Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи маориф дигаргуниҳои зиёде рух доданд ва тайи ин солҳо бо рушди соҳаи маориф дар дигар соҳаҳо таҳаввулоти азиме ба амал омад.
Яке аз минтақаҳое, ки аз файзи истиқлол баҳраи тамом ёфт, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Як омили равнақу рушди вилоят, бешубҳа, соҳаи маорифи он аст.
Соли 1992 дар вилоят аввалин мактаби олӣ – Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғ нахустин донишҷӯёнро қабул кард. Ҳоло дар ин муассисаи таълимӣ зиёда аз 2 ҳазор толибилм аз минтақаҳои кишвар таҳсил карда истодаанд. Дар ин муддат пойгоҳи моддию техникӣ ва таълимии он таҳким ёфта, имрӯз зиёда аз 80 нафар омӯзгор ба донишҷӯён дарс мегӯянд, ки аз онҳо 15 нафар доктори илм, профессор, 1 нафар академик, 1 нафар узви вобастаи АМИТ, 60 нафар номзади илм ва дотсент мебошанд.
Соли 1995 ба таври муттасил пардохти маоши омӯзгорони вилоят оғоз ёфт. Аз ин баъд муаллимони мактабҳои вилоят сари вақт музди меҳнати худро мегирифтанд. Шояд дар назари баъзеҳо ин рӯйдод он қадар ҷолиб набошад, аммо аслан, рухдоди муҳимест, зеро пардохти саривақтии музди меҳнат аллакай таҳким ёфтани давлатдории тоҷикон ва қудрату нуфуз пайдо кардани онро собит менамояд.
Шуруъ аз ҳамин сол ҳамкорӣ бо баъзе шарикони рушд, аз ҷумла, Эрону шабакаҳои Оғохони 4 ба роҳ гузошта шуд. Дар заминаи ин робитаҳо ба мактабҳои вилоят дафтару қаламу китоб дастрас карда шуд.
Соли 1996 Маркази корҳои тарбиявию беруназмактабии ВМКБ (ҳоло Маркази таҳсилоти иловагӣ) дар шаҳри Хоруғ таъсис ёфт. Барои ба маҳфилҳои он ҷалб намудани хонандагони ҳавасманд қадамҳои нахустин гузошта шуданд. Имрӯз Маркази таҳсилоти иловагии вилоят ба ҷуз маҳфилҳои донишандӯзӣ, маҳфилҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ низ дорад. Дар ин ҷо тоқидӯзӣ, ҷӯроббофӣ, гулдӯзӣ ва дигар касбҳоро аз худ мекунанд.
Соли 1997 Маркази рушди касбии омӯзгорони вилоят ба фаъолият шуруъ намуд, ки баъд Донишкадаи такмили маҳорати касбӣ ном гирифт ва чанд сол пас ин муассиса ба филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисоси кормандони соҳаи маориф дар ВМКБ табдил дода шуд. Бисёр омӯзгорони вилоят дар курсу семинарҳои омӯзишӣ малакаву маҳорат – касбияти омӯзгории худро сайқал доданд. Муассиса на танҳо маркази такмили маҳорати касбӣ, ҳамчунин, муассисаи илмӣ – тадқиқотӣ маҳсуб ёфта, дар он зиёда аз 10 нафар номзади илм ба пажуҳиши масъалаҳои педагогиву методӣ машғуланд.
Соли 1997 аввалин Барномаи инкишофи соҳаи маорифи вилоят қабул гардид. Ҳарчанд дар амалӣ намудани барномаи мазкур камбуди молиявӣ мавҷуд буд, он барои мушаххасан муайян намудани самтҳои асосии рушди соҳа нақши муайян бозид.
Худи ҳамин сол Маркази рушди касбии омӯзгорони вилоят шумораи якуми нашрияи методии омӯзгорони вилоят – “Раҳнамо” – ро дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд аз чоп баровард.
Соли 1998 Маркази рушди касбии омӯзгорони вилоят тавонист, ки доираи фаъолияти худро васеъ намуда, дар як сол 240 нафар омӯзгорро аз курсу семинарҳои такмили маҳорати касбӣ гузаронад.
Соли 1998 баргузории олимпиадаи фаннии мактаббачагон аз нав эҳё шуда, бори нахуст 9 нафар хонандаи мактабҳои вилоят ҷиҳати иштирок дар даври хотимавии олимпиада ба шаҳри Душанбе фиристода шуданд.
Соли 1998 бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин мактаби хусусӣ – литсейи Оғохон дар шаҳри Хоруғ таъсис дода шуд.
Соли 1998 идрорпулии Президентӣ ба хонандаҳои беҳтарини мактабҳои вилоят ҷудо карда шуд. Ин як рухдоди ҳақиқатан бузурги таърихӣ аст.
Таҳияи
Ҷ. УЛФАТШОҲ,
«Омӯзгор»