РОҲИ ТАХТУ РОҲИ БАХТ

Яке аз манзараҳои зебову дилрабои Тоҷикистони азизи мо шоҳроҳи Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ аст, ки аз рӯи гуфтаҳои сайёҳони хориҷӣ «роҳи кӯҳии баландтарин дар ИДМ ва яке аз зеботарин дар ҷаҳон» мебошад.
Борҳо бо ин роҳ равуо кардаам. Аммо ҳеҷ не, ки чашмам аз дидани мавзею манзараҳои атрофи он сер шавад. Зебоиҳои кӯҳу теппаҳо, ҷангалҳои табиӣ, намуди умумии баҳри Норак, киштзорону боғистон дар тамоми тӯли роҳ ба ҷону тан шодию сурур мебахшанд. Вале назаррабоии нақбҳои ағбаҳои Хатлону Шар-шар, қитъаҳои дар ҳудудҳои кӯҳии шаҳру навоҳии Норак, Данғара, Кӯлоб ва Шамсиддин Шоҳин ҷой доштаи ин роҳ маро бештар ба ваҷд меоранд. Чунки роҳи пуршебу фарози каҷмакаҷи бисёр хатарноки авваларо бо роҳи акнун оинасон ҳамвору камхатар муқоиса мекунаму нақбҳои чун рӯз равшанро мебинам.
Баъд аз убури маркази ноҳияи Шамсиддин Шоҳин роҳи морпечи кӯҳӣ оғоз мешавад. Он дар тамоми тӯлаш аз ду ҷониб чашмасорон, обшорон ва дарёҳои хурду бузурги дилрабо дорад, ки ба таври ҳайратовар зебою дилкашанд. Ҳанӯз аз баландиҳои кӯҳҳои ҳудуди Ҷамоати Ёли ноҳияи Шамсиддин Шоҳин нагузашта, дарёи Панҷ ва манзараҳои байни Тоҷикистону Афғонистон падид мегарданд. Аз ҳамин ҷо сар карда, то охирин нуқтаи сарҳади Тоҷикистон роҳ қад-қади ҳамин дарё меравад – дарёе, ки ҷудокунандаи ҳудуди Тоҷикистону Афғонистон аст. Ин роҳ як навъ бозгӯкунанда ва қиёскунандаи пешравиҳои Тоҷикистон нисбат ба Афғонистон мебошад. Дар ҷониби Афғонистон (ғайр аз водии Вахон) қишлоқҳои биноҳояш хурд-хурду пастак-пастаки ҷафс ба лаби дарё, ба танаи кӯҳҳо ё дар рӯи сангҳо сохташуда ба назар мерасанд. Қитъаҳои хурд-хурди замини кишт, ки гирдашон бо санг иҳота шудаанд, намоёнанд. Боғоти мевадиҳанда умуман наменамояд. Дар кам қишлоқҳо чанд тут ва дарахтони сояафкан ба чашм мерасанду халос. Дар ҷониби Тоҷикистон бошад, деҳаҳои ободу сабзу хуррам, боғоти пурмева, биноҳои хуштарҳро дида, дил лабрези фараҳ мешавад. Аммо чун мебинӣ, ки ҳамсояҳои соҳили чапи дарё барои аз ҷое ба ҷое рафтан роҳҳои тангу хатарнокро пиёдаю харсавор тай мекунанд, баръакс, дил фишурда мегардад. Ягон-ягон пайдо шудани дучархаи бо бензин ҳаракаткунанда ё мошини хурдҳаҷми пурчангу хок ҳам ин ҳолати қалбро тағйир намедиҳад. Танҳо баъди дидани он ки мардуми соҳили рост – тоҷикистониёни хушбахт савори мошинҳои роҳатбахш аз роҳҳои қирпӯшу ҳамвор гузашта, аз манзил ба манзил мераванд, эҳсоси шукргузориро боло мебардоранд. Дар ҷониби Афғонистон ақаллан як истироҳатгоҳи оммавӣ мушоҳида намешавад. Дар ҷониби Тоҷикистон бошад, на танҳо истироҳатгоҳҳои хурду бузург, балки боғҳои калони фарҳангию фароғатӣ ва осоишгоҳҳои ҷонбахшу рӯҳнавозро мебинӣ. «Чорчаман»-и ҳамшафати шоҳроҳ яке аз онҳост.
«ЧОРЧАМАН» — МУЪҶИЗАИ ОФАРИДАИ ХУДОВАНД
Аз он ки соате аз ҳавои поку беолоиши ин фароғатгоҳи ноҳияи Дарвоз нафас мекашӣ, чанд пиёла чойи алафинашро менӯшию як коса хӯроки лазизашро мехӯрӣ ё чанд каф оби зулолашро фурӯ мебарию манзараҳои бемислашро тамошо мекунӣ, лаҳзаҳои умрат меафзоянд. «Чорчаман» мавзеи биҳиштосои рӯи замин аст. Бо пуррагӣ тасвиру тафсир кардани ҳавои омезишёфта бо бӯи гулу гиёҳҳои кӯҳӣ, қасри афсонавии болои қуллаи кӯҳсанги азим, шаршараи аз болои кӯҳ шоранда, девору дарвозаю манораҳои шарқиёнаи саргаҳи шаршара, мавҷҳои назаррабо ва оби зулоли дарёи шӯх, кӯҳҳои осмонбӯс ва шаршараю обшорҳои мусаффои дигари табиӣ, харсангҳои бо таъсири об суфтаю ҷилодоршудаи даруни дарё, меҳмонхонаи ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ, кӯпрукҳои афсонаосо ороёфта, фаввораю ҳавзҳо, чархофалаку хумҳо, гулу буттаю дарахтони шукуфону сарсабз, пайкараи зиндамонанди парандаю ҳайвоноти гуногун, манзараҳои шомгоҳӣ, махсусан, чароғҳои рангобаранги ороишии қад-қади роҳраву лаб-лаби обу кӯпрукҳо, дастгоҳҳои ҳунармандӣ ва бисёр чизҳои дигари ин макони хушобуҳаво кори осон нест. Барои он ки дар мағз-мағзи дилу ҷон дарку эҳсос шаванд, онҳоро бояд дид, бӯяшонро шамид, садояшонро шунид.
«Чорчаман» оинаи равшанест, ки амалишавии дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба бунёдкорию ободонии деҳот возеҳ инъикос мекунад. «Чорчаман» осорхона ё намоишгоҳи зери осмони кушод аст – осорхонаи таърих, табиат, ҳунарҳои мардумӣ. «Чорчаман» муъҷизаест, ки Худованд барои бандагонаш ато кардааст.
Баъди «Чорчаман», иштиёқи зудтар дидани маркази ноҳияи Дарвоз ва қалъашаҳри бостонии Карон дилу ҷони касро ором намегузорад. Бо вуҷуди дар дили кӯҳҳо буданаш, шаҳрак зебою дилкаш аст. Таърихаш донистанист. Аммо Карон дигар аст. Баробари аз дарвозаи он даромадан худро дар аҳди қадим тасаввур мекунию хаёлан бо ҷадҳои ҳазорон сол пеш гузаштаат дар тамос мешавӣ ва дарк мекунӣ, ки эшон дар интихоби ҷои қалъашаҳрҳо ва тарзи бунёди он то чӣ андоза муносибати ҷиддӣ мекардаанд.
«Карон» номи шартӣ аст. Бо назардошти дар қуллаи кӯҳпора буданаш олимон онро «Карон» гуфтаанд. Масоҳаташ 100 га, баландиаш 2000 м аз сатҳи баҳр аст, дар лаби дарёи Панҷ – сарҳади Афғонистон воқеъ гардидааст. 4000-сола буда, дар замони худ шаҳри ботамаддун, дорои илм, фарҳанг, адабиёт ва саноат будааст. Қасрҳои зебо доштааст, аз ҷумла, қасри шоҳи Дарвози қадим дар ҳамин ҷо будааст. Маъбадҳои об, оташ, бод, расадхона, коргоҳҳои оҳангарӣ, кулолӣ, сангтарошӣ, лӯласозӣ, хиштпазӣ, чӯбкорӣ, осиёби бодӣ, амфитеатр, майдони калони варзишӣ доштааст. Обро барои нӯшидани одамону ҳайвонот ва обшоркунии киштзорон аз чашмаҳои кӯҳӣ тариқи лӯлаҳои сафолии истеҳсоли худӣ меовардаанд, яъне, ки водопровод доштаанд. Карониён ба тавлидоти тилло ҳам машғул будаанд. Аз ин рӯ, Карон яке аз шаҳрҳои бойи замони худ будааст.
Ба кашфшавии ин шаҳри қадима ва ковишҳои бостоншиносии он Роҳбари давлат таваҷҷуҳи хоса доштанд ва доранд. Чунончи, соли 2013 ба ин ҷо омада, ба ҷараёни корҳои бостоншиносӣ аз наздик шинос шуданд. Маслиҳату дастурҳо ва пешниҳодоти худро гуфтанд. Баъди ташрифи он кас, шаҳр ва қалъаи қадимии Карон машҳури олам гашт, таваҷҷуҳи сайёҳон, махсусан, хориҷиён бештар гардид. Ин аст, ки сайёҳон аз кишварҳои Аврупо, ШМА, Канада, Австралия, Арабистони Саудӣ, Россия, Хитой, Кореяи Ҷанубӣ ва ғайра ба дидани Дарвоз, аз ҷумла, ба Карон меоянд. Ин хизмати бузург ва ғамхории падаронаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва рушди сайёҳӣ мебошад. Кароне, ки бисёр сайёҳон мавзеи ҷойгиршавӣ ва тарзи бунёди биноҳояшро ба назар гирифта, ба шаҳри бостонии Мачу-Пикчуи Перу монандаш мекунанд.
Баъд аз убури ноҳияҳои хушманзари Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон ва Роштқалъа ба шаҳри Хоруғ – шаҳри сафедорҳои осмонбӯс, воқеъ дар ду соҳили дарёи Ғунд ва баландии зиёда аз 2200 м аз сатҳи баҳр мерасед. Шаҳри дорои таърихи бою рангин, шаҳри 525 км дур аз пойтахти кишвар.
Шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ дар ҳамин ҷо ба ду шоха тақсим мешавад. Аввалӣ аз даромадгоҳҳи шаҳр ба ҷониби ноҳияи Ишкошим, дуюмӣ аз баромадгоҳои он сӯи шаҳри Ӯши Ҷумҳурии Қирғизистон мераванд.
Ин шоҳроҳ маҳсули ташаббусҳо ва ҷаҳду талошҳои пайгиронаи Ҳукумати мамлакат барои баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад.
Пурра инъикос кардани манзараҳои дилкашу дилрабои он на бо қалам даст медиҳаду на бо сухан. Онҳоро бояд дид. Барои дидани оммавиашон, ташкилдиҳии хатсайри алоҳидаи сайёҳии микроавтобусӣ айни муддао мебуд.
Файзи ФОЗИЛ,
рӯзноманигор