????????????????????????????????????

ГУЛЕ, КИ ТАРБИЯТ АЗ ДАСТИ БОҒБОН НАГИРИФТ…

Аз таҷрибаи мактабу маориф бисёр хуб медонем, ки донишомӯзон чӣ гуна омӯзгорро дӯст медоранд. Бешак, ҳамон омӯзгоре миёни мактабиён иззату обрӯ дорад, ки донишу ҷаҳонбинии васеъ ва рафтору муносибаташ ибратбахш бошад. Таҷриба нишон медиҳад, ки омӯзгороне, ки дониши кофии назарию амалӣ надоранд, дар роҳи корбурди усулҳои судманди таълим муҳтоҷ мешаванд. Агар чунин савияву фазилат набошад, ҳама гуна барномарезӣ, ва ҷаҳду талош бенатиҷа хоҳад буд ва ба пешрафти мактабу маориф таъсир мерасонад.
Чунончи, Пешвои миллат дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хитоб намуданд: «…агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад».
Ҳамзамон, дар Паёми Президенти кишвар ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дар низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва фаъоли таълим, такмили сатҳи касбии омӯзгорон масъалагузорӣ шуда, таъкид шудааст, ки «Бунёди миллати мутамаддин аз маориф оғоз меёбад».
Зимнан, бояд гуфт, ки давлату Ҳукумат рушди бонизоми соҳаи маориф, мақому манзилати омӯзгор ва фароҳам овардани шароити мусоиду беҳтарро барои наврасону ҷавонон яке аз самтҳои афзалиятнок дониста, барои рушди ин соҳаи муҳимми низоми иҷтимоӣ ҳамаи чораҳои заруриро роҳандозӣ карда истодаанд. Мақсад аз амалӣ сохтани тамоми иқдомот дар самти рушди илму маориф баланд бардоштани сатҳи саводнокию маърифатнокии миллат, мунтазам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замона ҷавобгӯй мебошад.
Дар ҳақиқат, воқеияти имрӯз дар назди мактаб ва омӯзгор масъалаҳои ҷиддиро мегузорад. Шинохти манфиати миллат, худшиносӣ ва хидмати содиқона дар роҳи пешрафт ва ободии диёр масъулияти омӯзгорро дар назди имрӯзу оянда зиёд мекунад. Пайвастагии илму амал дар хонанда шавқи кунҷковӣ фароҳам оварда, ӯро ба шахси комил будан, яъне, ба сӯйи дунёи дониш ва озод зистан раҳнамоӣ мекунад. Инсони огоҳу озод ситампазиру бандаи одамиён намешавад. Ҳар чиро мешунавад ва мехонад, кӯркӯрона намепазирад. Ақлашро ба кор мегирад ва пеш аз он ки ҳарфи касеро бипазирад, андеша мекунад. Агар моҳияти аслии илму дониш ва таҳсилоти асилро ба хонанда расонда тавонем, ӯро инсони комилан дигар месозем. Дигар ӯ асири хурофот намешавад, мо ӯро дониш омӯхта, бо аслиҳаи илм ва мантиқ мусаллаҳ месозем. Вақте ки инсон бо илму дониш мусаллаҳ шуд, дар бораи ҳама чиз дуруст ва саҳеҳ андеша мекунад, бо шуҷоат ва шаҳомат аз ҳақ дифоъ ва бебокона дар зиндагӣ роҳи рост ва дурустро интихоб менамояд. Агар омӯзгор дар раванди таҳсилот ба натиҷаи дилхоҳ муваффақ нашавад, яқин ки хонандаро ба банди нодонӣ гирифтор карда, на танҳо ӯро аз чанголи хурофот ва равияҳои бади ахлоқӣ наҷот намедиҳад, балки аз илму мантиқ дур карда, оташи таассубро дар ботини ӯ меафрӯзад.
Профессор С. Ятимов дар мақолаи таҳлилии фарогири худ таҳти унвони «Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад» (Андешаҳо перомуни Паёми Пешвои миллат) чунин нигоштааст: «Дар ин ҳуҷҷати роҳнамо мавқеъ ва манзалати инсон, маданият ва маърифати ӯ тавассути мактабу маориф – хамирмояи ҷавҳари одамӣ дар шоҳроҳи андешаи миллӣ ва бунёди давлати миллӣ дар ҷойи аввал меистад». Ҳамзамон, муаллифи ин сатрҳо меафзояд, ки «…дар мамлакат шароити воқеӣ барои рушди маорифи миллӣ, асосан, омода шудааст. Аммо омили инсонӣ, масъулияти мудирият дар соҳаи мафкурасозӣ ҷавобгӯи талаботи замон нест. Натиҷаҳои фоҷеабори адами тафаккури миллӣ дар ҷаҳонбинии теъдоди ҳангуфти ҷавонон, пайвастани онҳо ба созмонҳои ифротиву зиддимиллӣ камбуди ниҳоят ҷиддӣ дар муносибатҳои ҷамъиятии ҷомеаи тоҷик — оила, мактаб, донишгоҳ, корхонаҳо ва муҳит зуҳур меёбад. Мебояд таъсиррасонӣ ба ҷаҳонбинии насли наврас, ҷавонон, қишрҳои гуногуни аҳолӣ, на танҳо мувофиқ ва мутаносиб ба таҳдиди душман, балки пурзӯртар аз он бошад».
Аз ин лиҳоз, маҳз омӯзгор метавонад шахсро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамун шавад. Маҳз ба инсонсозии омӯзгор такя намудани Пешвои миллат бояд ҳисси масъулияту ватандӯстиро дар ниҳоди ҳар як омӯзгори кишвар даҳчанд намояд.
Адабиёти гузашта ва имрӯзаи мо низ дар ин равиш намунаҳои пурарзише дорад, ки бояд аз он ба дараҷаи даркорӣ истифода кунем. Чунончи, Ҳофизи нозукбаён гуфтааст:

Гуле, ки тарбият аз дасти боғбон нагирифт,
Агар ба чашмаи хуршед сар кашад, худрӯст.

Акнун бо таваҷҷуҳ дар ташаккули шахсияти инсон ба хубӣ метавон хулоса кард, ки вазифаи омӯзгор то чӣ андоза сангин ва пурмасъулият аст.
Оре, маҳз омӯзгорони эҷодкор, бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар, ки воқеан, тафаккури созанда доранд, метавонанд ояндаи давлату миллат ва ҷомеаро бисозанд.

Ҷамшед БОЙЗОДА,
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон