, ки дигар касе намедонад, киро гунаҳкор шуморад. Бо иллати дигаргунии тарзи ҳаёт, яъне, сохти иҷтимоӣ зиндагӣ, кору рӯзгор батамом тобиши дигар гирифтааст. Аз оила сар карда, то мактабу дигару дигар ҳама куллан, пойбанди мушкилоти шахсӣ шудаанд. Аз он обрӯ ва мақоми баланди омӯзгор дар ҷомеа ному нишон намондааст. Бо таъсири манфии ин зуҳурот сатҳи дониши касбии бархе аз омӯзгорони ҷавон дар дараҷаи зарурӣ нест. Ба таълиму тарбияи дуруст фаро гирифтани наврасону ҷавонон ҳам бо пайдо шудани таҷҳизоту технологияҳои зуд-зуд ивазшаванда хеле заҳматталабу номумкин гардидааст. Наврасону ҷавонон аз беаҳаммиятии волидон бештар ба телефону шабакаҳои интернетӣ рӯ овардаанд. Арзишҳои зиндагӣ ҳам торафт қимати худро гум карда истодаанд. Бинобар ин, дар ҷомеа мо ба кору рафтор ва гуфторҳое аз ҷониби наврасону ҷавонон рӯ ба рӯ мегардем, ки бинандаву шунавандаро ба ҳайрат меоранд. Шумораи қонунвайронкуниҳо, майдаавбошиҳо ва монанд ба ин амалҳои манфур торафт дар ҳоли афзудан мебошад. Чунин менамояд, ки ҷомеа дар гирифтани пеши роҳи ин ҳама бадҷаҳлию бадахлоқӣ оҷиз мондааст, ки ин ба оқибатҳои ногувор сабаб мешавад. Падарону бародарони калони оилаҳо ба хотири пеш бурдани зиндагӣ солҳост, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранду аз зану фарзандон дур мондаанд. Барои модарон дар танҳоӣ ба дӯш гирифтани ин масъулияти бузург номумкин шудааст. Ҳамин тариқ, бача медонаду қади кӯча, бозору бозиҳои компютерӣ, ҷангу бадахлоқӣ.
Имрӯз кашидани носу сигор дар назди калонсолон, ҳатто устодон кори муқаррарӣ шудааст. Бадгуфторию бадрафторӣ нисбат ба раҳгузарон, беэҳтиромӣ ба солорону дардмандон аз тарафи насли наврас дигар касеро ба ҳайрат намеорад. Манбаи ҳама гуна таълиму тарбия, ки пеш китоб дониста мешуд, имрӯз аҳаммияти худро гум кардааст. Пас кӯдак аз куҷо рӯ ба ахлоқи наку меорад? Бар замми ин ҳама, филмҳои фаҳшу зӯроварӣ ба руҳияи наврасону ҷавонон таъсири бад мерасонанд. Дар ҳоле ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ он қадар биноҳои наву замонавии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир сохта, ба истифода дода шуд, ки дар замони Шуравӣ орзу мекардем. Насли Шуравӣ, асосан, дар биноҳои таълимии хеле одию хоксорона, бо камбудии ашёи хониш, китобҳо ба таҳсил фаро гирифта шуда буд. Ҳоло аз ин ҳама танқисие нест, вале кори ҷалб кардан ба мактабу маориф, илму дониш бомаротиб душвор шуда истодааст. Пас, барои ислоҳи вазъи баамаломада чӣ бояд кард? Сари ин масъала масъулону аҳли ҷамоат бояд фикр кунанд ва роҳи ҳалро пайдо намоянд. Дар акси ҳол касе гуфта наметавонад, ки ҷомеаро чӣ мушкилоти вазнинтаре пеш меояд, зеро бо истифода аз вазъият, шояд хунукназарӣ бетафовутиҳо бошад, ки гурӯҳу доираҳои муғризи иртиҷоӣ хеле фаъол шуда истодаанд. Онҳо ҳар чи бештар дар фикри мағзшӯии ҷавонон шудаанд, ки ҳатман пеши ин зуҳуроти номатлубро бояд гирифт, то фардо дер нашавад.
Ҷамолиддин ҚУРБОНОВ,
директори МТМУ №84,
ноҳияи Рӯдакӣ