РОБИТАИ БАЙНИФАННӢ ДАР ТАЪЛИМИ ФАНҲОИ ДАҚИҚ

Робитаи байни фанҳо ҳамчун воситаи самараноки ташаккули донишҳои васею воқеӣ аҳамияти калон дорад. Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки барои дуруст сарфаҳм рафтан ба формулаҳои математикӣ мазмун ва шакли алгебравию геометрии онҳоро дарк карда, алоқамандии байниҳамдигарии фанҳои алгебра ва геометрияро дуруст ба роҳ мондан зарур аст.
Барои омӯзиши ҳар як фан алоқамандии он бо дигар фанҳо дар раванди шавқовар гардондани фанни мазкур нақши махсус дорад. Сикли фанҳои дақиқро аз самти шавқовар гузарондани онҳо ба хонандагон муаррифӣ кардану омӯзондан барои бархе хонандагон осонтар аст, зеро дар ин раванд хонандагон дарсро ҳамчун бозӣ ё фанни шавқовар қабул мекунанд ва ба омӯхтани он дилгарм мегарданд.
Саволҳои шавқангези шифоҳӣ, масъалаҳои зудҳалшаванда, сканворду кроссворд ва ребусҳои математикиро метавон дар лаҳзаҳои истироҳатӣ, саволу ҷавоби рафиқона, ҷамъомадҳои пагоҳирӯзӣ, ҳафтаҳо ва маҳфилҳои фаннӣ истифода бурд.
Бояд қайд кард, ки алоқамандии байнифаннӣ шогирдонро зирак, ҳушёр ва хушфаҳм гардонда, сатҳи донишандӯзиашонро баланд мебардорад. Барои он ки дарсҳо рангину шавқовар ва фаромӯшнашаванда бошанд, ҳар як омӯзгор бояд кӯшиш намояд, ки вобаста ба мавзуъҳои дарсӣ аз алоқамандиҳои байнифаннӣ истифода барад.
Дар дарсҳо истифода аз алоқамандиҳои шавқовари математикӣ барои мустаҳкам кардани хотираи хонандагон нақши муҳим мебозад. Илова бар ин, дарси ҳамгиро воситаи истироҳатии хонандагон ҳангоми хастагӣ аз дарсҳои муқаррарӣ мебошад.
Дар ин самт ҳамон вақт муваффақ метавон шуд, ки агар алоқамандиро доир ба фанни омӯхташаванда ба савияи саводнокии хонандагон, синну сол ва дараҷаи равонии онҳо вобаста намуда, дар асоси барномаҳои таълимии фаннӣ тартиб дод. Дар акси ҳол ин алоқамандӣ як маълумоти хому ҳазмнашаванда барои хонандагон боқӣ мемонад ва аз дарсҳои муқаррарӣ фарқ намекунад.
Дар заминаи шавқовар ташкил кардани дарси математика алоқамандии онро ба дигар сикли фанҳои дақиқ барқарор намудан бартарӣ дорад. Илова бар ин, элементҳои асосии саволҳо ё маводҳои дарсӣ аз ҳаёти ҳаррӯзаи хонандагон, табиат, ҳодиса, ки хонандагон ба он дучор шудаанд, бошад, зеро ба он ҳамчун аёният муносибат карда, ба чашми худ дида муҳокима менамоянд.
Дар таълими математика, аз ҷумла, таълими робитаи байнифаннӣ аз мафҳумҳои асосӣ васеъ истифода мебарем. Аз тамоили мантиқӣ васеъ истифода бурдан манфиатбахш аст, зеро ки силсиланок баён шудани мавзуъҳо, пеш аз ҳама, ба ин тамоил вобаста аст. Илова бар ин, тамоили мантиқӣ, норӯшан омӯзондани баъзе амалҳои мантиқӣ — математикиро дар назар дорад. Тамоили мантиқӣ, инчунин, амалҳои соф мантиқӣ, ба монанди умумикунонӣ, махсусгардонӣ, анализ, синтез ва ғайраро дар бар мегирад. Ба замми он, таъкид кардан зарур аст, ки мавзуъҳои курси математикаи мактабӣ ба дохил кардани мавзуъҳои нав, алоқаи математикаро бо фанҳои дигар мустаҳкам мекунад ва бо ин роҳ монеаҳои мавҷудаи илмҳои дигарро бо математика бартараф менамояд.
Таҳлили барнома ва китобҳои дарсии математикаи мактабӣ нишон медиҳанд, ки тамоили азнавсозии курси математикаи мактабӣ, ки мувофиқи ислоҳоти мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва касбӣ ба амал бароварда шудааст, такмили мазмуни таълими математикаро дар оянда низ муайян мекунанд. Дар ҳақиқат, ғояи асосии барномаи математика, ки яке аз равияҳои асосиаш математикаи мактабиро дар атрофи мафҳумҳои асосии камтарин муттаҳид кардан аст, амалӣ шуда истодааст. Ин ба таълими байнифаннии курсҳои алгебра ва геометрия (дохилифаннии математика) низ тааллуқ дорад.
Робитаҳои байнифаннии курсҳои алгебра ва геометрия хеле васеъ буда, дар зери мафҳумҳои умумикардашуда: маҷмуъ, муносибат, инъикос, вектор ва ғайра муттаҳид карда шудаанд. Мафҳумҳои умумӣ бошанд, дар асоси тамоилҳои («хатҳои») таълимии маълум ба хонандагон омӯзонда мешаванд. Чи тавре ки дар боло ишора рафт, ин тамоилҳо, пеш аз ҳама, тамоили муодилаю нобаробариҳо, самти функсионалӣ, самти ҳисобкуниҳо, самти шаклдигаркуниҳои айниятӣ ва ғайра мебошанд. Ҳар яки ин самтҳо барои курсҳои алгебра ва геометрия дар алоҳидагӣ ҷой доранд.
Аз тарафи дигар, барои омӯзиши ҳар ду фан як методи муайян мавҷуд аст, ки ин васеъ истифода бурдани методҳои алгебравӣ дар ҳалли масъалаҳои геометрӣ мебошад. Бинобар ин, масъалаҳоеро дар дарс бояд дид, ки робитаи байнифанниро бо ин метод нишон дода тавонанд ва муаллим чунин масъалаҳоро бояд дар мадди назар дошта бошад.
Методҳои алгебравӣ ва геометрии ҳал кардани масъалаҳо дар бисёр мавридҳо робитаи байни алгебраю геометрияро муайян мекунанд. Ҳатто ишораҳои содаи кунҷҳо, дарозиҳо, масоҳатҳо, ҳаҷмҳо ва ғайра исботи геометриро ба шаклдигаркуниҳои амалҳо бо истифодаи алгебравӣ табдил медиҳанд.
Масъалаеро муоина мекунем: Дар расм, ки AB=AC, AP=PQ=OK=BK=BC аст, зарур аст, ки аз гуногунии ишораи кунҷҳо даст кашем ва ишораҳои x, 2x, 3x, 4x-ро қабул кунем. Дар ин ҳолат муодилаи содаи 9x = 1800-ро ҳосил мекунем. Аз ин ҷо x = 200. Ҳамин тариқ, бузургии кунҷи назди қуллаи секунҷаро, ки ёфтанаш талаб карда мешуд, бо осонӣ ёфтан мумкин аст.
Ҳамин тариқ, барқароркунии алоқаи байнифаннӣ имконият медиҳад, ки масъалаҳои мураккаби таълими математика хуб ҳал карда шаванд. Нақши асосиро дар ин бобат масъалаҳои ба ҳар ду предмет муштарак тааллуқдошта мебозанд. Симои асосӣ бошад, омӯзгор аст, ки ба хонандагон расонидани моҳият ва мақсади алоқамандиро мерасонад.
Хулоса, самт ва моҳияти алоқамандиҳоро барқарор кардан зарур буда, барои ин амал мисолҳои бисёреро мушоҳида кардан мумкин аст. Ҳатто, ҳама формулаҳои геометрӣ низ дар навбати аввал табдилдиҳиҳои алгебравӣ, муодилаҳои алгебравиеро мемонанд, ки ҳангоми дуруст иҷро кардани онҳо метавон ба мақсади гузоштаи мисолу масъалаҳо расид.
Айнан чунин алоқамандиро барои қисми алоқамандии берунаи фанҳо низ иҷро кардан мумкин аст. Барои ин кор омӯзгорон бояд эҷодкор ва навовар бошанд, то ин ки хонанда аз фанни омӯхташавандаи онҳо дилгир нашавад ва ин фанро ҳамчун фанни мушкилу монеаэҷодкун дар хотири худ сабт накунад.

Бегмуҳаммад ШОДИЕВ,
омӯзгори математикаи литсей №3 барои хонандагони болаёқати
шаҳри Душанбе