УМРИ ХУДРО БО КИТОБ ПАЙВАСТ

Устод Сафар Шосаидзода аз ибтидои солҳои 80-и асри XX дар бахши илму таҳқиқот, аз ҷумла, проблемаҳои муҳимтарини соҳаи китобдорӣ, иттилоотшиносӣ ва фарҳанг беш аз 200 асару мақолаи илмӣ, илмӣ-методӣ ва таълимӣ таҳия ва чоп намудааст. Аз силсилаи таҳқиқоти олим метавон асарҳои «Инноватикаи китобдорӣ», «Истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо», «Менеҷмент ва маркетинги фаъолияти китобдорӣ», маҷмуаи мақолаҳои илмии ӯ – «Фаъолияти китобдорӣ. Фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ: назария, услубҳо, амалия», мақолаҳои арзишманди илмии «Таъсиси Китобхонаи миллиро таъхир набояд», «Фаъолияти методии китобхонаҳои Тоҷикистон дар фазои иттилоотии муосир», «Стандартсозии истилоҳоти китобдорӣ: вазъият ва проблемаҳо»-ро номбар намуд, ки дар масъалаи китобу китобдорӣ, рушди соҳа мусоидат намудаанд.
Устод соли 1990 рисолаи номзадиро дар самти фаъолияти тарбиявии китобхонаҳо дифоъ намудааст.
С. Шосаидзода аввалин маротиба соли 2005 дар китобхонашиносии ватанӣ зарурати таҳияи стандартҳои миллии соҳаи китобдорӣ, библиографишиносӣ, иттилоотшиносӣ, табъу нашр, тавзеҳи китоб ва ба сатҳи стандартҳои байналмилалии созмонҳои бонуфузи ҷаҳон ИФЛА — Федератсияи байналмилалии анҷуманҳо ва муассисаҳои китобдорӣ, ИСО — Созмони байналмилалӣ оид ба стандартсозӣ мутобиқ гардондани онҳоро таъкид намудааст. Аввалин маротиба дар китобхонашиносии миллӣ соли 2013 дар заминаи аломатҳои типологии таъйиноти хонандагии китобхонаҳо, таркиби фонди онҳо, тобеият моликият, маъмурӣ-ҳудудӣ, принсипи ташкили фаъолияти китобхонаҳо, мақоми китобхона дар низоми муассисаҳои китобдорӣ китобхонаҳоро тасниф намудааст.
Сафар Шосаидзода яке аз муҳаррирони шинохтаи осори илмӣ ва таълимию методии на танҳо соҳаи китобдорӣ, балки фарҳанг, идоракунии давлатӣ, педагогика ва забоншиносӣ мебошад. Ӯ узви ҳайати таҳририяи асари бисёрҷилдаи энсиклопедии “Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик” (солҳои 2015-2018) буда, ҷилдҳои 1-3-уми он соли 2018 дар Озмуни ХV байналмилалии «Санъати китоб» сазовори Шоҳҷоиза гардиданд.
Айни замон номбурда вазифаи муҳаррири масъули маҷаллаи илмии тақриз-шавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон — “Паёми донишкадаи забонҳо. Силсилаи илмҳои филологӣ, педагогӣ, таърих ва фалсафа”-ро ба уҳда дорад. Зери назари ӯ китоби дарсии “Психологияи идоракунӣ” (муаллиф Ҷ. Файзализода), маҷмуаҳои илмии “Фаъолияти китобдорӣ дар Тоҷикистон” (ҷилдҳои 2, 3,4, 5) ва шумораи хеле зиёди осори таълимӣ ва таълимию методӣ ба табъ расидаанд.
Мавсуф, инчунин, дар вазифаҳои мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014-2016), директори Пажуҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии забоншиносӣ ва тарҷумаи ДДЗТ ба номи С. Улуғзода (2016-2018) адои вазифа намудааст.
Вай, ҳамчунин, як муддат ба сифати намояндаи ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сексияи МБА-и кишварҳои узви ИДМ дар таҳкими робитаи китобу китобдорӣ саҳм гузоштааст.
Таҳти роҳбарии ӯ шумораи зиёди магистрантону унвонҷӯён, аз ҷумла, 3 нафар барои дарёфти унвони доктор Phd аз рӯи ихтисос ба пажуҳиши илмӣ машғуланд. Меҳнатҳои шоёни устодро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазоратҳои фарҳанг, маориф ва илм ба назар гирифта, ӯро бо нишонҳои сарисинагии «Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2007), «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2012), медали «Хизмати шоиста» (2011) ва ифтихорномаҳо сарфароз гардондаанд.
Зафари ШАРИФ,
декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии ДДФСТ
ба номи Мирзо Турсунзода