ДАР ТАРБИЯ ИШТИБОҲ НАКУНЕМ!

Яке аз падидаҳои манфию хатарзои замони имрӯза, ки тамоми давлатҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст, терроризм ва экстремизм ба шумор меравад.
Ифротгароӣ, экстремизм ва радикализми динӣ ҳаракатҳое ҳастанд, ки дар ҷомеа мушкилоти гуногуни иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию фарҳангиро ба вуҷуд оварда, билохира боиси сар задани низоъҳои бардавом, куштори сокинони бегуноҳ, харобу валангор гардидани иншооти бузург дар кишварҳо ва зери хатарҳои вазнин мондани ҳаёти одамон шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон доимо таъкид менамоянд, ки тарбия намудани ҷавонон вазифаи ҳар яки мост. Зеро онҳо ояндаи миллату давлат ҳастанд.
Оид ба мавзуи муқовимат ба экстремизм, терроризм ва ифротгароӣ аз тарафи олимон ва муҳаққиқон таҳқиқотҳои ҷиддӣ анҷом дода шудаанд, ки ҳар яке ба паҳлуҳои гуногуни ин масъала равшанӣ андохта, роҳу воситаҳои баромаданро аз ин мушкили ҷомеаи башарӣ пешниҳод намудаанд.
Имрӯзҳо давлати мо пуриқтидор аст, бо вуҷуди он дар қаламрави кишвар сар задани ҳатто одитарин амали хусусияти иртиҷоидошта ба эътибор ва обрӯи давлат зарба зада, тарсу ҳаросро дар миёни мардум ба амал меорад. Баъзе афрод барои ҳалли мушкилоти худ даст ба ҷиноят мезананд.
Аз ин лиҳоз, талош бояд намуд, ки амнияту тартибот дар саросари кишвар ба таври шабонарӯзӣ таъмин бошад ва дар ягон гӯшаву канори кишвар амали ба терроризму экстремизм шабоҳатдошта сар назанад.
Бояд гуфт, ки роҳбарони гурӯҳҳои террористӣ афроде мебошанд, ки барои бароварда сохтани манфиатҳои шахсиашон амал мекунанд. Онҳо барои содир кардани амалҳои террористӣ дар асоси ақидаҳои бардурӯғи ифротгароёна ва сиёсӣ, тоифаи гумроҳ, бесавод ва бештар ҷавононро ҷалб намоянд.
Мо, худ шоҳиди ҷанги шаҳрвандӣ будем, ки оқибатҳои фоҷиабори он то ҳол аз ёдҳо нарафтаанд.
Таҳқиқоти коршиносон нишон медиҳад, ки аз лиҳози паҳншавии идеологияи тундгароӣ ва назарияи экстремистӣ, муҳити динӣ аз ҳама зиёдтар осебпазир мебошад. Табдил гардидани муҳити динӣ ва аз омилҳои тундгарою мутаассиб ва иртиҷоӣ шудани он, аслан, аз мухолифатҳои назариявии дохилимазҳабӣ, ба қисматҳо ҷудошавии он дар асоси ҳузури исломи ғайрианъанавии сиёсӣ, инчунин, аз нокифоя будани донишҳои динии шаҳрвандон маншаъ мегирад.
Кишварҳои дунёро зарур аст, ки дар мубориза ба терроризм ва экстремизм муттаҳид шуда, бо фароҳам овардани фазои солим боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои умумибашарӣ, дар пешорӯи хатари даҳшатбор истодагарӣ карда, ҷиҳати аз байн бурдани ин зуҳурот фаъолият намоянд.
Дар замони мо телефонҳои мобилӣ яке аз воситаҳои асосии заҳролудсозии мафкураи ҷавонон гардидааст. Мо ҳеҷ гоҳ он ҳодисаҳоеро, ки дар Сурия ба вуқуъ пайвастанд, фаромӯш карда наметавонем. Таассуфовар аст, ки ҳатто дар ин даргириҳои бемаънӣ як идда ҷавонони тоҷик иштирок карда, ҷони худро қурбон карданд.
Ҳар як модар аз фарзанди худ умеди зиёд дорад ва хостори он аст, ки дар айёми пирӣ асои дасташ гардад.
Пас, моро зарур аст, ки фарзандҳоямонро дар руҳияи ватандӯстӣ, дӯст доштани ин марзу бум, талошу кори содиқона парвариш намоем. Агар мо фарзандонамонро дар руҳияи ватандӯстӣ тарбия карда тавонем, бовар дорам, ки фарзандонамон ҳеҷ гоҳ роҳи нодурустро интихоб намекунанд.
Дилафрӯз САИДОВА,
мудири кафедраи забон ва
адабиёти тоҷики коллеҷи омӯзгории ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ