ДИЛБАСТАИ ПЕШАИ ХУД

Ишутина Елена Викторовнаро дар ноҳияи Тоҷикобод ҳама бо номи Ишутина мешиносанд. Ӯ муаллими забони русӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4-и ноҳияи Тоҷикобод мебошад. Имрӯзҳо аз ҳисоби миллатҳои ғайритоҷик ба нудрат метавон касеро пайдо кард, ки дар минтақаҳои дурдасти кӯҳистон ба касби омӯзгорӣ машғул бошанд. Аз ӯ чӣ гуна дар ин минтақаи дурдасти кӯҳистон сукунат ихтиёр карданашро мепурсам.
Бо забони ширини тоҷикӣ қисса мекунад:
– Падари шавҳарам дар зодгоҳи ман – вилояти Иркутски шаҳри Черемховои Федератсияи Россия кор ва зиндагӣ мекард ва бо хонаводаи мо робитаи дӯстӣ дошт. Вақте ки писари ӯ аз хидмати аскарӣ баргашт, аз ман хостгорӣ карданд ва мо издивоҷ кардем. То соли 2011 дар ҳамин шаҳр зиндагӣ кардем. Соли 1998 фарзандони нахустинамон Наргис таваллуд шуд. Пас, Дилшод — соли 2000-ум ва Рамазон соли 2004-ум ба дунё омаданд. Соли 2011 ба зодгоҳи шавҳарам – деҳаи Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод омадем. Он вақт духтарам Наргис дар синфи 7 таҳсил мекард.
– Вақте ки Шумо тасмим гирифтед, ки ба зодгоҳи шавҳаратон барои сукунати доимӣ биёед, муносибати падару модар ва наздиконатон ба ин тасмим чӣ гуна буд?
– Онҳо розӣ буданд, вале як андоза нигаронӣ ҳам доштанд. Мегуфтанд, ки он муҳит бароят ноошност урфу одати мардуми маҳаллиро намедонӣ ва шояд бароят мушкилоти зиёд пеш ояд. Ман ба онҳо гуфтам, ки ба тасмими шавҳарам арҷ мегузорам, бояд инсон барои ҳаллу рафъи мушкилоти ногузири зиндагӣ муносибаташро бо аъзои оилаи худ вайрон накунад. Хушбахтии ман дар оилаи ман аст. Парандаҳо ҳам аз ошёни худ ба ҳар гӯшаи олам парвоз мекунанд ва аз боду борону тӯфон намеҳаросанд. Ҳамин гуна, соли 2011, чунон ки дар боло арз кардам, ба зодгоҳи шавҳарам омадем.
– Хуб, чӣ мушкилоте пеш омад ва оё аз тасмими худ пушаймон шудед?
– Агар гӯям, ки ҳеч мушкилоте набуд, дурӯғ мегӯям. Ҳатто, агар шумо дар дохили як кишвар, аз як маҳал ба маҳалли дигар кӯч бандед, ҳатман ба мушкиле гирифтор мешавед. Куҷо расад ба ин ки ман аз як шаҳр, ки мардумонаш зиндагии дигар, ҳувияти дигар, урфу одати дигар ва суннату оини дигар доранд, ба маҳалле омадам, ки бо ин расму оин ошно нестанд. Вале дар баробари ин, арзишҳои умумиинсонӣ ва умумибашарӣ – раҳму шафқат, инсондӯстиву одамгарӣ ҳаст, ки моро бо ҳам наздик мекунад. Ман дар масъалаи муносибат бо аъзои оилаи шавҳарам тақрибан ҳеч мушкиле надоштаму надорам. Маро чун узви оилаи худ пазируфтанд ва чун фарзанди худ дӯст доштанд. Ман ҳеч гоҳ аз тасмими худ пушаймон нашудам. Аз хушдоманам бисёр розиам, ки мисли модар ба ман муносибат кард ва роҳу расми зиндагии тоҷикиро ба ман ёд дод. Вақте ки якуми майи имсол аз дунё гузашт, бисёр андуҳгин шудам. (Дар чашмонаш ашк ҳалқа мезанад)
– Шумо дар зодгоҳи худ чӣ шуғле доштед?
– Ман, то омадан ба ноҳияи Тоҷикобод, дар яке аз кӯдакистонҳои зодгоҳам мувофиқи ихтисосам мураббӣ будам. Вақте ки ба маҳалли сукунати ҳозираам омадам, маро директори мактаби №4 ба мактаб даъват кард, то аз фанни забони русӣ дарс бидиҳам. Шавҳарам ва хушдоманам ҳам қабул карданд. Ин барои ман ҳам бисёр хуб буд. Дар Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Россия аз курси такмили ихтисос гузаштам. Мушкили аслие, ки ман бо он рӯ ба рӯ шудам, надонистани забон буд. Ман ба хонандагон забони русиро ёд медодам, онҳо ба ман забони тоҷикиро. Бо имову ишора ҳам баъзан фикри худро ба якдигар мефаҳмондем. Оҳиста-оҳиста забони тоҷикиро ёд гирифтам, ин сарзаминро дӯст доштам ва ба таълиму тарбияи хонандагон дилбастагии бештар пайдо кардам. Дигар ин муҳиту ин мардум ба ман ҳеч бегонагӣ надоранд. Сокинони маҳаллӣ ҳам маро чун фарзанди ҳамин маҳал қабул кардаанд ва эҳтиром мекунанд. Шодтарин лаҳзаҳои умри ман замонест, ки шогирдони ман дар озмунҳое, ки аз фанни забони русӣ баргузор мешавад, пирӯз мешаванд. Аз муваффақияти онҳо азму талошам бештар мешавад ва пешаамро бештар дӯст медорам. Бузургтарин ҳадияи шогирд барои як омӯзгор муваффақ ва пирӯз шудани ӯ дар озмунҳост. Инро, шахсан ман бо ҳеч чизи дигар қиёс карда наметавонам. Ҳосил ё самари заҳмату талоши як омӯзгор ҳамин аст. Вақте ки дилбастагӣ ва хоҳиши шогирдонро нисбат ба фанне, ки ман дарс медиҳам, амалан мебинам, дилам бештар ба кор гарм мешавад. Ба хонандагони хоҳишманд дарси иловагӣ ҳам медиҳам. Онҳо пас аз дарсҳо ба хона меоянд, ман алаф медаравам ва ҳамзамон, аз онҳо хоҳиш мекунам, ки китоб хонанд. Ҳар куҷое, ки хато хонданд ва қоидаҳои забони русиро риоя накарданд, онҳоро ислоҳ мекунам. Ҳам кори онҳо пеш меравад ва ҳам кори ман (Ному насаби шогирдони муваффақи худро, ки чанд сол қабл мактабро хатм кардаанд, ном ба ном медонад ва номбар мекунад). Ман ҳамеша хонандагонро талқин мекунам, ки забони русиро бояд бештар биомӯзанд. Умуман, инсон аз забондонӣ фақат бурд мекунад. Ман худамро, ки мушкил ва азоби надонистани забонро дар худам таҷриба кардаам, барои онҳо мисол меорам. Воқеан, ҳам хонандагон ва ҳам падару модари онҳо бояд ба масъалаи забономӯзӣ бештар аҳаммият бидиҳанд. Онҳо дар баробари забони модарии худ, бояд забони русӣ ва англисиро низ биомӯзанд. Ман ҳамчун омӯзгори фанни забони русӣ хуб медонам, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи омӯзиши забони русӣ аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад ва тамоми шароиту заминаҳоро барои омӯзиши ҳам забони русӣ ва ҳам забони англисӣ фароҳам кардааст. Дар ин бора барномаи давлатӣ ҳам қабул шудааст. Ҳам падару модар ва ҳам хонандагон бояд ин масъаларо ҷиддӣ бигиранд. Агар ҳар нафаре, ки ба муҳоҷират ба Федератсияи Русия барои кор меравад, забони русиро ҳадди аққал, дар ҳадди муошират бидонад, камтар ба мушкилот гирифтор мешавад ва метавонад барои худ ҷойи кори муносиб пайдо кунад. Чизи дигаре, ки мехоҳам ба он таъкид кунам, ин аст, ки бояд духтарони маҳаллӣ бештар соҳибмаълумот шаванд ва ба кори омӯзгорӣ ҷалб шаванд. Ба назари ман, хеле аз чизҳоеро, ки як омӯзгори зан метавонад барои хонандагон бидиҳад, мардон наметавонанд бидиҳанд. Гузашта аз ин, ба кори омӯзгорӣ ҷалб шудани бонувон, яке аз роҳҳои ҳалли норасоии омӯзгорон дар мактабҳои дурдасти кӯҳистон аст, чун вақтҳои ахир тарки пешаи омӯзгорӣ кардан ва ба муҳоҷират рафтани мардон бештар ба назар мерасад.
– Барои хонандагон ҷолиб хоҳад буд, агар дар бораи зиндагии хонаводагии худ камтар суҳбат кунед.
– Ман хушбахт ва аз сарнавиштам розиам. Мо дар оила ҳамеша бо ҳусни тафоҳум зиндагӣ кардем. Тақрибан, ҳеч гоҳ дар миёни мо сӯитафоҳум набуд. Аз падару модари шавҳарам бисёр розиам. Онҳо бо ман чун бо фарзанди худ муносибат кардаанд. Раҳматии хушдоманам ба ман пухтани хӯрокҳои миллӣ ва нонпазиро ёд дод. Ҳоло ман мисли тоҷикони маҳаллӣ тамоми хӯрокҳои маҳаллиро пухта метавонам, дар дегдон нон мебандам, гов медӯшам, алаф медаравам, ҳавлӣ мерӯбам ва инро нишонаи ақибмондагӣ ва “қишлоқӣ” будан намедонам. Ин корҳоро бо камоли майл анҷом медиҳам. Се фарзанд ва се набера дорам. Писари хурдиам – Рамазон имсол синфи 11-ро хатм кард. Мехоҳад низомӣ шавад. Мо ҳам ба раъйяш мухолифат накардем. Баъзеҳо гуфтанд, ки имрӯзҳо ҷаҳон ноором аст. Низомӣ шудан хатар дорад, дигар пешаро интихоб кунад. Ман гуфтам, ки хоҳиши ӯро набояд рад кард. Ҳар ҷавон ба пешае, ба коре майлу рағбат ва шавқ дорад. Касеро, ки ба коре шавқ надорад, набояд маҷбур кард. Гузашта аз ин, фарзандони мо бояд сарзамини моро муҳофизат кунанд. Касе дигар мулки моро муҳофизат намекунад.
Баъд аз даргузашти хушдоманам дар бораи модарам бештар фикр мекунам. Як хоҳар дорам, ки дар дигар шаҳр зиндагӣ мекунад. Бо телефон аз аҳволаш мепурсам. Мегӯяд, духтарам хуб кардӣ, ки рафтӣ. Ман медонам, ки Тоҷикистон ором аст.

Суҳроб ВАҲҲОБНИЁ,
«Омӯзгор»