РУШДБАХШИ ШАХСИЯТ

2-юми ноябри соли 2022 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» қабул гардида, 24-уми декабри соли мазкур аз ҷониби Президенти кишвар ба тасвиб расид, ки аз ҷумлаи чораҳои саривақтии роҳбарияти ҳукумати кишвар маҳсуб мешавад.
Дар замони муосир ватандӯстӣ манбаи рушди шахсият, ҷомеа ва давлат мебошад. Аз ин лиҳоз, зарур донистем якчанд нуктаи муҳимро, ки ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» тааллуқ дорад, мавриди шарҳу тавзеҳ қарор диҳем. Қонуни мазкур аз 5 боб ва 21 модда таркиб ёфтааст. Боби нахустини қонун «Муқаррароти умумӣ» унвон дошта, мафҳумҳои асосии дар қонун истифодашударо шарҳ медиҳад. Дар моддаи 2-и он моҳияти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон тафсир шудааст.
Боби дувуми қонун «Сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» унвон дошта, дар доираи даҳ моддаи ин боб (моддаҳои 3-12) мақсад ва вазифаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, принсипҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалӣ кардани сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, танзими ҳуқуқии муносибатҳо дар соҳа, низоми тарбияи ватандӯстӣ, мақсад ва вазифаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва амсоли инҳо мавриди танзим қарор гирифтаанд. Инчунин, дар моддаи 4-и қонуни мавриди назар муқаррар шудааст, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба принсипҳои муносибати мураттаби ташкилӣ асос меёбад.
Моддаи 5-и қонун вобаста ба субъектҳои мақомоти давлатӣ ва мақомоти дигаре, ки идоракунии соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандонро амалӣ мекунанд, ин нуктаро мушаххас кардааст, ки коллективҳои корӣ, эҷодӣ, илмӣ, ҳарбӣ ва ғайра, муассисаҳои таълимию фарҳангӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятию давлатии шаҳрвандон ва ҳамватаноне, ки берун аз марз иқомат доранд, ташкилотҳо (иттиҳодияҳо)-и динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, воситаҳои ахбори омма, оила ва шаҳрвандон субъектҳои ин соҳа мебошанд.
Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти амалӣ кардани сиёсати давлатӣ ва ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар моддаҳои 6 ва 7-и қонун мавриди танзим қарор гирифта, пешбурди сиёсати давлатӣ, муайян кардани мақоми ваколатдори давлатӣ, тасдиқи дурнамо, консепсия, стратегия ва барномаҳои давлатӣ, ташаккул додани заминаи меъёрии ҳуқуқии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро фаро мегиранд.
Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон дар моддаҳои 8-9-и қонун зикр гардида, дар моддаи 10-и қонуни мазкур муносибатҳое, ки соҳаи тарбияи ватандӯстиро аз нигоҳи ҳуқуқӣ танзим менамоянд, мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар банди аввали моддаи 11, ки «Низоми тарбияи ватандӯстӣ» унвон дорад, мақсади ташкили низоми давлатии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон зикр шудааст.
Боби 3-и қонун таҳти унвони «Таъмини фаъолият дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» масоили тартиберо, ки бо иттилоот дар бораи ба тарбияи ватандӯстӣ тааллуқ дорад, таъмин кардани шаҳрвандон, таъмини илмӣ ва таълимию методии тарбияи ватандӯстӣ, таъмини меъёрию ҳуқуқии фаъолият дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, таъмини ташкилию методии тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, таъмини идора кардани низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, омода намудан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо барои низоми тарбияи ватандӯстӣ, таъмини молиявӣ-иқтисодии тарбияи ватандӯстиро фаро мегирад.
Боби 4-и он таҳти унвони «Танзими давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» фарогири як модда (моддаи 19) буда, тибқи банди дувуми ин модда танзими давлатӣ ва идоракунӣ дар соҳаи сиёсати давлатӣ оид ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон аз таҳлил, арзёбӣ, пешгӯӣ ва тарҳсозии вазъи кори низоми тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон бо дарназардошти тамоюлҳои рушди ҷомеа, муайян кардан ва масъалагузории вазифаҳои ҷорӣ ва ояндаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, банақшагирии тарбияи ватандӯстӣ, интихоб, омӯзиш ва ҷобаҷогузории кадрҳо, таҳлили вазъ ва таъсирбахшии кори тарбияи ватандӯстӣ ва мунтазам иттилоъ додани мақомоти давлатӣ аз рафти амалисозии вазифаҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, таъмини дастгирии давлатии субъектҳои тарбияи ватандӯстӣ бо захираҳои зарурии таълимӣ, воситаҳо, ҳамчунин, усул ва технологияҳои пешқадами тарбияи ватандӯстӣ бо ҳамаи категорияҳои шаҳрвандон иборат аст.
Вобаста ба татбиқи нуктаҳои қонуни мазкур ва ҷиҳати тақвияти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, хусусан, донишҷӯён, метавон, роҳу усулҳоеро истифода намуд, ки дар амал татбиқ кардани онҳо аз манфиат холӣ нест. Аз ҷумла, ин пешниҳодро ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳ ба назари масъулини соҳа ҳавола менамоям. Пешниҳод ин аст, ки Вазорати мудофиаи кишвар дар робита ба талаботи Қонуни мазкур таҳия ва баргузор намудани чорабинии “Рӯзи дарҳои кушод”-ро ба нақша гирад. Дар доираи имконоти мавҷуда дар минтақаҳои қисмҳои ҳарбӣ бобати шиносоӣ бо рӯзгори сарбозон чорабиниҳо ташкил карда шаванд. Дар ин сурат ҳама шаҳрвандон, хоссатан, донишҷӯёну ҷавонон дар қисми ҳарбӣ бо ҳаёти ҳаррӯзаи афсарону сарбозон ошно шуда, эҳсоси ватандӯстияшон афзун мешавад. Ба ин васила эҳсоси ҳифзи Ватан-Модар, ифтихори сарбоз будан, паси сар кардани мактаби мардонагӣ ва амсоли инҳо низ дар қалби ҳар як ҷавон, хусусан, донишҷӯе, ки бо ин мактаби садоқату мардонагӣ ошно мешавад, бештар мегардад. Дар иҷрои ин амал метавон Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҳайси масъули иҷрои талабот қабул намуд, ки дар ҷалби доираи насли ҷавон ба ин маърака дорои имконоти зиёд аст.
Дар ниҳояти сухан ин нукта қобили зикр аст, ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватан-дӯстии шаҳрвандон» дар шароити зуҳури омилҳои хатарноки замони муосир, аз ҷумла, терроризму экстремизм, дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, таассуби динӣ ва бегонапарастӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, тақозои замон буда, масъулияти мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро дар рушду инкишофи кишвар, ҳифзи манфиатҳои умумимиллию умумидавлатӣ баланд мебардорад. Қонуни мазкур ҳамчунин, барои ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқии самти тарбияи ватандӯстӣ, ҷанбаҳои фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа, бахусус, дар байни наврасону ҷавонон имконоти нав ба вуҷуд меорад.

Аҳлиддин ИБОДУЛЛОЗОДА
ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон
ба номи Садриддин Айнӣ