Муаррифии фарзанди фарзонаи миллат Сафаралӣ Раҷабов аслан зарурат надорад, зеро ӯ фарзанди содиқи ин миллат ва арбоби намоёни сиёсиву давлатӣ буд, дар сафи пеши татбиқгарони сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошт. Аз солҳои 90-уми асри гузашта то дами вафот (2011) садоқатмандона дар хидмати халқу Ватан буд. Шарҳи ҳоли ӯ мисли шарҳи ҳоли мардони бузург хеле одӣ аст.
С. Раҷабов зодаи ноҳияи Файзобод, хатмкардаи ду мактаби олӣ — Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ) ва Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур) буд. Фаъолияти кории ӯ ҳамчун коргари хоҷагии бригадаи саҳроии савхози “Қалъаидашт”-и ноҳияи Файзобод аз соли 1972 оғоз ёфтааст. Баъди гирифтани маълумоти олии педагогӣ (соли 1977) ҳамчун муаллими мактаби миёнаи рақами 8, солҳои 1978-1980 сардори клуби варзишӣ-техникӣ, солҳои 1981-1986 директори Комбинати таълимӣ-истеҳсолии байнимактабӣ, 1986-1990 директори омӯзишгоҳи касбҳои техникии рақами 24-и ноҳияи Файзобод садоқатмандона фаъолият кардааст. Соли 1990 вакили Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ноҳияи Файзобод интихоб шуд. Солҳои 1990-1995 аввал котиби кумитаи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон, баъдан муовини раиси ҳамин кумита ва минбаъд раиси кумитаи зикршуда ва солҳои 1995-2000-ум Раиси Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Соли 2000 аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон депутати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Солҳои 2000-2005 вазири маорифи Тоҷикистон шуда кор кард. Соли 2005 аз рӯйхати Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид ва солҳои 2005-2010 раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи давлатӣ буд. Соли 2010 аз ҳавзаи якмандатии Шоҳмансур №3 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд. Аз моҳи марти соли 2010 то моҳи октябри соли 2011 ба ҳайси раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ фаъолият кардааст. Сафаралӣ Раҷабов 5-уми октябри соли 2011 дар 56-солагӣ аз олам даргузашт. Ӯ номзади илми сиёсатшиносӣ, доктори фахрии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, ба номи Ш.Шоҳтемур, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон буд.
Сафаралӣ Раҷабов, ки солҳои 2000-2005-ум вазифаи вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба уҳда дошт, барои рушди таҳаввули соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия тамоми қуввату ғайрат ва истеъдоди худро сарф кард.
Солҳои вазирии Сафаралӣ Раҷабов кормандони вазорат зери шиори “Ислоҳоти маорифро таҳким мебахшем” амал карда, баҳри татбиқи сиёсати давлат дар соҳаи таҳсилот ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо вазорату идораҳои дахлдори дигар лоиҳаи 11 ҳуҷҷати меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла: “Дар бораи тасдиқи барномаи компютеркунонии мактабҳои маълумоти ҳамагонии асосӣ ва миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2003-2007”, “Дар бораи тасдиқи Низомномаи намунавии Маркази таълимӣ ва касбинтихобкунии байнимактабии хонандагон”, “Дар бораи тартиби гузарондани аттестатсия, аккредитатсия ва литсензиядиҳии муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон”; “Дар бораи баъзе масъалаҳои мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ”, “Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба ҳифзи иҷтимоии гурӯҳҳои алоҳидаи кормандони соҳаи маориф”, “Дар бораи тасдиқи барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014”, “Дар бораи тайёр намудани мутахассисони дорои маълумоти олӣ дар давлатҳои хориҷӣ”, “Низомномаи намунавии муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ” ва ғайраро пешниҳод намуданд ва ин ҳуҷҷатҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, қабул карда шуданд, ки ин, бешубҳа, ба пешрафти кори соҳа такони ҷиддӣ бахшид.
Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомнома ва дастурамалҳои мавҷуда, Вазорати маориф барои беҳтар намудани сифати ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ кӯшишҳои зиёд анҷом дод.
Дар давраи вазирии Сафаралӣ Раҷабов ҳамкории Вазорати маориф бо Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нашрияҳои ҷумҳурӣ беҳтар гардид. Дар телевизиони Тоҷикистон дар мавзуъҳои “Чопи китобҳои дарсӣ ва мушкилоти он”, “Қоидаҳои қабул ба мактабҳои олӣ”, “Довталаб-2003”, “Омӯзгори эҷодкор”, “Сифати дафтарҳои талабагӣ” суҳбатҳои гирдимизӣ барпо гардида, гузоришҳои мустақими телевизионӣ бо иштироки роҳбарияти Вазорати маориф пахш мегардиданд.
Сафаралӣ Раҷабов на танҳо сиёсатмадори варзида, роҳбари кордону корозмуда, балки донишманд ва шоири хушсалиқа ҳам буд. Ба қалами ӯ китобҳои “Дунявият иродаи халқ аст” (соли 1996), “Ҳокимияти қонунгузор” (соли 1999), “Тоҷикистон: давлати дунявӣ” (назария, таҷриба ва проблема) (ба забони русӣ, соли 2000), “Мақоми маориф” (соли 2002), “Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (соли 2004), “Маорифи Тоҷикистон дар солҳои истиқлолият” (соли 2006), “Баёзи ашъори Сафаралӣ Раҷабов” (баъди вафоташ, соли 2017) ҷамъ 14 китоб ва беш аз 70 мақолаи илмӣ-таълимӣ тааллуқ дорад.
Сафаралӣ Раҷабов дӯсти бовафо ва шахси хайрхоҳу беғараз буд. Табъи шоирӣ ҳам дошт ва бо тахаллуси “Ниҳонӣ” шеър эҷод мекард. Соли 2017 ашъори ӯ бо кӯшиши фарзанди калониаш Мутеъулло бо номи “Баёзи ашъори Сафаралӣ Раҷабов” дастраси хонандагон гардид. Ашъори боқимондаи ӯ, асосан, аз ғазал, маснавӣ, рубоӣ, дубайтӣ, қитъа, тарҷеъбанд, мусаммат ва фард иборат буда, дар мавзуъҳои мухталиф таълиф шудаанд.
Урватулло ТОИРОВ,
доктори илми филология,
профессори ДМТ,
Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон
