ТО ДИЛ НАКУНАД ДАРД…

Машғулиятҳои бонизом ва хадафманди ҷисмонӣ омили фаъолиятмандии тамоми узвҳо буда, равандҳои физиологии ҳаётиро дар ҷисми инсон ба дараҷаи баланд нигоҳ медоранд.
Барои зистан сиҳатмандию барои сиҳатманд будан машғул шудан ба машқҳои ҷисмонӣ зарур аст. Ба таъкиди Синои бузург, дорую давои муҳимтарин барои бемор машғул шудан ба машқҳои ҷисмонист. Тамоми мардумони солимфикр аз рӯи ин гуфтаҳо амал мекунанд.
Вобаста ба рушди тарбияи ҷисмонӣ бисёр масъалаҳо дар ҷомеа ҳал мегарданд, ки ба тараққиёти ҷамъият мусоидат мекунанд. Вале се вазифаи асосӣ мавҷуд аст, ки барои ҳал кардани онҳо муаллимони тарбияи ҷисмонӣ ҳамеша кӯшиш мекунанд. Ин вазифаҳо чунинанд: ҳаматарафа инкишоф ёфтани одам, муваффақ шудан ба зебоии қаду қомат, мукаммалкунии сифатҳои ҳаётан зарур (қувва, тобоварӣ, чобукӣ, чолокӣ) ва беҳтаршавии саломатӣ тавассути машқҳо.
Машғулиятҳо бо тарбияи ҷисмониро дуруст ташкил намуда, мо, пеш аз ҳама, ҳаракат мекунем, ки ба рушди фарогири фикрӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ ва ҷисмонии одамон фаъолона мадад расонем.
Одатан, мо худро он гоҳ солим мешуморем, ки дар вақти иҷро намудани ҳама гуна функсияҳои табиии организми худ мушкилиеро дарк намесозем ва дар аъзои баданамон дард ҳис намекунем.Маъмулан, фақат дар вақти дард кардани ягон узв (масалан, гӯш ва ё чашм) мо онро ҳис мекунем ва барои шифоёбияш чорабинӣ менамоем.
Одами солим аксаран дили худро мушоҳида ва кори онро ҳис наменамояд ва дар бораи он фикр намекунад. Фақат дар вақти баъзе касалиҳо мо дар дил дард ҳис мекунем ва ба амалиёти он бо диққат назорат мекунем. Ба ибораи шоир:
То дил накунад дард, надонӣ, ки дилат ҳаст,
То сар накунад дард, надонӣ, ки сарат ҳаст.
Муовини директори муассисаи давлатии “Мактаби варзишӣ”-и шаҳри Панҷакент Тоҳир Раҳимов зимни суҳбате чунин ҳикоят карданд: соли 2015 рӯз ба рӯз ҳолати саломатиам бад шудан гирифту чанд муддат дар беморхонаи марказии шаҳр табобат гирифтам (бо бемории қанд ва фишорбаландӣ). Пас аз анҷоми табобат ба қароре омадам, ки ҳатман ба тарбияи ҷисмонӣ ва давидан машғул мешавам.
Устод дар риоя ва иҷрои машғулиятҳои мунтазам иродаи қавӣ ва ҷиддият нишон доданд. Дар тамринҳо чунин тартибро риоя карданд: “Аз сода ба мурракаб”, “Аз сабукӣ ба душворӣ”. Машғулиятҳо, асосан, дар майдони марказии шаҳр баргузор мешуданд. Аввалҳо 3-4 давр гирди майдон медавиданд, баъдан рӯз ба рӯз сарборӣ зиёд шудан мегирифт. Аз соли 2022 тамринҳои устод дигар ҳамчун машғулиятҳои варзишгарони касбӣ баргузор мегардиданд. 30-35 давр (12-14 км) дар гирди майдон медавидагӣ шуданд.
Устод аз соли 2020 то ҳол иштирокдори фаъоли чорабинии оммавии шаҳрӣ бахшида ба Рӯзи дави миллӣ буда, мувофиқан ба синну соли худ ғолиби чоркаратаи ин мебошанд. Дар ҷамъбасти умумии сабқати мазкур ҳатман ҷойи 2 ё 3 насибашон мегардад.
Устод Тоҳир Раҳимов то ҳол хушқаду қомат, чусту чолок, зиндадил ва серҳаракатанд.
Устод мегӯянд: «Як рӯз агар надавам, худро бад ҳис мекунам, давидан чун хӯрдану нӯшидан як амали ҳатмӣ гаштааст бароям».
Давидан ва гаштан тамоми узвҳои такягоҳӣ ва ҳаракатдиҳандаи бадани инсонро дар сатҳи хуб нигоҳ медорад, системаҳои асаб, дилу рагҳои хунгард ва нафасгириро фаъол мегардонад.Функсияҳои ҳамаи узвҳоро беҳтар карда, ба табодули моддаҳо дар организм мусоидат менамояд.
Барои машғул шудан ба тарбияи ҷисмонӣ ва давидан синну сол ҳаргиз монеа шуда наметавонад. Аз ин рӯ, барои шахсоне, ки мехоҳанд ба давидан машғул шаванд, якчанд маслиҳат медиҳем:
– пеш аз ҳама, бо азми қавӣ қарор бидиҳед, ки ҳатман медавед;
– давидан тамоми вақт — ҳам саҳар, ҳам нисфирӯзӣ ва ҳам бегоҳ мумкин аст;
– беҳтараш, дар пайроҳаи мулоим давед. Агар дар рӯи замини мумфарш сахт давидан лозим ояд, бо пойафзори зерчармаш мулоим бояд давид;
– давидан набояд башиддат, балки якмарому озод бошад.
Ба ҳаракат ва ҳолати ҷисми худ диққат бояд дод, намуди зоҳир оинаи ҳолати ботини мост.
Табиб аз Руми қадим Клавдий Гален (130-200 то эраи мо) барҳақ чунин меҳисобид: “Машқҳои ҷисмонӣ метавонанд тамоми дорувориҳоро иваз кунанд, вале тамоми дорувор дар якҷоягӣ наметавонанд ба машқҳои ҷисмонӣ баробар бошанд”.
Неъматҷон КОМИЛОВ,
Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон