Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи ҷоизаҳои адабии ба номи Мирзо Турсунзода ва Шамсиддин Шоҳин, устод Алимуҳаммад Муродӣ (тав. 03.08.1945) солҳои зиёдест, ки ба маънои воқеияш шеър мегӯяд. Маҷмуаҳои шеъраш бо номҳои «Обу ободонӣ» (1980), «Дастниҳол», «Нози Наврӯз», «Чароғи рӯзадор», «Роҳи руҳ», «Хайрбоди баҳор» (2005) ва «Моҳи хасрав» дастраси хонандагон гардида, инчунин, баъзе шеърҳояш дар маҷмуаҳои дастаҷамъии «Паймон» ва «Наврӯзӣ» ба табъ расидаанд. Ин ҷо мо фақат доир ба маҷмуаи охирини шоир – «Шафақи шом» (2020) сухан меронем. Аз муаррифиномаи китоб бармеояд, ки «Шафақи шом» гулчине аз ашъори тоза ва шеърҳои дар солҳои гуногун эҷодкардаи шоирро фаро гирифтаанд.
Шоир ҳар як боби китобашро бо мисрае ва ё байте аз шеъраш номгузорӣ намудааст. Боби якуми китоб «Зиндагонист чу офтобниҳол» ном дошта, 167 шеъри шоирро дар бар гирифтааст, ки аксарашро ғазал ташкил медиҳад. Шеърҳои шоир яке аз дигаре зеботару қашангтар, пурмаънитару ҷолибтар ба назар мерасанд. Шеъри Муродӣ оинаест, ки хонанда дар он симо, ҷаҳонбинӣ, андеша, хулқ, орзую армон, шодию ғам, нобарорию нокомӣ, инчунин, маҳорати эҷодии шоирро ба хубӣ дармеёбад.
Хонанда дар ин боб бо беҳтарин ғазалҳо, шоҳбайтҳо, фикрҳои бикр, панду андарз, зарбулмасалу мақол, таъбиру боварҳои халқӣ, ишқу ошиқӣ, меҳру вафо, одобу ахлоқ, ростию адолат ва дигар мавзуъҳо ошно гашт, аз ҳар як шеъри он дарси ҳаёт меомӯзад. Шеъри ӯ монанди чашмаи мусаффоест, ки кас аз нӯшидани оби шаффофу лаззатбахши он ташнагияш рафъ намегардад.
Шеърҳои ин боб дар мавзуъҳои гуногун суруда шуда, муаллиф ба ҳар кадоми онҳо унвони мувофиқ гузоштааст. Хонанда аз мутолиаи шеърҳо дармеёбад, ки ҷаҳонбинии шоир хеле фарох ва ӯ аз осори гузаштагону муосирон низ нек бохабар будааст. Аз мутолиаи китоб бармеояд, ки ӯ дар эҷоди шеър аз осори бузургони илму адаби гузаштаву муосири тоҷику форс, чун Умари Хайём, Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Абдурраҳмон Мушфиқӣ, Ғании Кашмирӣ, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ ва ғайра баҳраҳо бардошта, таҳти таъсири эшон шеърҳое низ гуфта будааст.
Агар ба мазмуни шеъри зерини Муродӣ назар андозем, аз он бӯи шеъри Мавлоно низ меояд:
Хонаи ҳайкалтарошон аст дунёву дар он
Ҳайкали ҳайвон зиёду ҳайкали одам кам аст (с. 284).
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ низ чунин гуфта буд:
Дӣ шайх бо чароғ ҳамегашт гирди шаҳр,
К-аз деву дад малуламу инсонам орзуст.
Муродӣ агар дар ин шеъраш мазмунан ба шеъри Мавлавӣ наздик шуда бошад, ҷойи дигар ӯ ба ғазали Ғании Кашмирӣ пайравӣ карда, назирағазали тозае навиштааст:
«Ҳар кӣ побанди ватан шуд, мекашад озорҳо»,
Лек хору зор набвад чун ватанбезорҳо (с. 9).
Ҳамчунин, ӯ дар як шеъраш наздик ба мазмуни шеъри устод Садриддин Айнӣ маъние офаридааст, ки хонанда пас аз мутолиаи он лаҳзаҳои пешазмаргии қаҳрамони халқи тоҷик Темурмаликро пеши назар меорад:
Аз марзи Ватан бурун ниҳад по,
Хоки ватанаш ба худ барад бод (с. 284).
Садриддин Айнӣ низ аз номи қаҳрамони асараш – Темурмалик чунин овардааст:
Атри кафан зи хоки Ватан кардам орзу,
Во ҳасрато, ки мебарам ин орзу ба хок!
Боби дуюми маҷмуа 109 шеърро дар бар гирифта, аксари онҳо аз ғазалҳо иборат мебошанд. Муродӣ на танҳо аз осори гузаштагону муосирон баҳра бардоштааст, инчунин, дар пайравӣ ба ашъори халқӣ шеърҳое низ сурудааст. Чунончи, ӯ дар шеърҳои зерин мисраъҳои шеърҳои халқиро ҷой додааст:
Чун ту медонӣ,
Шишаи бишкастаро пайванд кардан мушкил аст,
Нашканаш (с. 327).
* * *
Ман сангнавиштаи сари гӯратро
Бо лахчаи дил ё ки қалам бинависам?
Дарду аламам зи рафтанат бисёр аст,
Ҳайрон шудаам, кадом алам бинависам (с. 382).
* * *
Аз бешу камӣ нанолу аз дода мабол,
Аз ғайр нашав дилхушу аз дӯст малол.
Ҳар кас зи ҷаҳон муроди худ мехоҳад,
«Ҳам дузд Худо гӯяду ҳам соҳиби мол» (с. 383).
Устод Алимуҳаммад Муродӣ дар шеъраш аз калимаву ибораҳои халқӣ ба таври фаровон истифода карда, бад-ин васила шеърашро ба хонанда наздик намудааст. Барои он ки сухан бедалел набошад, дар поин чанд байтеро намуна меорем, ки дар онҳо калимаҳои шевагӣ хеле устокоронаву моҳирона истифода шудаанд:
Намеёбам дилатро, мекунам ҳарчанд дилёбӣ,
Зурунди зеринохунвор месӯзӣ, наметобӣ (с. 66).
* * *
Даст бар каштали Шайтон нарасад,
Ҷанги ҳамсоя ба поён нарасад (с. 208).
Шоир гарчанде аз калимаву ибораҳои халқӣ ба таври фаровон истифода карда бошад ҳам, дар поварақи китоб ба зиёда аз бист калимаву ибораҳои шевагӣ, ки на барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва на барои бошандагони дигар манотиқи ҷумҳуриамон мафҳуманд, шарҳу тавзеҳҳо низ навиштааст.
Масалан, вожаҳои халқии «пунавч»-ро «чӯби тармаззаи қаише, ки ба осонӣ шикаста намешавад» ва иборат шевагии “курпаи таркӣ”-ро «курпаи қуроқӣ» шарҳ додааст.
Шоир дар баробари калимаву ибораҳои халқӣ, дар шеъраш аз калимаҳои русӣ-интернатсионалӣ низ истифода кардааст:
Фарёд зи дасти ин куруновирус,
Ман дар ватанам, ту дар ғарибӣ маҳбус (с. 390).
Алимуҳаммад Муродӣ ҳамчун шоири эъҷозгар дар шеъраш калимаву ибороти тозае ба монанди «сабри хотирдоз», «барги гул пармуча», «шакарчиркии имон», «чирку чакан», «помонда», «чагона», «ташнамур», «қамчинрез», «зурунди зери нохунвор», «гандагӣ», «дилбаумедиҳои дидор», «қавми душманпуштидар», «гӯшбаовоз», «фуки шакида», «ҷони баҷонрасида», «сиёб», «деҳи шалпаршуда», «ғанаб», «тухмии метакхӯрда» ва ғайраро фаровон истифода намудааст.
Инро ҳам бояд гуфт, ки Алимуҳаммад Муродӣ дар шеъраш тахаллуси шоирии худро ба нудрат истифода мекунад. Масалан, дар китоби мавриди назар фақат дар як ғазал тахаллусашро нигоштаасту бас ва он ҳам на дар мақтаъи ғазал, балки дар байти дуюми шеър омадааст:
Лоиқи табъи Муродӣ нест фарзин карданат,
Бо талошу ҷаҳд охир подшо месозамат (с. 15).
Устод Муродиро солҳои ахир аҳли илму адаб ҳамчун шоири деҳқон ном мебаранд ва ин чизро мо дар шеърҳои зерини ӯ низ пайхас мекунем:
Ҷуз сояи каландам ман соябон надорам,
Кӣ дид, ки Муродӣ миннат зи кас кашидаст? (с. 11).
* * *
Оҳанги каланду бел дар шеъри ман аст,
Гулҳои ҳазорхел дар шеъри ман аст.
Ҳамрози дилам ғайри замин нест касе,
Сад гуна ба ин далел дар шеъри ман аст (с. 348).
Шоир дар зери зиёда аз 50 шеъри худ таърихи эҷоди онҳоро дарҷ кардааст, ки аз рӯйи ин санаҳои таърихӣ тадқиқотчиёни оянда марҳалаҳои ҳаёт ва эҷодиёти шоирро дақиқтар ба риштаи таҳқиқ мекашанд.
Боби сеюми китоб аз порашеърҳои шоир ва қисмати чорум аз рубоию дубайтиҳо иборат мебошад. Инчунин, дар пасгуфтори китоб суханони аҳли илму адаб, ки дар васфу ситоиши шеъри Алимуҳаммад Муродӣ гуфта шудаанд, ҷой дода шудааст.
Китоби «Шоми шафақ» беҳ-тарин ашъори Алимуҳаммад Муродиро дар бар гирифтааст.
Раҷабалӣ ХУДОЁРЗОДА,
номзади илмҳои филологӣ