Мир Саид Ҳасани Шоҳи Хомӯш дар асри 10 ба Бадахшону Хатлон сафар намуда, дар ин ҷо бо ёрии Мир Саид Ҷалолиддини Гулдаста ном ориф дар густариш ва рушди илму дониш саҳми шоиста мегузорад. Баъди вохӯриашон дар маҳаллаи Чорсӯи Муъминобод Шоҳи Хомӯш қарияи Лангарро ҷои зисти хеш қарор медиҳад. Номи деҳа низ аз ин ҷо сарчашма мегирад. Маҳз дар давраи ӯ шумораи мадрасаҳо ва донишомӯзон ба маротиб боло меравад. Дар ин манотиқ дину диёнат, адлу инсоф, оромӣ, меҳнати созанда пойдор мегардад.
Пас аз 400 соли дигар аз ҳамдиёрони Шоҳи Хомӯш Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба Хатлон омада, дар ободии ин минтақа ҳиссагузор мешавад.
Ин нобиғаи давр 12 октябри соли 1314 дар шаҳри Ҳамадон чашм ба олами ҳастӣ кушодаасту шаҷарааш дар 16 сулола то ба Алӣ Муртазо ва Муҳаммад алайҳиссалом мерасад. Ин марди бузург дар тӯли умри хеш 144 асар таълиф намудааст. Олими тоҷик, шодравон Моҳирхӯҷа Султонов осори мунтахаби ӯро дар чор ҷилд ба табъ расонидааст.
Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба Машриқу Мағриб се сафар анҷом додааст, ки охиринаш соли 1370 ба сӯи мулки Хатлон буда, то соли 1386 давом кардааст. Дар сафарҳои пешин ва охирин ӯ бо олимону фозилони давр, муридону пайравонаш (беш аз 40 нафар), ба мисли Хоҷа Исҳоқи Хатлонӣ, Нуриддин Ҷаъфари Бадахшӣ, Мир Саид Ҳусайни Симнонӣ, Саид Қозӣ, Шайх Сулаймон, Саид Фирӯз, Зайналобуддини Нишопурӣ, Шамсиддини Хатлонӣ, Муҳаммади Толиқонӣ, Тутиалишоҳи Хатлонӣ ва ғайраҳо вомехӯрад, суҳбату маҷлисҳо меорояд.
Дар асри 15 бо ибтикори ихлосмандону муридонаш мақбараи мутафаккири бузургро бунёд мекунанд. Аз ҳамон вақт он ба зиёратгоҳи аҳли илму адаб ва руҳониён табдил ёфта, бо номи оромгоҳи Ҳазрати Амирҷон машҳур мегардад. Дар шафати ӯ қабри писараш Саид Муҳаммад ҷойгир аст.
Солҳои соҳибистиқлолӣ ба осору афкор, зиндагинома, мақбараи олими зиндаёд таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Бо иқдоми Президенти мамлакат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шинохти ин алломаи Шарқ амалҳои савобу таърихие сурат гирифтанд. Мақбараи тармиму таҷдидёфтаи орифу мутафаккири барҷастаро ба ифтихори 680-солагиаш Пешвои миллат ботантана ифтитоҳ намуданд.
Дар солҳои соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ, ба тасдиқи муаррих Ҳотамшо Асозода, беш аз як миллион нафар меҳмону сайёҳ аз ин зиёратгоҳ дидан намудаанд.
Нурулло ҲАСАНОВ,
рӯзноманигор