ОЁ КӮДАКАМРО ҲАНГОМИ ХАТОЯШ ҶАЗО ДИҲАМ?

Ҳар як падару модар, ҳангоме ки фарзанд калон мекунанд, дер ё зуд бо мушкилоти рафтори фарзанд дучор мешаванд. Дар баъзе ҳолатҳо, асосан вақте ки кӯдак гуноҳ мекунад, аксарияти волидайн дар фикри ҷазо додан ё надодани фарзанд мешаванд. Ва умуман ҷазо додани фарзанд зарурате дорад? Ва агар ҷазо дода шавад, чӣ тавр?
Ба ақидаи мутахассисони соҳа ҳангоми хатояш фарзандро бояд ҷазо дод. Лекин чӣ гуна?
Баъзан кӯдак, мутаассифона, бо фаҳмондани хатояш на ҳама вақт онро дарк мекунад. Вақте ҳис мекунед, ки суҳбати тарбиявӣ натиҷае намебахшад ва дигар аз уҳдаи вазъият баромада наметавонед, дар ҳамин ҳолат кӯдакро метавон ҷазо дод.
Дар ҳамин ҳолат ҷазо метавонад кӯдакро воқеан, огоҳ кунад, хатояшро маҳдуд намояд. Тавассути ҷазо кӯдак масъулиятро барои рафтори худ, эътирофи хатогиашро ёд мегирд. Вазъияте, ки пешашон омад, фикр мекунанд ва дарк мекунанд, кадом рафторашон қобили қабул аст ва кадомаш не.
Лекин бояд донист, ки чӣ ҷазо бояд дод, ки ба ҳиссиёт ва ҷисми кӯдак зарар нарасонему ба манфиати фарзандонамон кор кунем.
Яъне, новобаста ба он ки шумо хашмгин ҳастед, набояд ба кӯдак дод занед ва ҳатто бештар аз он, ӯро латукӯб кунед.
Равоншиносон тасдиқ кардаанд, кӯдаконе, ки пайваста зери таъсири ҷисмонӣ ва ахлоқӣ қарор мегиранд, ҳамчун одамони ноустувор бо худбаҳодиҳии паст ба воя мерасанд. Чунин одамон аксар вақт дар муошират душворӣ мекашанд ва бовар доранд, ки ҳеҷ кас ба онҳо ниёз надорад.
Барои он ки чунин мушкилот пеш наояд, шумо бояд бо фарзандатон оромона суҳбат карданро ёд гиред ва калимаҳои дурустро интихоб кунед. Агар шумо хоҳед, ки норозигии худро ба ӯ нишон диҳед, лаҳни таҳқиромезро ба нармтар иваз кунед. Бо ин роҳ метавон ба рафтори кӯдакон хеле муассиртар таъсир расонд.
Ҳаракат кунед, суханони таҳқиромезро нисбат ба кӯдаконатон истифода набаред. Дар хотир доред, ки бо ҷазои нодуруст ё муносибати нодуруст ба фарзандатон шумо метавонед меҳри кӯдакатонро дур карда, ӯро чун шахси нокомили ҷомеа тарбия диҳед.
Пас, кадом ҷазоро бояд истифода бурд, то ки ба манфиати кӯдакамон гардад?
Ба ақидаи мутахассисон, маҳрумӣ аз шодӣ ё машғулияти дӯстдоштааш кӯдакро водор мекунад, ки дар бораи рафтори худ фикр кунад. Масалан, дар ҳолати хатогиаш вай метавонад аз сайругашт ба боғ ё гирифта додани чизи даркорие, ки вай аз шумо хоҳиш карда буд, маҳрум мегардад. Барои кӯдакони синни томактабӣ ин қоидаҳо хеле мувофиқанд.
Барои наврасон усули хеле хуби корӣ (яъне ҷазо) дар шурои падару модарон ташкил кардани холҳои муайян барои амалҳое, ки аз тарафи волидайн муқаррар мешаванд, ба кадом амалҳо дода шудан ва дар кадом ҳолат маҳрум шудани кӯдакатонатон аз ин холҳо таъсирнок аст. Дар ин ҷо системаи мукофотдиҳӣ, ҳисоб кардан ва аз ҳисоб баровардани холҳоро инкишоф додан муҳим аст. Бояд ба кӯдак таъкид кард, ки ӯ ба арзиши холҳои ҷамъшудааш метавонад онро ба чизи арзишманд барои худаш иваз кунад. Ин метавонад чизи моддӣ бошад (масалан, харидани либос, китоб ва ё 15 дақиқаи илова бозиҳо дар компютер, бозии мизи корӣ бо волидон ё сайругашт бо дӯстон).
Волидайни азиз! Мо набояд нисбат ба кӯдакон бетараф бошем. Тарбияи фарзандон муҳимтарин вазифаи мо, душвортарин қарзи мост ва агар волидайн, воқеан, хирадманд бошанд, соҳиби фарзандони олиҷаноб мешаванд. Аз беаҳаммиятии волидайн мутаассифона, фарзандон худро дар ҷамъият пайдо карда наметавонанд.
Хулоса, фарзанд нахли умр ва ширинии ҳаёти волидайн мебошад. Пас, барои он ки ин нахли умр бори самар орад, баҳри тарбияи дуруст ва комил тарбия ёфтани фарзандон бояд кӯшиш намоем, зеро ба ғайр аз шумо, волидайни муҳтарам, ин некиро ба фарзандатон касе ба дараҷаи олӣ расонда наметавонад.
Матлуба ҲАЙДАРОВА,
корманди рӯзномаи
«Маорифи Суғд»