Тарбияи дурусти фарзанд боиси ифтихор ва сарбаландии волидайн гардида, ҳангоми пирӣ ба онҳо ҳамчун асо мададгору қуввату дармон мешавад. Дар замони ҳозира, ки дар ҷомеаи ҷаҳонишавӣ қарор дорем, моро мебояд, ба фарзандон ва тарзи истифодаи онҳо аз технологияи муосир таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоем. Чунки интернети имрӯза бемаҳдуд буда, метавонад ба кӯдак таъсири манфӣ ва ё мусбати худро расонад. Албатта, ин аз тарзи истифодабарандаи он вобастагӣ дорад.
Имрӯзҳо шаклҳои гуногуни донишандӯзӣ маълум аст. Китобхонӣ, истифодаи шабакаҳои интернетӣ, мутолиаи рӯзномаву маҷаллаҳо ва амсоли инҳо. Вале хонандагон аз ин воситаҳо то кадом андоза истифода бурда, донишҳои азхудкардаашонро таҳлилу баррасӣ менамоянд, саволест, ки ҷавоб мехоҳад. Дар ин ҷода волидайн барои пешбурди зиндагӣ ва таъмини талаботи оила бо сару либос, маводи озуқа, лавозимоти хониш аз субҳ то шом дар коранд ва табиист, ки таваҷҷуҳи баъзе аз онҳо, хусусан, падарон ба вазъи омӯзиши фарзандон камтар аст. Ҳангоме ки дар дили кӯдак як амали нек ҷӯш мезанаду дарҳол дастгирӣ намеёбад, ӯ дилшикаста мегардад. Аз ин рӯ, барои он ки сатҳу сифати таълиму тарбия хуб шавад, бояд дар ҳамбастагӣ талош намоем. Ҳастанд волидайне, ки ба фарзандонашон телефонҳои мобилӣ мехаранд, аммо на ҳамаи онҳо аҳамият медиҳанд, ки фарзандон онро мақсаднок истифода мебаранд ё не.
Ҳангоми ба даст гирифтани телефони мобилӣ дар шахс таваҷҷуҳ на ба сабтҳои дохилии он, балки хоҳиши маълумот пайдо кардани хабарҳои ҷаҳонӣ мегардад. Истифодаи мақсадноки Интернет ба монанди рафиқи бесадоест, ки ба ҳамаи саволҳои мо посух ёфта, дар як муддати кӯтоҳ ва харҷи камтар роҳи дурусти фаъолиятро метавон пайдо кард.
Чизи дигаре, ки бисёр ҳам нигаронкунанда аст, баъд аз дарс беназорат мондани ноболиғон аз ҷониби баъзе волидайн мебошад. Сари ин масъала ҷомеа ҳам гоҳо бетарафӣ зоҳир мекунанд. Оқибати ин бепарвоии волидайн ба беҷогардӣ, зишткорӣ, фиребгарӣ ва дигар амалҳои ношоиста даст задани фарзандон аст. Ин рафтори номатлуб доғи ҷомеа ва боиси ғаму андуҳи оила мегардад. Албатта, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ дар замони муосир аз манфиат холӣ нест, вале бархе аз ҷавонон онро бемақсад ва кӯркӯрона истифода бурда, бештар ба тамошои ҳар гуна филмҳои фаҳшу зиёновар машғул мешаванд, ки ин аз фарҳанги ноқиси онҳо шаҳодат медиҳад. Фаромӯш набояд кард, ки ҷавон ба монанди химчаи тарест, ки онро ба кадом тарафе тоб диҳӣ, ба он ҷониб майл мекунад. Аз ин рӯ, моро мебояд, ки баҳри солимии ҷомеа доимо ҷавононро дар роҳи рост, хусусан, илмдӯстиву маърифатпарварӣ, ватандӯстиву ростқавлӣ ва содиқ будан ба ватан тарбия намоем. Ин вазифаи аввалиндараҷа ва рисолати инсонии мост.
Хушбахтона, бо дастгирии Пешвои муаззами миллат дар саросари ҷумҳурӣ барои инкишофи неруи зеҳнӣ ва ақли солим ҳамасола озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар сатҳи баланд гузаронда мешаванд. Дар Паёми навбатии Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Барномаи “Бистсолаи омӯзиши фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ” баргузории озмуни “Илм — фурӯғи маърифат” низ таъкид гардид. Дар баробари ин, ҳамасола озмунҳои фании мухталиф дар сатҳи ноҳиявӣ, вилоят ва ҷумҳурӣ баргузор мегарданд, ки толибилмонро аз корҳои ғайриахлоқӣ бозмедоранд. Ин ҳама талошҳо аз сиёсати хирадмандона ва маорифпарваронаи давлату Ҳукумати кишварамон шаҳодат дода, бешак, ба афзун гардидани сафи донишмандони ватани азизамон мусоидат хоҳанд кард.
Ояндаи дурахшони фарзанд ва ба ҷо овардани эҳтироми волидайн аз тар-бияи дурусти оила сарчашма гирифта, боиси солимии ҷомеа ва пешрафти давлат мегардад. Аз ин лиҳоз, моро мебояд, ки нисбат ба тарбияи фарзанд хунукназарона рафтор нанамоем. Чунки бепарвоии имрӯзаи мо боиси нороҳатии худамон мегардад. Дар ин бобат мегӯянд: “Аз мост, ки бар мост” ва ё дар байти зерин низ ҳамин маънӣ инъикос ёфтааст:
Хишти аввал гар ниҳод меъмор каҷ,
То ба охир меравад девор каҷ.
Ҷавонон, ки имрӯзҳо ба ҳар гуна гурӯҳҳои террорис-тиву ифротгароӣ майл мекунанд, фарҳанги паст ва костагии дониш доранд. Албатта, барои меҳри донишандӯзиро дар дилу дидаи хонандагон ҷой кардан моро мебояд усулҳои гуногунро истифода намоем. Аввал мебояд, ки худи волидайн дар даст адабиёти бадеиро гирифта, дар назди кӯдакҳояшон мутолиа намоянд. Чунки кӯдак тақлидкор буда, аз айёми кӯдакӣ дар дилаш меҳри мутолиаи китоб ва азбарнамоии дониш ба монанди оташ шуълавар мегардад. Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”-ро барои ҳама синну сол пешниҳод карданд.
Хулоса, сарчашмаи асосии тарбияи фарзанд оила мебошад. Аз ин рӯ, моро мебояд, ки фарзандонро аз хурдӣ дуруст тарбия намоем.
Ҷамшедҷони МИРЗОАЛӢ,
омӯзгори
литсейи №1,
ноҳияи Восеъ